ЮЛИЯ ТИМОШЕНКО БА ИТТИҲОМИ СӮЙИСТИФОДА АЗ ҚУДРАТ МУҲОКИМА ШУД
Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи Укроин, дар иртибот бо иттиҳомоти марбут ба сӯйиистифода аз қудрат дар замони нахуствазирӣ, ба додгоҳ рафтааст. Хонум Тимошенко, ки аз чеҳраҳои шохиси инқилоби норинҷии Укроин дар соли 2004 ба шумор меравад, муттаҳам шудааст, ки дар соли 2009 аз маҳдудаи ихтиёроти худ фаротар рафтааст ва дар шароите, ки дар Русия барои муддате арзаи гози табиъӣ ба Укроинро мутаваққиф карда буд, як қарордоди гозӣ бо ин кишвар имзо кардааст.
Гуфта мешавад, ки ин қарордоди гозӣ бо Русия боъис шуд Укроин манобеъи молии қобили таваҷҷуҳеро аз даст бидиҳад. Хонум Тимошенко иттиҳомеро, ки алайҳаш матраҳ шудааст, рад карда ва тарҳи онҳоро навъе интиқом аз сӯйи Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии кунунии Укроин, хондааст.
Хонум Тимошенко рақиби Виктор Янукович дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Укроин дар соли 2010 буд ва танҳо бо ихтилофи каме раёсати ҷумҳуриро ба ӯ вогузор кард. Хонум Тимошенко аз додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо хостааст, то баррасӣ кунад, ки оё тарҳи иттиҳомот алайҳи ӯ ангезаҳои сиёсӣ доштааст ё на.
"Намоиши бехуду хандадор"
Ҳудуди як ҳазор нафар аз ҳаводорони хонум Тимошенко дар муҳавватаи беруни додгоҳ маҳалли муҳокимаи ӯ дар Киев, пойтахти Укроин ва дар муҳосираи нерӯҳои пулис ҷамъ шуда буданд. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, хонум Тимошенко ба қозии додгоҳ гуфтааст, ки "ин, як намоиши бехуд ва хандадор аст, на маҳзари додгоҳ"
Бозрасони парвандаи хонум Тимошенко мегӯянд, ки "ӯ бо имзои қарордоде даҳсола барои хариди гози табиъӣ аз Русия ба қимате бисёр боло ва вайронгар барои иқтисоди Укроин мувофиқат кардааст." Онҳо ҳамчунин мегӯянд, ки хонум Тимошенко барои имзои ин қарордод таъйиди ҳайъати давлатро нагирифта будааст.
Ин аввалин боре нест, ки иттиҳомоте алайҳи нахуствазири собиқи Укроин матраҳ мешавад. Дар моҳи декабр хонум Тимошенко муттаҳам шуд, ки маблағи 320 милюн юруро, ки давлати Укроин аз маҳалли фурӯши саҳмияи тавлиди гозҳои гулхонаии ин кишвар дарёфт карда буд, ба таври ғайриқонунӣ ҷобаҷо кардааст.
Мақомоти расмии давлати Омрико ва Иттиҳодияи Урупо иттиҳомотеро, ки алайҳи хонум Тимошенко ва теъдоде аз муттаҳидонаш матраҳ мешавад, маҳкум кардааст. Дар парвандаи хонум Тимошенко дархости 8 то 10 соли зиндон барои ӯ матраҳ шудааст ва дар сурате, ки ӯ муҷрим шинохта шавад, нахоҳад тавонист дар интихоботи порлумонии Укроин дар октябри 2012 ва низ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии баъдӣ дар соли 2015 ширкат кунад.
Би-Би-Си