ОЛМОН ХОСТОРИ ОЗОДИИ МУСАВӢ ВА КАРРУБӢ ШУД
Баландпоятарин мақоми ҳуқуқи башари Олмон, Эронро тарғиб кардааст Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ раҳбарони мухолифонро озод кунад. Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" Моркус Леунинг, кумиссари ҳуқуқи башари Олмон рӯзи панҷшанбе (14 июл) гуфт, ки ин ду нафар "бидуни мабнои ҳуқуқӣ дар маконе номаълум нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳеҷ тамосе бо ҷаҳони хориҷ надоранд."
Ӯ хостори озодии ин ду нафар ва "соири зиндониёни сиёсӣ" дар Эрон шуд. Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ, номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1388, давлати Эронро ба тақаллуб дар интихобот муттаҳам карданд. Маҳмуди Аҳмадинажод барандаи он интихобот эълом шуд, ки бо тазоҳуроти густардаи раъйдиҳандагоне рӯбарӯ шуд, ки натоиҷро қабул надоштанд.
Он ду нафар аз баҳманмоҳи гузашта замоне, ки хостори тазоҳуроте дар эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми Миср ва Тунис шуданд, таҳти ҳабс қарор гирифтанд. Тазоҳуроти 25 баҳман, ки бо саркӯби нерӯҳои давлатӣ рӯбарӯ шуд, охирин таҷаммуъи бузурги мухолифон буд. Ҳаводорони онҳо мегӯянд, ки Мусавӣ ва Каррубӣ ва ҳамсаронаш амалан зиндонӣ ҳастанд, иттиҳоме, ки давлат рад мекунад.
Дар панҷ моҳе, ки аз ҳабси ин чаҳор нафар мегузарад, тамосҳои онҳо дар мавориди маъдуд фақат ба аъзои хонавода маҳдуд будааст. Ҳафтаи пеш Эҳтиромуссодот Наввоб Сафавӣ, модари Заҳро Раҳнавард, гуфт бо духтараш ва Мирҳусейни Мусавӣ дидор кардааст. Хонум Сафавӣ бо таваҷҷуҳ ба "ранги паридагӣ ва лоғарии шадиду ногаҳонӣ" нисбат ба вазъи онҳо ибрози нигаронӣ кардааст.
Анҷумани исломии ҷомеъаи пизишкии Эрон низ ин ҳафта бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти саломатии Мусавӣ ва Каррубӣ, хостори муъойинаи онҳо тавассути "пизишкони мустақил" шуд. Ин анҷуман тайи баёнияе, ки дар сойтҳои "Калима" ва "Ҷарас" мунташир шуд, "ҳабси хонагии" Мусавӣ ва Каррубӣ ва ҳамсаронашонро ғайриқонунӣ дониста ва хостори рафъи он шуд.
Анҷумани исломии ҷомеъаи пизишкӣ, аз ташаккулҳои сиёсии дорои муҷаввиз фаъолият аз кумиссиюни модаи 10- аҳзоб аст, ки ба ҷиноҳи ислоҳталабон гароиш дорад ва тайи ду соли гузашта бархе аъзои он дар маърази боздошт ва фишорҳои амниятӣ қарор гирифтаанд. Дархостҳои дигаре низ дар дохили Эрон барои озодии ин чаҳор нафар вуҷуд дошта, ки аз сӯйи муҳофизакорон рад шудааст.
Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон, чанде пеш хостори озодии зиндониён ва фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоъӣ ва лағви ҳабси раҳбарони мухолифони давлат шуда буд. Аммо Муҳаммад Набӣ Ҳабибӣ, дабири кулли ҳизби муъталифаи исломӣ, аз ҳизби муҳофизакори суннатӣ дар Эрон, пешниҳоди Муҳаммад Хотамиро рад кард.
Би-Би-Си