13:21:29 01-уми Июли 2025 сол

НОРВЕГИЯ: ГУМОНБАР МАСЪУЛИЯТИ ҲАМЛАҲОРО БА ӮҲДА ГИРИФТ

Андерс Беринг Брейвики 32-сола масъулияти ҳамлаҳои террористӣ дар Нoрвегияро ба дӯш гирифтааст. Вакили мудофеи марди гумонбар ба ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъа дар Норвегия, ки 92 кушта бар ҷой гузошт, мегӯяд, ки боздоштшуда масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтааст.

/images/stories/2011/07/24_anders-bering_45545.jpgҶейр Липестад, вакили мудофеъ аз телевизиони Норвегия гуфт, гумонбар Андерс Беринг Брейвик, ки марди норвегӣ аст, масъулиятро қабул дорад. Брейвик 32 сола аст ва пулис ӯро рӯзи ҷумъа баъд аз тирандозӣ ва куштори 85 нафар дар урдугоҳи тобистонаи ҷазираи Утоя ва куштори 7 нафари дигар дар маркази Осло дар як бамгузорӣ боздошт кард.

Гуфта мешавад, ки Брейвик бо изҳороте иртибот дорад, ки муттааллиқ ба бунёдгароёни масеҳии дастиростӣ ва зидди исломӣ мебошад. Ин хунрезиро дар саросари ҷаҳон маҳкум карданд. Рӯзи шанбе Шӯрои Амнияти Созмони милали муттаҳид эъломияе пахш ва ин ҳамлаҳоро амали “террористӣ” номид.

Сарвазири Норвегия, Йенс Столтенбергду ҳамлаи террористӣ дар кишвараш ва ҳалокати беш аз навад нафарро дар онҳо "фоҷиаи миллӣ" номид. Вай гуфт, ки ин бузургтарин талафоти мардумаш аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум то имрӯз аст.

Пулис мегӯяд, рӯзи ҷумъа, 22-юми июли соли ҷорӣ, дар тирандозӣ ва дар инфиҷори бомбе дар Норвегия дастикам 92 нафар кушта шудаанд. Бино ба охирин маълумот, дар тирандозии марди мусаллаҳ дар ҷазираи Утоя дар урдугоҳи ҷавонон 85 нафар ба ҳалокат расидаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ