18:54:59 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АЛИАКБАРИ СОЛЕҲӢ: «ЭРОН БАРНОМАИ ҲАСТАИИ ХУДРО МУТАВАҚҚИФ НАМЕКУНАД»

Алиакбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизионии Русия эълон кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барномаи ҳастаии худро мутаваққиф намекунад.

/images/stories/2011/07/28_aliakbar-solehi_18.07.2011.jpgТибқи хабаргузории ИРНО Солеҳӣ рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи арабизабон гуфт: - «Ҳама бояд ин воқеиятро бипазиранд, ки барномаи ҳастаии Эрон ба марҳилае расидааст, ки наметавон онро мутаваққиф кард, ё ба қафо боз гардонд».

Оқои Солеҳӣ хотирнишон кард: «Дар Эрон фановариҳои ҳастаӣ яке аз бахшҳои бунёдӣ ва саноӣ шуда ва маркази он дар саросари кишвар пароканда аст».

Вай афзуд: «Пас аз он ки ҳазорон дошнишманди ҳастаиро омӯзиш дода ва ба хадамот гирифтаем, ғарб чӣ тавр метавонад барномаи ғанисозии урани моро мутаваққиф кунад? Онҳо бояд бидонанд, ки ин як воқеият аст».

Вазири умури хориҷа гуфт: «Инро як озмун барои худ ва шикебоӣ ва таҳаммул дар баробари мушкилот талқин мекунем. Ва ҳеҷ гуна фишор ва таҳдид наметавонад истиқлол ва ҳаққи ҳокимияти моро маҳдуд кунад».

Солеҳӣ дар идомаи мусоҳибааш дар бораи роҳандозии нирӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр гуфт: «Ин нирӯгоҳ дар ояндаи наздик дар ҳолати озмоишӣ оғоз ба кор хоҳад кард ва барқро тавлид ва ба мадори миллии барқи Эрон ворид мекунад».

Вазири умури хориҷаи Эрон Алиакбари Солеҳӣ талошҳои Русия дар заминаи эҳдос ва роҳандозӣ ба нерӯгоҳи ҳастаии Бушаҳро мусбат арзёбӣ кард. Солеҳӣ гуфт: «Русия ҳамсояи муҳими Эрон аст ва ду кишвар ба як дигар ниёз доранд».

Вазири умури хориҷаи Эрон дар поёни ин мусоҳиба гуфт, ки бо баёни ин ки эҳтимол Русия нигарони он аст, ки Эрон ба ҳавзаи нуфузи Ғарб боз гардад, гуфт: «Ин вазъият ҳеҷ гоҳ рух нахоҳад дод ва ман бо хушбинӣ ба дурнамоии равобити Эрон ва Русия менигарам».  

Манбаъ: Хабаргузории «Ирно»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi