13:42:14 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ТЕРРОРИСТИ НОРВЕГӢ БО КӮМАКИ ТОҶИРИ АНГЛИС СИЛОҲ ВА БОМБ ТАҲИЯ КАРДААСТ

Хабаргузории «Форс» бо такя ба як ҳафтаномаи англисӣ гузориш медиҳад, ки тоҷири англис ба қотили норвегӣ кӯмак кардааст, то силоҳҳои мавриди ниёзи худро таҳия кунад.

/images/stories/2011/07/31_terror-norvegia_31.07.2011.jpgТибқи хабаргузории «Форс» ба нақл аз ҳафтаномаи Sunday Telegraph тоҷирони англис таҷҳизоти калидиро, ки Андерс барои сохтани маводи тарканда ниёз дошт, дар ихтиёри вай қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш Андерс аз тоҷироне, ки дар сомонаи хариди онлайн «eBay» аз саросари ҷаҳон аз ҷумла Англия фаъол буданд, муҳимоти лозима барои тирандозӣ дар ҷазираи Утояро харидорӣ кард ва ҳамчунин маводи химиёвӣ барои сохтани бомбаро, ки дар Осло мунфаҷир кард, аз ҳамин тариқ ба даст овардааст.

Вай дар ёддошти 1500 саҳифагие, ки қабл аз ҳамлаҳои террористиаш рӯи саҳифаи Интернет қарор дода буд, таъкид кардааст, ки «eBay» дӯсти шумост.

Sunday Telegraph дар таҳқиқи ба баррасии ҳазорон додугирифти онлайнӣ барои мушаххас кардани харидҳои Андерс дар тайи як давраи ҳафтмоҳа пардохтааст. Бар асоси ин таҳқиқот моддаи аслии барои сохти бомба аз як тоҷири англис бо қиммати хело арзон харидорӣ карда ва ҳамчунин аз як ширкати англисии дигар асбобҳои таҷҳизотиро ба Андерс фурӯхтааст, ки ӯ барои сохтани гулӯлаҳои масмум истифода бурдааст.

Ҳамчунин як англисӣ мустақар дар Амрико ба қотили норвегӣ либоси махсуси кор бо маводи химиёвӣ фурӯхт то вай битавонад маводи химиёвиро барои сохтани бомба истифода кунад.

Ба навиштаи Sunday Telegraph ин харидҳои интернетӣ боиси барангехта шудани саволоти мабнӣ бар ин шудааст, ки оё имкони ин амр вуҷуд дошт, ки битавон бо назарот бар хариди онлайни вай аз вуқӯъи чунин ҷиноят ҷилавгирӣ кард.

Ба назар чунин мерасад, ки сервисҳои амниятии Норвегия дархости Андерс дар "eBay"-ро ҳангоме, ки номаш дар феҳрасти контроли иттилоотӣ ва амниятӣ дар ҳудуди чаҳормоҳи қабл, яъне пас аз он ки маводи химиёвиро барои сохтани бомба аз як ширкати лаҳистонӣ таҳия кард, нигоҳ накардааст.

Андерс ҳамчунин эътироф кардааст, ки ду таркиши дигар дар дафтари марказӣ ҳизби сотсиал-демократии Норвегия ва ҳамчунин қасри шаҳри Ослоро барномарезӣ карда буд.

Рӯзномаи «VG»-и чопи Осло ба нақл аз мақомоти пулиси ин шаҳр бо интишори ин хабар иттилоъ додааст, ки вакили мудофеи Андерс гуфтааст, ки муттаҳам барои нахустин бор рӯзи ҷумъа 29-уми июл аз шумори гузаштагони амалиёти террористии худ огаҳ шуда, аммо ҳеҷ вокунише нисбат ба шумораи кушташудагон аз худ нишон надодааст.

Яке аз сухангӯёни пулиси Норвегия гуфтааст, ки дар ҷараёни бозҷӯӣ аз Андерс ӯ ба таври куллӣ дар бораи аҳдофи дигаре ҳам сӯҳбат кард.

Манбаъ: Хабаргузории «Форс»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi