13:38:15 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ФАРҲОДИ ДАРЁ, ИНТИХОБОТ ВА ТОЛИБОН

Тибқи як хабари бахши форсии Би Би Си ахиран Шӯрои уламои Афғонистон аз мухолифини ҳукумати ин кишвар хостааст, ки аз ҷанг даст бикашанд ва дар интихоботи пешорӯ ширкат кунанд.

Ин Шӯро аз афроди вобаста ба гурӯҳи Толибон, Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр ва шабакаи Ҷалолиддини Ҳаққонӣ хостааст, ки дар ин интихобот ширкат кунанд. Шӯрои уламои Афғонистон дар ҳоле мухолифини ҳукуматро даъват ба мусолеҳа кардааст, ки онон муборизаи мусаллаҳонаи хешро зидди ин ҳукумат густариш додаанд. Пештар аз ин гурӯҳи Толибон, ки амалан алайҳи нирӯҳои хориҷӣ ва афғон меҷанганд, ҳушдор дода буданд, ки монеаи баргузории интихобот дар Афғонистон хоҳанд шуд. 

Фазлулҳодии Шинворӣ Раиси Шӯрои уламо дар як конфоронси хабарӣ дар Кобул аз гурӯҳҳои мухолифи давлат хостааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятӣ ширкат кунанд. Оқои Шинворӣ хитоб ба мухолифон гуфтааст: «Биёед эй муллоҳо, биёед эй ҳизбиҳо, биёед эй мухолифон, шумо мусалмон ҳастед. Биёед роҳи сулҳро ба мо нишон диҳед».

Ӯ афзуд: «Ҳеҷ ҷавозе барои рехтондани хун вуҷуд надорад, ин дархост аз ҷониби мо се ҳазор олим аз сиву чаҳор вилояти Афғонистон ба шумо ироа мешавад ва аз шумо мехоҳем то ин дархостро бипазиред».

Оқои Шинворӣ, ки аз соли 2001 то 2005 милодӣ Раиси қувваи қазоияи Афғонистон буд, ҳамчунин аз нирӯҳои афғон ва хориҷӣ хост, ки заминаро барои ширкати мухолифон дар интихобот ҳамвор кунанд. Ва муҳофизати ҷони онҳоро тазмин кунанд.

Оқои Шинворӣ аз нирӯҳои хориҷӣ ҳамчунин тақозо кард, ки аз ҳаргуна мудохила дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон худдорӣ намоянд. Дар се моҳи ахир ин дуввумин борест, ки Шӯрои уламои Афғонистон хоҳони ширкати мухолифони ҳукумат дар интихобот мешавад.

Пеш аз ин Шӯрои уламои Афғонистон гуфта буд: «Дар сурате, ки мухолифон ба ин пешниҳоди онҳо посухи мусбат диҳанд, ин шӯро барои оғози гуфтугӯҳо миёни давлат ва мухолифон ҳозир ба миёнҷигариҳо хоҳад шуд». 

Давлати Афғонистон ва Созмони Милал низ дар гузашта борҳо талош кардаанд, аз тариқи ҷалби ҳамкории гурӯҳҳои мухолиф ва ташвиқи онон ба ширкат дар интихобот, нигарониҳои амниятӣ дар ин заминаро коҳиш диҳанд. Аммо гурӯҳи Толибон таваҷҷӯҳи каме ба ин дархостҳо кардаанд.

Аз ҷониби дигар Фарҳоди Дарё овозхони афғон дар як нишасти хабарӣ аз тамоми афғонҳо хоста, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилояти, ки то даҳ рӯзи дигар дар Афғонистон баргузор мешавад, ширкат кунанд. 

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi