ОБАМА БУЗУРГТАРИН ТАҲДИД БАРОИ АМРИКО МАҲСУБ МЕШАВАД
Фармондори иёлоти Техаси Амрико, ки ба тозагӣ хабари ширкати худ дар интихоботи президентии соли 2012-и Амрикоро эълом кардааст, президенти кунунии Амрикоро бузургтарин таҳдиди кишвар тавсиф кард.
Тибқи хабаргузории «Форс» ба нақл аз рӯзномаи англисии «Телеграф», Рик Перри фармондори ҷумҳурихоҳи иёлоти Техас ва номзади интихоботи президентии соли 2012-и Амрико бо ишора ба ин ки Барак Обама президенти Амрико, бузургтарин таҳдид барои Амрико маҳсуб мешавад, аз Обама хост то ҷойи худро ба фармондеҳи кулли қувваи ҷадиде бидиҳад, ки алоқаи шадиде ба Амрико дошта бошад.
Перри ба дунболи эъломи авохири ҳафтаи гузаштаи худ барои ширкат дар интихоботи президентии Амрико дар аввалин интиқодоти худ аз Обама эълон кард: «Низомиёни зан ва марди амрикоӣ ҳақиқатан хостори ҳузури касе шабеҳи худашон дар Кохи сафед ҳастанд».
Фармондори ҷумҳурихоҳи Техас идома дода, мегӯяд: «Биравед аз кӯҳнасарбозони амрикоӣ бипурсед, ки оё авлавият медиҳанд, шоҳиди ҳузури касе бошанд, ки ҳеҷ гоҳ ба унвони фармондеҳи кул амал накардааст?»
Перри дар бораи шахси Обама гуфт, ки президенти Амрико ин фурсатро дошт, ки ба кишвараш хидмат кунад. Ман мутмаъин ҳастам, ки дар бархе аз замонҳо ӯ тасмиме гирифта, ки мутобиқ бо он чи мехост анҷом бидиҳад, набудааст.
Ин номзад дар идомаи сӯҳбатҳояш шахсияти Обамаро масъули вуҷуди мушкилоти иқтисодии Амрико унвон карда, гуфтааст: «Ҳақиқат ин аст, ки ҳудуди тақрибан се сол ин ҷониб, президенти Амрико фурсатҳои шуғлии Амрико, ҷойгоҳи мо дар ҷаҳон, суботи молӣ, эътимод ба нафс ва умеди фарзандони мо ба доштани ояндаи беҳтарро коҳиш додаст».
Перри гуфт, ки аз шаш як амрикоӣ, ки шароити кор доранд, наметавонанд як шуғл тамоми вақт дошта бошанд, ки ин нишондиҳанда, беҳбуди вазъияти иқтисодӣ нест, балки як фоҷеаи иқтисодӣ аст.
Номзади президентӣ аз Тихас бо ишора ба ин ки Обама бузургтарин таҳдид барои Амрико маҳсуб мешавад, гуфт ончӣ дар Вашингтон ҷараён дорад, ба таври хиракунандаи номатлуб аст.
Ин изҳороти Перри дар бораи Обама дар шароите матраҳ шуд, ки ҷадидтарин назарсанҷиҳои муассисаи Расмуссен нишон медиҳад, дар муқоиса бо ҳимояти 18 дарсадии Роман Мит ва ҳимояти 13 дарсадии Митчелл Бочман, фармондори Техас бо касби 29 дар сад оро дар садри ҷадвали ҳимоятии номзадҳои ҷумҳурихоҳ қарор дорад.
Перри хитоб ба Обама эълом кард, ки ҷаноби президент, шумо бояд коркунони ин кишварро барои шуғли овоздиҳӣ боз бигзоред ва аз қавонине, ки монеаи эҷоди фурсатҳои шуғлӣ дар Амрико мешаванд, даст бикашед.
Манбаъ: Хабаргузории «Форс»