08:59:15 29-уми Апрели 2025 сол

ОДАМРАБОӢ ДАР КАРОЧӢ АФЗОИШ МЕЁБАД

Осиф Алӣ Зардорӣ президенти Покистон, бо идомаи раванди даргириҳо ва дар пайи кушта шудани 10 нафари дигар дар хушунатҳои имрӯзаи Карочӣ, дастури баргузории нишасти амниятии фаврӣ ва зарурӣ барои баррасии вазъияти бӯҳронии ин шаҳрро содир кард.

/images/stories/2011/08/19_zardori_19.8.2011.jpgТибқи хабаргузории «Ирно» ба нақл аз сухангӯи президенти Покистон, Зардорӣ бо эъломи баргузории нишасти амниятӣ бо ҳузури вазири корҳои дохилаи Покистон, вазири корҳои дохилаи вилоятҳо, сарвазир ва фармондори вилоёт, дастур дод, ки бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти бӯҳрони амниятии пешомада дар Карочӣ, нерӯҳои давлатӣ бо талош ва пайгириҳои босамар иҷозаи ҳеҷ гуна иқдоми худсаронаро ба харобкорон ва террористҳо алайҳи мардуми ин шаҳр надиҳанд.

Бар асоси гузориши расонаҳо, гурӯҳҳои ёрирасон дар шаҳри Карочӣ бо ёфтани даҳ ҷасад аз афроди ношинос, онҳоро ба сардхонаи бемористонҳои маҳаллӣ интиқол доданд.

Ба таҳқиқ ва баррасии нерӯҳои пулис, мушаххас шуд ашхоси ёфташуда, муттаалиқ ба афроде аст, ки тайи чанд рӯзи гузашта тавассути афроди ношинос дар Карочӣ рабуда шудаанд.

Сайидюсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, бо судури дастурамали вижа барои муқобила алайҳи гурӯҳҳои ҷинояткор ва террорист дар Карочӣ, Раҳмон Молик, вазири корҳои дохиларо ба шаҳри Карочӣ эъзом кард, то вай бо эҷоди ҳамоҳангӣ байни созмонҳо ва нерӯҳои амниятӣ дар муқобила бо ин гурӯҳҳо мавқуф ба хомӯш кардани оташи бӯҳрон дар Карочӣ шаванд.

Гелонӣ ҳамчунин имрӯз дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо ишора ба судури дастуроти ҷадид гуфт: «Набояд дар боздошти омилон ва ҷинояткорон нофармонӣ дар вазоифи қонунӣ дида шавад».

Аз сӯи дигар Алтоф Ҳусейн, раҳбари Ҷунбиши Муттаҳиди Қавмӣ низ дар паёме аз Лондон бо изҳори нигаронии худ нисбат ба авзоъи ноамни Карочӣ ва рабуда шудани мардум дар ин шаҳр хотирнишон кард: «Террористҳо илова бар иқдомоти харобкорона, қатл ва даргириҳои хушунатомез, имрӯз иқдом ба одамрабоӣ ва куштани мардуми бегуноҳ мекунанд, ки ин иқдоми шайтонии онон мардуми Карочиро беш аз пеш ошуфта кардааст».

Вай аз нерӯҳои амниятӣ ва низомӣ хост то сареъ ба мавзӯи ноамнӣ дар Карочӣ поён диҳанд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ