ҚАЗЗОФӢ ЛИБИЯРО ТАРК НАКАРДААСТ
Дабири кулил Ҷунбиши миллии Либия, дар гуфтугӯ бо хабаргузории «Форс», эълом карда, ки Қаззофӣ Либияро тарк накардааст ва танҳо ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки аз Таробулс гурехта бошад.
Тибқи ҳамин гузориш, Дабири кулли Ҷунбиши миллии Либия, дар гуфтугӯ бо хабарнигорони байналмилалии хабаргузории «Форс», дар бораи охирин таҳаввулоти Либия ва ҳамчунин сарнавишти Қаззофӣ гуфт: «Дар сурате, ки Қаззофӣ дастгир шавад, ба далели ҷиноятҳое, ки дар Либия муртакиб шуд, муҳокима хоҳад шуд ва ин муҳокима дар додгоҳ одилона хоҳад буд ва ӯ дар ин додгоҳ хоҳад тавонист, ки аз худ дифоъ кунад. Дар ин додгоҳ ба Қаззофӣ зулм нахоҳад шуд ва танҳо ба далели ҷинояте, ки алайҳи мардуми Либия муртакиб шудааст, муҳокима хоҳад шуд. Аммо агар вай пинҳон шуд, бо он ки ба кишвари дигаре гурехт, таҳти пайгард қарор хоҳад гирифт, вай аз сӯи додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ таҳти пайгард аст ва дастгир хоҳад шуд ва муҳокима мешавад».
Вай дар мавриди хабарҳое дар бораи пинҳон шудан ё гурехтани Қаззофӣ ба дигар кишварҳо гуфт, ки ҳанӯз хабари дақиқ дар бораи маҳалли иқомати Қаззофӣ ё он ки фарори вай ба дигар кишварҳо, вуҷуд надорад. Аммо аз он ҷое, ки фарзандонаш дар Таробулс буданд, мӯътақидам, ки вай ҳанӯз дар Либия аст ва ба эҳтимоли зиёд Тароблусро тарк кардааст. Ман мӯътақидам, ки вай ҳанӯз аз Либия хориҷ нашудааст.
Дабири кулли Ҷунбиши миллии Либия ба идомаи ин мусоҳиба ба охирин авзоъи шаҳри Таробулс пардохт.
Вай гуфт, ки: «Метавон гуфт, ки инқилобгарон, контроли шаҳри Таробулсро дар даст гирифтаанд, аммо ҳамчунон гурӯҳҳои вобаста ба Қаззофӣ дар манотиқе мустақар буда ва ба муқовимат мепардозанд».
Ҳамчунон қайд намуд, ки бархе аз гурӯҳҳои вафодори Қаззофӣ дар манотиқе боқӣ хоҳанд монд, аммо ин гурӯҳҳои кӯчак нахоҳанд тавонист таҳдиде барои инқилоби мардуми Либия эҷод кунанд.
Ин дар ҳолест, ки сухангӯи мухолифони режими Қаззофӣ, ба шабакаи хабарии «Алҷазира» эълом карда, ки нерӯҳои Қаззофӣ ҳамчунон дар Таробулс дар ҳоли ҷанг ҳастанд ва ин нерӯҳо бар 15 то 20 дарсад аз шаҳрро зери контроли худ доранд.
Аз сӯи дигар хабаргузории «Фаронса» низ гузориш дода, ки даргириҳои шадиде дар наздикии маҳалли иқомати Қаззофӣ дар Тароблус дар ҳоли анҷом аст.
Дар идомаи ин мусоҳиба, дар бораи чаҳорчӯб ва шакли давлати ояндаи Либия гуфт, ки ин давлат бар асоси хости мардум ташкил хоҳад шуд. Ҳукумате аст, ки бар асоси мардум, демократӣ ва созмонҳои мардум, ниҳод ташкил хоҳад шуд. Ин ҳукумат бар асоси қонуни асосии ҷадид шакл мегирад.
Дабири кулли Ҷунбиши миллии Либия афзуд, ки давлати оянда ба тамоми озодиҳои мардум ва ҳамчунин ҳуқуқи онҳо эҳтиром хоҳад гузошт. Шакл ва чаҳорчӯбаи давлати ояндаи Либия бар ин асосҳое, ки гуфтем, эҷод хоҳад шуд.
«Рӯзгор»