01:01:08 02-уми Июли 2025 сол

КЛИНТОН: «РӮЗҲОИ БАЪДӢ БАРОИ ЛИБИЯ ТАЪЙИНКУНАНДА АСТ»

Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, рӯзҳо ва ҳафтаҳои ояндаро барои Либия таъйинкунанда хонд ва қавли ҳимояти комили Амрико аз як Либияи ҷадид пас аз даврони ҳокимияти Қаззофиро дод.

/images/stories/2011/08/26_klinton_26.8.2011.jpgТибқи хабаргузории «Фаронса» аз Вашингтон, дар рӯзе, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал 5.1 миллиард доллари сармояи тавқифшудаи Либияро барои кӯмаки изтирори озод сохт, Клинтон таъкид кард, ки вазифаи танзими роҳи ҷадиди Либия бар ӯҳдаи мухолифони собиқ аст.

Вай дар  мактуби худ гуфтааст: «Авзоъ ивазшаванда аст, аммо равшан аст, ки давраи Қаззофӣ рӯ ба поён аст ва ин амр роҳеро барои шурӯъи давраи ҷадид дар Либия, ки давраи озодӣ, адолат ва сулҳ хоҳад буд, боз хоҳад кард».

Ҳамчунин Клинтон қайд намуд, ки дар Либияи ҷадид ҷое барои ҳамалоти интиқоми ҷавобона ва талафи ҷавобона вуҷуд нахоҳад дошт ва ояндаи Либия – ояндаи сулҳомез ва ором хоҳад буд, дар сурате, ки раҳбарон ва мардуми Либия бо рӯҳияи сулҳхоҳона дасти ёрӣ ба ҳам диҳанд.

Вазири умури хориҷаи Амрико, даъвогар шуд, ки мудохилаи низомӣ таҳти раҳбарии НАТО ба ҷилавгирӣ аз як қатли ом кӯмак кард ва ба мардуми Либия итминон дод, ки таҳти ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ қарор доранд.

Клинтон ҳамчунин паёме барои Муаммар Қаззофӣ дошт ва дар ин паём омадааст, ки: «Мо аз Қаззофӣ, хонаводааш ва ҳаводоронаш мехоҳем ба хотири мардум ва ояндаи Либия ба давомдодани хушунати худ поён диҳанд».

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ