22:58:28 19-уми Июни 2025 сол

СЕРВИСИ ҶОСУСИИ НАТО ДАР ҶУСТУҶЎИ ҚАЗЗОФӢ

Лиам Фокс, вазири дифои Бритониё, рӯзи панҷшанбе таъкид кард, ки низомиёни НАТО иттилооти ҷосусии худро дар ихтиёри шӯришиёни Либия, ки ба дунболи Муаммар Қаззофӣ ҳастанд, қарор медиҳанд. Ин матлабро хабаргузории «Reuters» гузориш додааст.

/images/stories/2011/08/26_gaddafi_26.8.2011.jpgВазири дифои Бритониё, дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиони «Sky News» эълом кард, ки: «Ман тайид мекунам, ки НАТО иттилооти лозимаи ҷосусиро дар ихтиёри Шӯрои муваққатии миллии Либия қарор медиҳад, то ба онҳо барои пайдо кардани сарҳанг Қаззофӣ ва дигар мақомоти режими ӯ кӯмак кунанд».

Дирӯз, Шӯрои муваққатии миллии Либия, барои сари Қаззофӣ 1.7 миллион доллар ҷойиза таъин кард. Ҳамчунин ба ғайр аз ҷоизаи нақдӣ, ба онҳое, ки ҷойи буду бошӣ Қаззофиро хабар медиҳанд, низ мукофот ваъда  шудааст.

Пештар рӯзномаи «Daily Telegraph» ба нақл аз манобеи худ дар вазорати дифои Бритониё иттилоъ дод, ки нерӯи махсуси Бритониё дар амалиёти ҷустуҷӯ ва дастгири Қаззофӣ дар хоки Либия ширкат мекунад.

Бар асоси ин гузориш, намояндагони вазорати дифоъ эътироф карданд, ки низомиёни бритониёӣ чанд ҳафта аст, ки дар Либия ҳузур доранд ва нақши калидӣ дар ҳамла ба Таробулсро бар ӯҳда доштанд ва амалкарди шӯришиёнро ҳамоҳангӣ мекарданд.

Ба ғайр аз ин, рӯзномаи мазкур навишта, ки баъд аз он, ки барои сари Қаззофӣ ҷойиза таъин шуд, низомиёни полки 22-ум, ба вижа нерӯҳои ҳавоӣ, бо дастури Девид Камерун, Нахуствазири Бритониё, масъулияти кӯмаки нерӯҳои шӯришро, ки ба дунболи Қаззофӣ ҳастанд, бар ӯҳда гирифтанд.

Лиам Фокс аз ироаи тавзеҳот дар бораи мақолаи «Daily Telegraph» худдорӣ намуд.

Лозим ба зикр аст, ки дар қатъномаи Шӯрои Амният аз 17-уми март дар хусуси таъмини ҳарими фазои масдуд дар болои Либия  омада буд, ки амалиётҳои низомии НАТО бидуни истифода аз нерӯҳои заминӣ дар сурат хоҳанд гирифт.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ