09:32:34 01-уми Июни 2025 сол

ПАЙВАНДОНИ ҚАЗЗОФӢ ДАР АЛҶАЗОИР ПАНАҲ БУРДАНД

Созмони Милал кайҳо боз эътидоли авзоъ дар Либияи бидуни Муаммар Қаззофиро дар мадди назар дошт. Ба навиштаи баъзе расонаҳо, СММ дар як гузориши махфӣ ба зарурати эътидоли ҳарчӣ зудтари вазъи Либия баъд аз суқути Қаззофӣ таъкид карда, ба ин хотир мустақар намудани 200 нозири низомии бесилоҳ ва 190 корманди пулиси СММ дар ин кишварро ногузир хондааст.

/images/stories/2011/08/30_kaddafi-family_30.8.2011.jpgҲамчунин, навиштаанд муаллифони гузориш, бояд 60 корманди ғайринизомӣ барои кӯмак дар баргузории интихобот дар Либия ҷалб шаванд. Пораҳо аз ин гузориши махфӣ дар сомонаи интернетии Inner City Press чоп шудааст, дар сомонае, ки рӯйдодҳо дар Созмони Милалро пайгирӣ мекунад. Масъулини СММ ин хабарро таъйид ё рад накардаанд.

Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки миёни Либия ва кишвари ҳамсояи Алҷазоир баҳси тезутунди дипломатӣ сурат мегирад. Ва сабаби ин баҳс – хонаводаи Муаммар Қаззофӣ, аниқтараш ҳамсараш Сафия, духтараш Ойиша ва писаронаш Муҳаммаду Ҳаннибаланд, ки дирӯз вориди Алҷазоир шуданд.

Хабари вуруди пайвандони Қаззофӣ ба Алҷазоирро вазорати умури хориҷии кишвар таъйид намуд. Вазорат СММ ва раҳбарони ошӯбгарони Либияро низ аз вуруди пайвандони Қаззофӣ ба Алҷазоир дар ҷараён гузоштааст.

Ва аммо дар хабари вазорат оиди макони буду боши худи Қаззофӣ ва чаҳор писари дигараш, аз ҷумла, Хамис, иттилоъ дода нашудааст. Зимнан, дирӯз ошӯбгарон дар бораи ҳалокати Хамис, ки фармондеҳи нерӯҳои зудамали Либия аст, хабар доданд, вале он аз сӯи манбаъҳои мустақил таъйид нашуд.

Бар пояи баъзе хабарҳо, Қаззофӣ ва фарзандонаш шояд дар шаҳри Бани Валид, воқеъ дар ҷануби Троблус, панаҳ бурдаанд, ки таҳти назорати нерӯҳои вафодор раҳбари Либия боқӣ мемонад. Ҳамчунин ҳадс зада мешавад, ки Қаззофӣ шояд дар зодгоҳаш – дар шаҳри Сирт ва ҳатто шояд дар худи Троблус бошад.

Ошӯбгарони Либия аз панаҳ ёфтани аҳли хонаводаи Қаззофӣ дар Алҷазоир изҳори нороҳатӣ кардаанд. Алҷазоир то ҳол Шӯрои миллии гузори Либияро ҳамчунин ҳукумати расмӣ дар кишвари ҳамсоя эътироф накардааст. Намояндаи Шӯрои миллии гузори Либия Маҳмуд Шаммун панаҳ додан ба пайвандони Қаззофиро амали таҷовузкорона хонд ва афзуд, ки барои бозгардони онҳо ба Либия талош хоҳад кард.

Шаммун дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер гуфтааст, ки “мо ваъдаи мурофиаи додгоҳии одилона ба ин ҷинояткоронро додаем ва ҳамаро аз панаҳ додан ба Қаззофиву фарзандонаш ҳушдор медиҳем”. То ҳол раҳбарони ошӯбгарон аз Алҷазоир барои ба кишвар баргардонидани  хонум ва се фарзанди Қаззофӣ дархости расмӣ ирсол накардаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854