03:46:06 16-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ОМОРИ ТОЗАИ БОЗДОШТИҲО ПАС АЗ ИНТИХОБОТИ ЭРОН

Мақомҳои эронӣ мегӯянд, ки дар ҷараёни эътирозот ба натоиҷи интихоботи 12 июн чаҳор ҳазор нафар дастгир шудаанд, ки ин хеле бештар аз арқомест, ки қаблан эълом шуда буд.

Алиризо Ҷамшедӣ, сухангӯйи қувваи қазоия гуфт ҳудуди 3700 нафар аз онҳо зарфи як ҳафта озод шуданд. Сухангӯйи қувваи қазоия дар як кунфронси хабарӣ изъон (эътироф) кард, ки ҳудуди чаҳор ҳазор нафар дар ҷараёни эътирозоти хиёбонӣ ба натоиҷи интихобот дастгир шуда буданд. Аммо вай гуфт, ки танҳо 300 нафар, ки дар “иғтишошот даст доштанд”, барои беш аз чанд рӯз дар боздошт монданд. Муътаризон қаблан арқоми давлат дар мавриди теъдоди боздоштиҳоро зери савол бурда ва гуфта буданд, ки мумкин аст теъдоди боздоштиҳо ба ҳазорон нафар бирасад.

Як гурӯҳи таҳти назари Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ, номзадҳои муътаризи интихобот, ҳамчунин эълом кардааст, ки ҳадди ақал 69 нафар дар хушунатҳо кушта шудаанд. Ин беш аз ду баробари рақаме аст, ки давлат ба он изъон мекунад. Ин гурӯҳ ҳамчунин гуфт, ки асомии 220 нафар аз касонеро, ки таҳти боздошт ҳастанд, ба Маҷлис ироа кардааст. Аммо ин гурӯҳ нагуфт, ки оё ин омори ниҳоӣ аз куштаҳо ва боздоштиҳост ё на.

Ҳамакнун беш аз 100 нафар дар Эрон ба иттиҳоми дахолат дар нооромиҳо ва талош барои “инқилоби махмалӣ” таҳти муҳокима қарор доранд. Муҳокимаи ин афрод, ки шомили чеҳраҳои мухолифи сиёсии аршад, фаъолон, рӯзноманигорон, кормандони сафоратхонаҳои хориҷӣ мешаванд, аз сӯйи чандин кишвари ғарбӣ, гурӯҳҳои мухолиф ва фаъолони ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифтааст. 

Аммо мақомҳои эронӣ исрор меварзанд, ки равияҳои қонунии ҳоким бар ин муҳокима комилан машрӯъ ва ҳамчунон бо истондордҳои байналмилалӣ мутобиқ аст.

Як шаҳрванди эронӣ, ки барои сафорати Бритониё кор мекард, як эронӣ-фаронсавӣ, ки дар сафорати Фаронса кор мекард ва як шаҳрванди фаронсавӣ аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки дар иртибот бо эътирозҳо таҳти муҳокима қарор доранд. Рӯзи сешанбе Никуло Соркузӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, эълом кард, ки Нозаки Афшор, корманди сафорати Фаронса, озод шуда, аммо парвандаи қазоии вай ҳамчунон боз аст.

Оқои Соркузӣ аз Иттиҳодияи Урупо ва соири “кишварҳои дӯст, монанди Сурия” ба хотири кумак ба озодии вай ташаккур кард. Вай ҳамчунин бори дигар хостори озодии фаврии Клутилд Рейс (Clotilde Reiss), устодёри фаронсавӣ шуд, ки дар Эрон дарс медод ва таҳти муҳокима аст.

Ба гузориши Франс Пресс, сафири Эрон дар Порис гуфт, ки давлати Эрон пешниҳод кардааст хонум Рейс дар ҷараёни муҳокима дар сафорати Фаронса дар Теҳрон иқомат кунад, аммо гуфт, ки Фаронса ба ин пешниҳод посух надодааст. Аммо Вазорати хориҷаи Фаронса бо радди ин иддаъо гуфт, ки сафорати Фаронса чанд ҳафта пеш тамоюли худ барои иқомати хонум Рейс дар онҷоро пешниҳод карда буд.

Ҳамзамон Ҳасан Қашқовӣ, сухангӯқи Вазорати хориҷаи Эрон, дар вокуниш ба маҳкумияти раванди муҳокимаи хонум Рейс аз сӯйи давлати Фаронса аз иқдоми қувваи қазоия дар ин замина дифоъ кардааст. 

Вай рӯзи душанбе гуфт: “Ҳеҷ ибҳоме дар фароянди муҳокима вуҷуд надорад ва ҳеҷ фишоре барои гирифтани эътироф аз афроди таҳти муҳокима вуҷуд надошт.”

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi