11:10:12 01-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КӢ ҲУҚУҚИ ДАР ТОШКАНД ЗИНДАГӢ КАРДАНРО ДОРАД?

Имрӯз, 15-и сентябри соли 2011 раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов қонунеро ба имзо расонд, ки тибқи  он кадом аз қишри аҳолии кишвар ҳуқуқи дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд ҳаққи иқомат ва номнавис шуданро доранд, муайян карда мешавад.

/images/stories/2011/09/15_karimov_15.9.2011.jpgТибқи ин санад ҳақки номнавис шуданро дар маҳдудаи мазкур ашхос ва хешу табори онҳое доранд, ки дар пойтахт ва вилояти Тошканд соҳиби манзилҳои истиқоматӣ мебошанд. Чунин ҳақро инчунин касоне дарёфт карда метавонанд, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ (Парламент ва Шӯрои вазирон) ба кор қабул шаванд. Ҳукуматдорон омодаанд, ки ба мутахассисони соҳибкасб ва аҳли оилаи онҳо низ чунин ҳақро бидиҳанд.

Қонун дар бораи ба қайд гирифтани аҳолии пойтахти Ӯзбекистон ва вилояти Тошканд ҳанӯз 14- июли соли ҷорӣ аз  сӯйи Парламенти ҶӮ қабул шуда буд. 26-и  август палатаи болоии Маҷлиси Олии Ӯзбекистон онро тасдиқ намуд. Рӯзи 15-сентябр ин қонунро Президенти Ӯзбекистон ба имзо расонд ва он ҳукми қонунро гирифт.

Масъалаи мазкур аз моҳи январи соли 2011 дар пойтахти Ӯзбекистон масъалаи рӯзмарра ба ҳисоб мерафт. Ҳукуматдорон аз ҳамон давра номнавис кардани шаҳрвандони дигар манотиқи кишварро дар пойтахт ва вилояти Тошканд қатъ карда буданд.

Ба иттилои манбаъҳои ғайрирасмӣ ҳукуматдорон ин иқдомро ба хотири ҷилавгирӣ кардан аз таҷаммӯъи «ҷавонони берун аз назорати ҳукуматдорон» дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ пиёда кардаанд, хабар медиҳанд сомонаҳои  Podrobno.uz ва Uznews.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi