17:16:22 30-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТОНИ БЛЕР ДУ МАРОТИБА БА ТАВРИ МАҲРАМОНА БО МУАММАР ҚАЗЗОФӢ ДИДОР КАРДА БУД

Як нашрияи чопи Англия, рӯзи якшанбе фош карда, ки Тони Блер, нахуствазири собиқи Англия пас аз канор рафтан аз нахуствазирӣ, ду маротиб ба таври маҳрамона бо Муаммар Қаззофӣ, раҳбари барканоршудаи режими Либия дидор ва гуфтугӯ карда буд.

/images/stories/2011/09/19_bler-kaddafi_19.9.2011.jpgТибқи гузориши «Ирно», «Sunday Telegraph» навиштааст, ки ин дидорҳо дар солҳои 2008 ва 2009 дар Тароблус анҷом шуд ва Тони Блер бо истифода аз ҳампаймоии ихтисосии сарҳанг Қаззофӣ ба Либия сафар карда буд.

Ҳамчунин дар ин нашрия омадааст, ки: «Бар асоси бархе асноди маҳрамона, ки ахиран дар Тароблус кашф шуда, музокироти Блер ва Қаззофӣ дар бораи масоили сиёсӣ дар кураи Африқо ва мавзӯъи муттаҳамии Либия дар инфиҷори ҳавопаймои «Пан-Американ» бар фазои Локарбии Шотландия будааст.

Дар ҳамин ҳол шабакаи хабарии ББС низ имрӯз, 18-уми сентябр, гузориш дода, ки як сухангӯи Тони Блер, дидори хусусии вай бо Муаммар Қаззофиро дар солҳои 2008 ва 2009 тайид кардааст, дар ҳоле, ки пеш аз ин дафтари Блер гузорише дар бораи ин дидорҳо мунташир накарда буд.

Ин сухангӯ гуфтааст, ки чун Либия дар соли 2008 Раиси Иттиҳодияи Африқо буда, оқои Блер дар бораи масоили сиёсии он кура бо Муаммар Қаззофӣ гуфтугӯ кардааст.

Чуноне, ки ӯ мегӯяд: «Албатта ҳамчун ҳамеша раҳбари Либия мавзӯъи зиндони будани Абдулбосит Мақроҳӣ, мутаҳами маҳкум ба ҳабси абад дар Шотландияро дар ин музокирот матраҳ карда, ки оқои Блер низ дар посух гуфт ин мавзӯъ ба мақомоти давлатии Шотландия марбут мешавад».

Мақроҳӣ саранҷом дар тобистони соли 2009 ва ҳудуди чаҳор моҳи пас аз охирин дидори Тони Блер бо Муаммар Қаззофӣ, аз зиндони Шотландия озод шуд ва ба Либия бозгашт. Давлати Шотландия бемории пешрафтаи саратонро далели озодии Мақроҳӣ эълом карда ва гуфтанд, ки вай беш аз се моҳ зинда нахоҳад монд.

Мақроҳӣ, ки ба бомбгузорӣ дар ҳавопаймои «Пан-Американ» дар соли 1988 муттаҳам мебошад, ҳанӯз дар Тароблус зиндааст, вале расонаҳои хабарӣ ҳоли ӯро вазнин эълон кардаанд.

Тони Блер дар соли 2004 ва ҳангоме, ки нахуствазири Англия буд, тайи сафари расмӣ ба Либия дар хаймаи Муаммар Қаззофӣ бо вай дидор ва гуфтугӯ кард ва ин дидор нуқтаи асосӣ дар равобити ду кишвар ва равобити Либия бо кишварҳои ғарбӣ шуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi