00:12:46 03-уми Июни 2025 сол

ДАВЛАТИ АФҒОНИСТОН САФАРИ ГЕЛОНӢ БА КОБУЛРО ЛАҒВ КАРД

Давлати Афғонистон сафари ояндаи Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, ба Кобулро лағв карда ва кори ситоди муштараки ду кишвар барои сулҳро низ ба таълиқ даровардааст. Қарор буд дувумин нишасти ин ситод дар моҳи ҷории милодӣ дар Кобул баргузор шавад ва Юсуф Ризо Гелонӣ ҳам қарор буд барои ширкат дар ин нишаст ба Кобул сафар кунад.

/images/stories/2011/10/01_yusuf_raza_gilani_1.10.2011.jpgАхиран ва дар пайи терури Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳурии пешин ва раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, равобити ин кишвар бо Покистон тира шудааст. Мақомҳои Афғонистон гуфтаанд, ки терури оқои Раббонӣ дар Покистон барномарезӣ шудааст. Ин мақомҳо дар рӯзҳои ахир интиқодҳоеро алайҳи Покистон матраҳ кардаанд.

Ҷонон Мӯсозай, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки шаш моҳ аз ташкили Кумисиюни муштараки сулҳи байни Афғонистон ва Покистон мегузарад, вале ин кумисиюни муштарак ҳеч дастоварде надоштааст.

Оқои Мусозай гуфт: "Аз назари амалӣ, мутаассифона, мо ба натиҷае нарасидем. Мо аз Ҷумҳурии Исломии Покистон умед ва таваққӯъ доштем ва онҳо ваъда карда буданд, ки иқдомоти амалӣ дар ростои ҳимоят аз раванди мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон иҷро мешавад."

Ӯ афзуд: "Мо тарафдори тадовуми меконисм ва раванде, ки натиҷаи амалӣ надошта бошад, нестем. Умедворем дар оянда агар коре мешавад, бар асоси таъаҳҳудоти амалӣ ва иқдомоти амалии Ҷумҳурии Исломии Покистон бошад."

Қарор буд Ҳомид Карзай ва Юсуф Ризо Гелонӣ дар нишасти ояндаи ситоди муштараки сулҳи ду кишвар дар Кобул ширкат кунанд. Сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон ҳамчунин гуфт: "Сафари барномарезишудаи оқои Гелонӣ, садри аъзами Ҷумҳурии Исломии Покистон, ба Кобул дар ҷараёни ҳамин моҳи мелодӣ барои баргузории дувумин иҷлоси сарони ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар чорчӯби Кумисиюни муштараки сулҳи Афғонистон ва Покистон, ба бовари ҳукумати Афғонистон, зарурӣ нест."

Сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон афзуд, ки лағви сафари оқои Гелонӣ ва таълиқи кори Кумисиюни муштараки сулҳи ду кишвар ба маънои қатъи равобит бо Покистон нест ва танҳо нуктае, ки ҳукумати Афғонистон бар он таъкид дорад, "садоқат дар арсаи амалӣ" аст.

Нахустин иҷлоси Кумисиюни муштараки сулҳ дар моҳи апрели гузашта дар Исломобод баргузор шуд ва қарор буд дувумин нишасти ин кумисиюн дар моҳи октябр дар Кобул баргузор шавад. Ҳузури Юсуф Ризо Гелонӣ ва Ҳомид Карзай дар ин нишасти дуҷониба барои таъмини сулҳ дар минтақа ва бавижа мусолиҳа бо Толибон дар Афғонистон барномарезӣ шуда буд.

Дилсардии Карзай аз музокира бо Толибон

Лағви сафари оқои Гелонӣ ба Кобул дар ҳолест, ки Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, пештар эълом карда буд, ки талошҳо барои анҷоми музокирот бо Толибонро қатъ мекунад ва ба ҷойи он, рӯйи гуфтугӯ бо Покистон тамаркуз хоҳад кард. То ба ҳол ин возеҳтарин изҳороти оқои Карзай дар бораи қасди ҳукуматаш ба тарки талошҳо барои анҷоми гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон аст.

Вай рӯзи ҷумъаи 30 сентябр хитоб ба нишасти раҳбарони мазҳабии кишвараш гуфт: "Дигар ҷавобе ман надорам, магар ин ки бигӯям ҷониби муқобил дар ин музокира Покистон аст. Чун мо Мулло Умарро пайдо карда наметавонем, куҷост (ӯ)? Шӯрои Толибонро пайдо карда наметавонем, куҷост? Қосиде ба номашон меояд ва мекушад. Пас бо кӣ бояд сӯҳбат кард? Магар ин ки бо Покистон."

Ишораи оқои Карзай ба кушта шудани Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳурии пешин ва раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон, аст. Бумбгузор барои мулоқот бо оқои Раббонӣ худро ҳомили паёми сулҳи яке аз аъзои Шӯрои раҳбарии гурӯҳи Толибон, мавсум ба "Шӯрои Кувета", муъаррифӣ карда буд. Изҳороти Ҳомид Карзай як паёми рӯшани сиёсиро мерасонад ва он ин ки решаи бесуботӣ дар кишвараш дар Покистон об мехӯрад ва ин ки агар Исломобод ирода кунад, шӯришҳо поён меёбад.

Ба қавли таҳлилгарон, замони ин изҳороти оқои Карзай бадиққат интихоб шудааст - дуруст чанд рӯзе пас аз он ки мушоҷараи шадиде миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Покистон шӯълавар шудааст ва Амрико Покистонро ба ҳимояти фаъъолона аз гурӯҳи Ҳаққонӣ муттаҳам мекунад. Шиддати ин рӯёрӯйиҳо ба ҳаддест, ки Борок Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, ҳам ба он пайваста ва рӯзи ҷумъа дар як гуфтугӯйи родиюӣ аз Покистон хост, ки ба ҳар гуна ҳимояте, фаъъолона ё ғайрифаъъолона, аз ин гурӯҳ поён диҳад.

Оқои Обама гуфт: "Агар покистониҳо фаъъолона бо гурӯҳи Ҳаққонӣ дар тамос бошанд ва ё агар ин ҳимоят фақат ғайрифаъъолона ва ба шакли иҷоза додан ба фаъъолияти амни гурӯҳи Ҳаққонӣ дар бархе аз манотиқи марзӣ бошад, онҳо бояд ба ин мавзӯъ расидагӣ кунанд."

Оқои Обама афзуд Вошингтун дар мавзеъи худ дар қиболи мавзӯъи паноҳгоҳҳои амн собитқадам аст, вале изофа кард, ки Амрикоиҳо талош кардаанд ҳамкориҳои истихборотиашон бо Покистонро ҳифз кунанд - ҳамкориҳое, ки барои пайгарди шабакаи Алқоъида ба сурати муассир лозим аст.

Дар ин миён, Ондрес фӯ Росмусен, дабири кулли НОТУ, ҳам дар суханронияш дар як маркази таҳқиқоти дифоъии урупоӣ ба ин масъала ишора карда ва аз ҳукумат ва артиши Покистон хост, то бо қуввати бештаре бо "бунёдгароӣ ва терурисм" дар манотиқи марзӣ биҷангад. Оқои Росмусен гуфт ин ба нафъи ҳама аст, ки домани паноҳгоҳҳои амн дар Покистон барчида шавад.

Дар ҳоле ки покистониҳо пайваста ин иттиҳомотро рад мекунанд, женерол Маҳмуди Дурронӣ, мушовири пешини амнияти миллии Покистон, ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки гурӯҳи Ҳаққонӣ дар баробари чашмони артиши Покистон дар манотиқи дуруфтодаи марзии Вазиристони Шимолӣ фаъъолият мекунад.

Оқои Дурронӣ гуфт: "Имрӯз Вазиристони Шимолӣ як бистари доғ аст. Ин танҳо гурӯҳи Ҳаққонӣ нест. Ҳар касе ки дар майдони терурисм касе аст, дар онҷо ҳаст. Ҳарчанд артиш дар он ҷо ҳузур дорад, аммо ман фикр мекунам, ки ин гурӯҳҳо аз озодиҳои кофӣ бархӯрдоранд."

Женерол Дурронӣ мегӯяд, ки артиши Покистон тавони рӯёрӯйӣ бо гурӯҳи Ҳаққониро надорад. Аммо мақомот дар ҳалақоти (маҳофили) шахсӣ эътироф мекунанд, ин шӯришиён барои покистониҳо ҳадаф нестанд, зеро онҳо дар дохили Покистон ба куштор ва шӯриш намепардозанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854