КОҲИШИ ТАНИШҲО МИЁНИ ИМА ВА ПОКИСТОН
ИМА барои коҳиши ташаннуҷ бо Покистон қадам бардошта ва ба ин кишвар гуфт, ки барои ҳамла бар шӯришиён аскар намефиристад. Як мақоми баландпояи амрикоӣ гуфтааст, ҳеҷ сарбози ин кишвар дар хоки Покистон мустақар нахоҳад шуд ва ин паём ба мақомоти Покистон фиристода шудааст.
Иттиҳомоти қаблии адмирал Майк Муллен, ки гуфт Покистон аз касоне, ки бар сафорати Амрико дар Кобул ҳамла карданд, ҳимоят мекард, баҳсҳои дипломатиро байни ду кишвар доман зад. Муллен рӯзи ҷумъа ин мавқифи худро нармтар сохта гуфт: «Ҳар чанд равобити Амрико ва Покистон сард аст, вале аҳамияти ҳаётӣ дорад.»
Оқои Муллен, ки гоҳе худро беҳтарин дӯсти Покистон муаррифӣ мекард афзуд, ки ҳанӯз ҳам ба ин ақида мебошад, ки бидуни мушорикати Покистон эҷоди оромӣ дар ояндаи минтақа мумкин намебошад.
Вазири умури хориҷии Амрико Ҳиллари Клинтон низ гуфтааст, Покистон собиқаи ҷудоӣ байни террористони гӯё хубро, ки метавонад аз онҳо ба аҳдофи стратегии худ истифода кунад ва террористони бадро, ки бар алайҳи онҳо кор мекунад, дорад.
Дар дохили Покистон бадбинии мардум дар робита бо Амрико бештар мешавад ва дар ҳафтаи гузшта чандин ҳизби сиёсии Покистон таҳти раҳбарии нахуствазири ин кишвар нишасте доир намуда ва иттиҳомоти адмирал Мулленро дар мавриди ин, ки шабакаи Ҳаққонӣ ба шохаи ISA табдил шудааст маҳкум карданд.
Шабакаи Ҳаққонӣ ҳам эълон кардааст, ки гӯё танҳо даҳ дарсад аз ҳазорон афроди он дар Покистон мустақар мебошанд ва дигар ҳама дар Афғонистон ҳастанд ва паноҳгоҳҳои онҳо дигар дар Покистон нест.
Ҳамзамон бо ин, рӯзи ҷумъа раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама ба маҷлиси Сенат ва намояндагони маҷлиси Конгресс нома фиристода ва гуфтааст барномаи ҷанг дар Афғонистонро бидуни тағйир идома медиҳад.
Ӯ изҳор дошт, стратегияи Афғонистон амалӣ мешавад ва дар ҳоли ҳозир ӯ зарурат кадом тағйиреро дар меъёрҳо, манобеъ ва дастандаркорони ин стратегия ҳис намекунад.
«Озодӣ»