ШАҲОДАТИ РАББОНӢ, НОРИЗОГИИ ГЕЛОНӢ ВА ШАБАКАИ ҲАҚҚОНӢ
Норизогии Гелонӣ
Сайид Юсуф Ризо Гелонӣ, вазириаъзами Покистон, рӯзи гузашта, вақте санги бунёди роҳи «Motorway»-и Мултон-Файсалободи Покистонро мегузошт, зимни суханронии худ гуфт: «Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар масъалаи қатли профессор Бурҳониддин Раббонӣ ба иштибоҳ рафта, кишварашро ба ноҳақ гумонбар донистааст».
Ин дар ҳоле гуфта шуд, ки Кобул сафари вазириаъзами Покистон, Сайид Юсуф Ризо Гелониро, ба Афғонистон лағв кард. Вазириаъзами Покистон қасд дошт дар иҷлоси дуввуми Кумисиюни муштараки сулҳ байни Афғонистону Покистон, ки дар авоили моҳи октябр, дар Кобул баргузор мешуд, ширкат кунад.
Кумисиюни муштараки сулҳи байни Афғонистон ва Покистон нахустин иҷлоси худро дар моҳи апрели соли ҷорӣ, бо ҳузури Ҳомид Карзай ва Сайид Юсуф Ризо Гелонӣ, дар Исломобод баргузор кард. Аммо Кобул бо гумони ин, ки Исломобод дар раванди ба шаҳодат расонидани Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури асбақи Афғонистон ва раиси Шӯрои олии сулҳи ин кишвар, бо Толибон якҷо даст доштааст, Кобул сафари Юсуф Ризо Гелониро ба ин кишвар барои ширкат дар иҷлоси дуввуми Комиссиюн лағв кард.
Мақомоти Афғонистон ва расонаҳои хабарӣ террори шаҳид Раббониро кори дасти гурӯҳи Толибон ва дар маҷмӯъ шохаҳои он аз ҷумла «Ҳаққонӣ» ва зерсохторҳои он медонанд, вале то кунун баҳси кушта шудани Раббонӣ ва ба нафъи кӣ анҷом шудани идома дорад. Дар ин масъала ангушти иттиҳом бештар болои гурӯҳи Ҳаққонӣ зада мешавад, чун ин гурӯҳ собиқ ҳамсангари Бурҳониддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд, Сайёфу Гулбуддин ва ҳамтоёни эшон бо нерӯҳои собиқ Шӯравӣ меҷангиданд, вале чун дар даврони ҳукумати муҷоҳиддин дар ҳукумат ҷо наёфт, бо омадани Толибон бо онҳо пайваст ва муқобили ҳукумати муҷоҳидин муборизаро оғоз кард.
Шабакаи Ҳаққонӣ
Шабакаи Ҳаққонӣ яке аз сахттарин ва дар айни ҳол печидатарин гурӯҳҳои афғонӣ аст, ки дар канори Толибон алайҳи давлати Кобул ва низ нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО вориди ҷанг шудааст. Душмании шабакаи Ҳаққонӣ асосан пас аз ҳамлаи Амрико ба мақарри Бин Лодан дар соли ҷорӣ авҷ гирифт, ки ҳамла ба пойгоҳи низомии Багром, билофосила пас аз ду ҳафтаи интишори хабри кушта шудани Бен Лодан сурат гирифт.
Ҳамакунун маҳалли истиқрори аслии он дар Вазиристони Шимолӣ воқеъ дар минтақаи қабоилии Покистон аст, вале дар вилоятҳои шарқии Афғонистон, аз ҷумла, вилояти Пактико аз нуфузи қобили таваҷҷӯҳе бархӯрдор мебошад.
Шабакаи Ҳаққонӣ дар соли 1980 ба василаи Ҷалолиддин Ҳаққонӣ ва бо ҳамкории муштараки созмони ҷосусии Амрико (CIA) ва созмони иттилоотии артиши Покистон ба вуҷуд омад, то алайҳи артиши сурхи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг кунад. Шабакаи Ҳаққонӣ аз ҳамон ибтидо дар мадори бастаи қавмӣ, радикалтарин афроди қавмӣ ва мазҳабиро ҷазб кард ва ба сурати як гурӯҳи комили мунсаҷим ва вафодор ба раҳбарии Ҷалолиддин Ҳаққонӣ даромад, вале натавонист дар давлати муҷоҳидон ҷойгоҳеро, ки интизор дошт, ба даст оварад ва ба сурати гурӯҳе норозӣ боқӣ монд ва ба ҳамин далел, вақте Толибон зуҳур карданд. ҷузъи аввалин гурӯҳҳои ҷиҳодие буд, ки ба Толибон пайваст ва дар соли 1996 ба ҳамроҳи Толибон вориди Кобул шуд.
Гуфта шудааст, ки шабакаи Ҳаққонӣ ҳеҷ вақт иртиботашро бо созмони иттилоотии артиши Покистон қатъ накардааст ва дар ҳамон ҳол, баъд аз шаклгирии созмони Алқоида ба сурати зермаҷмӯаи ин созмон даромадааст.
Шабакаи Ҳаққонӣ баъд аз соли 2001, ки артишҳои Амрико ва НАТО вориди Кобул шуданд ва Аморати Исломии Толибон суқут кард, нерӯҳояшро ба Вазиристони Шимолӣ бозгардонд ва аз он замон то кунун дар шарқи Афғонистон фаъол будааст.
Нирӯҳои ҳавасманди сиёсиву низомии Покистон аз қабл рӯи гурӯҳҳои мухталиф дар Афғонистон сармоягузорӣ кардаанд. Лоақал метавон гуфт, дар ҳоли ҳозир се гурӯҳи аслии муртабит бо Покистон дар Афғонистон алайҳи Амрико ва НАТО ва давлати Кобул вориди ҷанг шудаанд.
1. Гурӯҳи Толибон, маъруф бо номи «Шӯрои Квета» бо роҳбарии мулло Умар.
2. Ҳизби Исломии Гулбиддин Ҳикматёр;
3. Шабакаи Ҳаққонӣ таҳти роҳбарии Ҷалолиддин Ҳаққонӣ ва писараш Сироҷиддин Ҳаққонӣ.
ISI чаро тухми ҳамаи мурғҳоро дар як сабад намегузорад?
Созмони итилоотии артиши Покистон (ISI) ба дурустӣ медонад, ки афғонҳо ба лиҳози равонӣ ва фарҳанги бумии “паштунволӣ”, ки таркибе аз ин арзишҳои исломӣ ва суннатҳои қавмии паштунҳост, омодагии комили табдил шудан ба як дастнишондодаи мутлақро надоранд ва ҳар вақт ба қудрат бирасанд, аз худ истиқлоли амал нишон хоҳанд дод. Ба ҳамин далел ба истилоҳ ҳамаи тухми мурғҳоро дар як сабад намегузоранд ва дар муҳосиботе дақиқтар сиёсате инъитофпазир дар пеш мегиранд ва бо гурӯҳҳои мутафовит ҳамкорӣ мекунанд, то аз ин тариқ имкони истиқлолталабии онҳоро ба ҳадди ақалли мумкин коҳиш диҳанд.
Ин сиёсат дар давраи ҷиҳод алайҳи артиши сурх (Шӯравӣ) короии худро ба субот расонид. Ҳарчанд ки дар ниҳоят ба далоили мутафовиттари муҳитӣ шикаст хӯрд, вале ба ҳар ҳол яке аз авомили аслии давомдор шудани ҷангу бӯҳрон дар Афғонистон, ҳамин сиёсат будааст.
Бинобар ин метавон гуфт, шабакаи Ҳаққонӣ агар ҳамон тавре ки амрикоиҳо иддао мекунанд, зермаҷмӯаи созмони иттилоотии артиши Покистон ва ҳамкори наздики созмони «Алқоида» бошад, ба унвони як қудрати ҳамвазн бо Толибон ва Ҳизби Исломии Ҳикматёр матраҳ аст ва коркарди хосси худро дорад.
Мунтаҳо, як воқеияти муҳимтарро набояд дасти кам гирифт, ва он ин воқеият аст, ки артиш ва давлати Покистон ба шиддат таҳти фишора Амрико ва НАТО қарор доранд, ки ба Вазиристони Шимолӣ ҳамла ва шабакаи Ҳаққониро аз пойгоҳҳояш берун кунанд. Дар Покистон на чунин иродаи сиёсӣ вуҷуд дорад ва на маслиҳати миллӣ эҷоб мекунад, ки артиши Покистон вориди Вазиристони Шимолӣ шавад.
Шабакаи Ҳаққонӣ ба қавли Сироҷиддин Ҳаққонӣ, даҳҳо ҳазор нерӯи омӯзишдида дар ихтиёр дорад, ки омодаи шаҳодат ҳастанд. Нерӯҳои араб, ӯзбек, тоҷик, чечен, уйғур ва Ҷамоати Исломии Индонезӣ,Бангладеш, аъзои фирории «Сипоҳи Саҳоба» ва ҳатто гурӯҳҳои кашмирии ҳамкори «Алқоида» қатъан муқовимат хоҳанд кард. Таҷрибаи артиши Покистон дар Свот гӯёи ин аст. Артиши Покистон Свотро тасарруф кард, вале бо ду натиҷаи ғайриқобили пешбинӣ рӯбарӯ шуд:
Якум, размандагони мусаллаҳ дар либоси оворагон вориди шаҳрҳои бузург шуданд;
Дуввум, нерӯҳои мусаллаҳи қавмӣ аз шаҳрҳо ақибнишинӣ ва дар кӯҳистонҳо мустақар шуданд…
Дар пайи чунин амалкарди Толибон баъид дониста мешавад, ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон касе суд бинад, ҳатто давлати Покистон низ аз ин рафтору сиёсатҳои онҳо зарар дидааст. Ва коршиносон лағви сафари Гелониро ба Кобул, яке аз натоиҷи манфии ин гурӯҳҳо унвон мекунад.
Матлаб дар асоси гузоришҳои интернетӣ омода шудааст.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»