ВОКУНИШҲО БА ДАРГУЗАШТИ СТИВ ҶОБЗ
Ширкати “Эпл” (Apple) эълом кардааст, ки Стив Ҷобз, мудири омили собиқи ин ширкат ва яке аз бунёнгузорони он, ки ахиран ба иллати беморӣ канорагирӣ карда буд, даргузаштааст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар баёнияе нисбат ба оқои Ҷобз, ки ӯро “яке аз бузургтарин навоварони Амрико” хонд адои эҳтиром кардааст.
Компутерҳои “Макинтош”, “Ай Фон” ва “Ай-Под” аз маҳсулоте аст, ки Стив Ҷобз дар тавлид ва арзаи онҳо ба бозор нақши муҳимме дошта ва аз тариқи ин маҳсулоти пуртарафдор, Эплро ба яке аз пурсавдотарин ширкатҳои Амрико ва дунё табдил кардааст. Ширкати Эпл тайи баёнияе эълом кардааст: “Эпл як нобиғаи бинишвар ва мубтакир ва ҷаҳон як инсони хориҷулодиро аз даст дод.”
Эпл мегӯяд, ки оқои Ҷобз рӯзи чоршанбе аз дунё рафт. Ӯ 56 сола буд. Бино бар гузоришҳо Стив Ҷобз ба саратони меъда мубтало буд. Марги оқои Ҷобз як рӯз пас аз рӯнамоии намунаи ҷадиди телефони ҳамроҳи Ай Фон рух додааст. Стив Ҷобз аз моҳи январи соли ҷорӣ дар мураххасӣ ба сар мебурд.
Ӯ дар номаи истеъфои худ навишта буд: “Ҳамвора гуфтаам, агар рӯзе фаро бирасад, ки натавонам ба вазоиф ва интизороте, ки аз ман ба унвони мудири омили Эпл меравад, амал кунам, худам аввалин касе хоҳам буд, ки ин мавзӯъро ба шумо иттилоъ хоҳам дод. Мутаасифона ин рӯз фаро расидааст.”
Стив Ҷобз аз бунёнгузорони Эпл дар соли 1976 буд, аммо дар соли 1985 онро тарк кард. Вай дар соли 1997 ба Эпл бозгашт ва дар соли 2000 бори дигар мудирияти тамомвақти онро ба ӯҳда гирифт. Тим Кук, яке аз мудирон аршади Эпл, пас аз оқои Ҷобз мудири омили ҷадиди Эпл шудааст.
Стив Ҷобз дар охири моҳи июни соли 2009 пас аз як мураххасии дармонии шашмоҳа фаъолиятҳои кории худро муҷаддадан оғоз карда буд. Пизишкон дар соли 2004 ташхис доданд, ки оқои Ҷобз ба саратони меъда мубталост.
Вокунишҳо
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар баёнияе зимни ибрози андӯҳ аз марги Стив Ҷобз навишт: “Стив яке аз бузургтарин навоварони Амрико буд – он қадар шуҷоъат дошт, ки таври дигаре биандешад, он қадар ҷасорат дошт, ки бидонад метавонад ҷаҳонро тағйир диҳад ва онқадар истеъдод дошт, ки онро амалӣ кунад.”
Ӯ навишт: “Ӯ бо сохтани яке аз муваффақтарин ширкатҳои ҷаҳон аз поркинги хонааш, рӯҳияи халлоқи Амрикоиро ба намоиш гузошт. Ӯ бо шахсӣ кардани компутерҳо ва қарор додани интернет дар ҷайби мо, инқилоби иттилоъотро натанҳо қобили дастрасӣ, балки лаззатбахш кард... Стив дӯст дошт бигӯяд, ҳар рӯзро тавре зиндагӣ мекунад, ки гӯи охирин рӯзи зиндагиаш аст, ба ҳамин хотир ӯ зиндагиро дигаргун кард, баъзе саноеъро аз нав таъриф кард ва ба яке аз нодиртарин дастовардҳо дар таърихи башар даст ёфт: ӯ шеваи дидани ҷаҳон барои ҳар як аз моро иваз кард.”
“Ҷаҳон як инсони соҳиби бинишро аз даст додааст. Ва шояд ҳеҷ таърифе болотар аз ин набошад, ки бахши бузурге аз ҷаҳон аз тариқи дастгоҳе, ки ӯ ихтироъ кард, аз даргузашти ӯ огоҳ шуд.”
Оқои Обама бо Лорен, ҳамсари оқои Ҷобз ва хонаводаи ӯ ибрози ҳамдардӣ кард.
Бил Гейтс, бунёнгузори Микрософт аз руқабои бузурги Эпл навишт: “Ҷаҳон банудрат шоҳиди касе бо ин ҳама таъсир аст. Таъсири корҳои ӯ то наслҳо эҳсос хоҳад шуд. Барои касоне, ки мо ӯ кор кардаанд, ин ифтихори фавқулода будааст.”
Арнолд Швартсенегер, ҳунарпеша ва фармондори собиқи Колифорниё навишт: “Стив ҳар рӯзи зиндагиаш рӯёи Калифорниёро зиндагӣ кард ва ҷаҳонро тағйир дод ва ба ҳамаи мо илҳом бахшид.”
Марк Андерсон, сармоягузор навишт: “Стив беҳтарини беҳтаринҳо буд. Мисли Мотсарт ва Пикасо, шояд ҳаргиз мисли ӯ зода нашвад.”
Би-Би-Си