21:39:40 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КОБУЛ: ТАРКИШ ДАР НАЗДИ ҚАРОРГОҲИ НАТО

Як инфиҷори нисбатан қавӣ дар сохтмони маркази фармондеҳии нирӯҳои НАТО дар Кобул се кушта ва ҳафтод захмӣ ба ҷо гузоштааст.

Вазорати дифои Афғонистон дар хабарномае гуфтааст, ки ин ҳодиса ношӣ аз инфиҷори як худрави бамбгузоришуда дар муқобили дари вурудии нерӯҳои байналмилали ёрии амниятӣ таҳти фармони НАТО будааст. Дар ин хабарнома омадааст, ки бамбгузор афроди ғайринизомиро ҳадаф қарордода се танро кушта ҳаштод тани дигаро захмӣ кардааст. Вазорати дохила дар хабарномаи дигар шумораи захмиёнро ҳаштоду панҷто гуфтааст. 

Вазорати дифо ҳамчунин гуфтааст, ки эҳтимоли афзоиши омори талафоти ин инфиҷор вуҷуд дорад. Дар ҳамин ҳол ронандаи як омбулонс дар маҳали ҳодиса ба хабарнигори ББС гуфт, ки ӯ дастикам шаш ҷасад ва ҳаждаҳ захмиро ба дасти худаш аз маҳали инфиҷор ба бемористон мунтақил кардааст.

Ин ронанда нахост, ки номаш фош шавад, гуфт, ки дар миёни захмиён занон ва кӯдакон ҳам ҳастанд. Ин инфиҷор соати нуҳу сӣ дақиқаи бомдод, ки пуррафтуомадтарин вақти рӯз дар Кобул аст, рӯй дод ва шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки эҳтимолан шумори афроди кушта шуда бештар аз омори ироашуда бошад.

Ба гуфтаи ин шоҳидон лаҳазоте пас аз инфиҷор омбулонсҳо ба маҳал расиданд ва ба интиқоли захмиён ба бемористонҳо машғул шуданд. Бархе аз шоҳидон гуфтаанд, ки худравҳои шахсӣ ҳам дар интиқоли захмиён кӯмак карданд. Илова ба маркази фармондеҳии НАТО, Вазорати ҳамлу нақл, Телевизиони Миллӣ ва сафорати Итолиё ҳам дар наздикии маҳали инфиҷор қарор доранд.

Сафорати Амрико ҳам дар ҳамин хиёбон аст, вале танҳо шумори маъдуди худравҳое муҷавизи тараддуд аз муқобили ин сафоратро доранд ва роҳ ба рӯи дигарон бастааст. Кохи раёсати ҷумҳурӣ ҳам дар наздикии ҳамин маҳал қарор дорад. Гурӯҳи толибон масъулияти ин инфиҷорро ба дӯш гирифтаанд.

Би Би Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi