АРТИШИ ТУРКИЯ БА "ПОЙГОҲҲОИ ПКК" ДАР ШИМОЛИ ИРОҚ ҲАМЛА КАРД
Артиши Туркия дар таъқиби пайкорҷӯёни курд аз марз бо Ироқ убур карда ва нерӯи ҳавоии ин кишвар мавозеъи курдҳоро дар шимоли Ироқ ҳадафи ҳамла қарор додааст. Рӯзи чаҳоршанбе, 19 октябр, манобеъи низомии Туркия таъйид карданд, ки воҳидҳои заминии артиши ин кишвар дар таъқиби пайкорҷӯёни ҳизби коргарони курд, ПКК, аз марз бо Ироқ убур карда ва нерӯи ҳавоӣ ҳам мавозеъи пайкорҷӯёни курдро дар дохили хоки Ироқ ҳадафи ҳамла қарор додааст.
Ин амалиёт ба талофии ҳамлаи афроди мусаллаҳи ПКК ба пойгоҳҳои артиши Туркия дар наздикии марзи Ироқ сурат гирифт, ки дар ҷараёни он дастикам бисту чаҳор низомии Туркия кушта ва шуморе захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти низомии Туркия, дар ин амалиёт ҳавопаймоҳои нерӯи ҳавоии ин кишвар "пойгоҳҳои аслии ПКК-ро дар иртифоъоти Қандил, дар хоки Ироқ бумборон кардаанд."
Артиши Туркия гуфтааст, ки ҳудуди ду ҳазор тан аз нафароти мусаллаҳи ПКК дар шимоли Ироқ мустақар ҳастанд ва аз ин маҳал амалиёти низомии худ дар дохили Туркияро созмон медиҳанд. Манобеъи курди ироқӣ ҳам гуфтаанд, ки дар амалиёти заминии артиши Туркия дар рӯзи чаҳоршанбе, воҳидҳои муташаккил аз чандсад тан аз низомиёни ин кишвар дар амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтани нафароти ПКК аз марз бо Ироқ убур карданд.
Тайи моҳҳои ахир, нерӯи ҳавоии артиши Туркия чандин бор мавозеъи ПКК-ро дар дохили Ироқ ҳадаф қарор дода ва ба гуфтаи ситоди артиши Туркия, ҳудуди яксад курди мусаллаҳро аз пой даровардааст. Авоили моҳи ҷорӣ, порлумони Туркия бори дигар ба артиши ин кишвар иҷоза дод, то барои муқобила бо амалиёти ҷудоиталаби курд, аз марз бо Курдистони Ироқ убур кунад ва амалиётеро дар хоки он кишвар ба иҷро бигзорад.
Амалиёти пайкорҷӯёни курд алайҳи пойгоҳҳои низомии Туркия дар тӯли шаби гузашта боъиси ворид шудани сангинтарин талафот ба артиши Туркия дар моҳҳои ахир дар натиҷаи як ришта ҳамалоти мусаллаҳона будааст. Бо интишори хабари ҳамлаи чирикҳои курд ба нерӯҳои давлатии Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, тасмим гирифт бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти ин воқеъа барномаи сафари худ ба Қазоқистонро лағв кунад.
Пештар манобеъи хабарӣ аз кушта шудани бисту як низомӣ дар ҳамлаи чирикҳои курд ба пойгоҳҳои низомӣ дар устони Ҳакорӣ, дар ҷануб-шарқи Туркия, хабар долда буданд, аммо соъоте баъд ин омор афзоиш ёфт ва чаҳор кушта эълом шуд. Хабаргузории "Руйтерз" ба нақл аз манобеъи низомии Туркия гузориш кардааст, ки дар ҷараёни ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба посгоҳҳои низомӣ дар минтақа Юксукево дар устони Ҳакорӣ ҳаждаҳ низомии дигар ҳам захмӣ шудаанд.
Ин ҳамалот танҳо як рӯз пас аз кушта шудани чанд маъмури пулис ва теъдоде ғайринизомӣ дар асари инфиҷори бумб дар устони курднишини Битлис, дар наздикии устони Ҳакорӣ гузориш мешавад. Ҳанӯз гурӯҳи ПКК нисбат ба гузориши ҳамалоти ахир ба посгоҳҳои низомии Туркия вокунише нишон надода ва масъулияти ин амлиётро бар ӯҳда нагирифта, аммо манобеъи амниятии Туркия гуфтаанд, ки наҳваи созмондиҳӣ ва иҷрои ин амалиёт иртиботи онро бо ПКК нишон медиҳад.
Субҳи чаҳоршанбе Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳурии Туркия, дар паёме хитоб ба мардуми ин кишвар, аз талафоти ҳамалоти шаби гузашта ибрози таассуф кард ва гуфт, ки "дер ё зуд хоҳем дид, ки аслиҳа бардоштан алайҳи кишвари Туркия ба натиҷае нахоҳад расид" ва таҳдид кард, ки Туркия ба касоне, ки ба мухолифони мусаллаҳи ин кишвар кумак мекунанд, "дарсе фаромӯшнашуданӣ хоҳад омӯхт ва онон натиҷаи талхи иқдомоти худро хоҳанд дид."
Оқои Гул гуфт, ки давлати Туркия ба ҷаҳониён нишон хоҳад дод, ки "то расидан ба натиҷаи ниҳоӣ, бо қотеъият ва азме маҳкам бо терурисм мубориза мекунад ва терурисм ҳаргиз дар иродаи мо халале эҷод намекунад." Манотиқи курднишини Туркия воқеъ дар марзи ин кишвар бо Ироқ дар моҳҳои ахир саҳнаи даргириҳои сангини нерӯҳои давлатӣ ва чирикҳои ПКК будааст.
Ахиран Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳури Туркия, барои мулоқот бо низомиён ва тақвияти руҳияи онон, ба ин манотиқ сафар карда буд. Даргириҳои ахир дар ҷануб-шарқи Туркия бахусус аз моҳи июни соли ҷорӣ шиддат гирифта ва ба гуфтаи манобеъи хабарӣ то кунун ба кушта шудани ҳудуди панҷоҳ низомии Туркия ва шумори номаълуме аз чирикҳои курд ва эҳтимолан афроди ғайринизомӣ мунҷар шудааст.
Би-Би-Си