09:02:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАЗАРИЯПАРДОЗОНИ ҒАРБӢ ДАР ДОДГОҲҲОИ ЭРОН

Дар кайфархости матраҳшуда дар додгоҳи шуморе аз боздоштшудагони ҳаводиси пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон номи касоне низ матраҳ шуд, ки агарчи дар сатҳи ҷаҳонӣ, чеҳраҳое шинохташуда маҳмуб мешаванд, аммо дар Эрон дастикам барои тӯдаи мардум чандон шинохташуда нестанд.

 

Дар ин кайфархост аз осор ва навиштаҳои чеҳраҳои донишгоҳӣ, файласуфон, ҷомеъашиносон ва назарияпардозоне чун Юрген Ҳобермос, Ҷон Кин, Ҷин Шорп ва иқдомоти муассисоте чун "Ҷомеъаи боз" ва бунёдгузори он, Ҷурҷ Сурус, ба унвони намунаҳое аз талоши Ғарб барои барандозии низоми Ҷумҳурии Исломӣ ва даст доштани онон дао нооромӣ ва даргириҳои пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ёд шудааст.


Сафари файласуфи муъосири олмонӣ, Юрген Ҳобермос ба Эрон ва дидори ӯ бо бархе аз андешамандон ва низ чеҳраҳои шохиси ҷиноҳи ислоҳталаб мӯҷиб шудааст, ки дастгоҳи қазоии Ҷумҳурии Исломӣ аз ӯ ба унвони назарияпардози нофармонии маданӣ (civil disobedience) дар Эрон ёд кунад.

Номи Ҷон Кин, устоди донишгоҳ ва нависандае пуровоза дар ҳавзаи мубоҳисоти марбут ба демукросӣ низ зоҳиран дар пайи сафари ӯ ба Эрон дар кайфархости додситони инқилоби Теҳрон зоҳир шудааст.

Ба рағми зикри номи ин афрод дар кайфархост, ҳеч гузорише дар мавриди иртибот ва дидори чунин афроде бо касоне, ки дар боздошт ба сар мебаранд ва дар додгоҳ ба унвони муттаҳам ҳузур ёфта буданд, муташир нашудааст.

Навиштаҳои ин маҷмӯъа дар пайи ироаи тасвире дақиқтар аз чеҳраҳое аст, ки номашон дар кайфархости додгоҳе, ки баргузории он интиқодҳои фаровоне барангехта, омада ва ин суолро дар зеҳни касоне, ки чандон бо осор ва навиштаҳо ва зиндагии онҳо ошно нестанд, падид оварда, ки чунин номҳое чигуна ба чунон кайфархосте роҳ ёфтаанд.

Юрген Ҳобермос ва шатранҷбозӣ бо гурил

Дар авохири раёсати ҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ гурӯҳе аз ислоҳталабон ба ин дарк расиданд, ки бо тарафи муқобили худ наметавонанд таъомул ё ҳамкунишии мутамаддинонаеро пеш бибаранд. Барои он ки сахтии корро нишон бидиҳанд, мегуфтанд ҳамкунишӣ бо ҳарифашон монанди шатранҷбозӣ бо гурил (горилла, навъе аз бузинагон) аст. Чунин мавқеъияте як мавқеъияти ғайриҳобермосӣ аст, агар номи Ҳобермосро (Jurgen Habermas) мутародиф бо гуфтгӯйи хирадварзона дар назар гирем.

Ҷурҷ Сурус: Ҷомеъаи боз ва душманонаш

Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ расман аз нақши Сурус (George Soros) дар эътирозҳои ахир ба натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон сухан гуфта ва шуморе эронӣ-омрикоӣ, монанди Киён Тоҷбахш низ пештарҳо ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо "Муассисаи Ҷомеъаи боз" боздошт ва зиндонӣ шуда буданд. Аммо то ҳол шавоҳиде мабнӣ бар нақши мустақими Сурус ва муассисаи ӯ дар рӯйдодҳои ду моҳи гузаштаи Эрон ироа нашудааст.



Ҷон Кин: Сарчашмаҳои ғариби демукросӣ

Бар хилофи баъзе аз номҳои машҳур миёни файласуфон ва назарияпардозони илми сиёсати муъосир, Ҷон Кин чеҳраи бисёр маъруфе дар Эрон набуд. Аммо дар моҳҳои ахир, ибтидо дар баъзе мақолоти рӯзномаи "Кайҳон" ва сипас дар матни кайфархосте, ки дар додгоҳи иддае аз бузургони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон қироат шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi