03:42:36 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АҲМАДИНАЖОД ҲУКУМАТИ НАВРО ТАЪСИС МЕДИҲАД

Маҳмуди Аҳмадинажод, ки дар интихоботи баҳсбарангезе пирӯз эълом шуд, то рӯзи чоршанбе фурсат дорад, то ҳайъати ҳукуматашро муаррифӣ кунад.

То кунун вай номи шаш нафар аз номзадҳо ба мақомҳои вазирӣ, аз ҷумла ду номзади занро ба матбуот ошкор кардааст. Фотима Оҷурлу – вакили муҳофизакори порлумон ба мақоми вазири рифоҳ ва Марзия Воҳид Дастҷердӣ профессор ва вакили собиқи мардумиро ба мақоми вазири беҳдошт пешниҳод шудаанд. Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, дар ҳукуматаш ҳадди аққал се зан мақоми вазириро хоҳанд гирифт. 


Дар сурати ризоияти порлумони Эрон пас аз инқилоби исломӣ дар соли 1979 бори аввал бонувони эронӣ соҳиби мақоми вазирӣ хоҳанд шуд. 

Баъзе аз аъзои ҳукумати феълӣ, аз ҷумла Алӣ Акбар Меҳробиён – вазири маъодин, ва Шамсиддин Ҳусайн – вазири иқтисоди Эрон аз шарикони наздики Аҳмадинажод мақомҳояшонро ҳифз хоҳанд кард. Ба гуфтаи расонаҳои эронӣ, Сайид Ҷалилӣ - музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон ба мақоми вазири умури хориҷа пешниҳод хоҳад шуд. 

Дар назари аввал кори Маҳмуди Аҳмадинажод ба таври маъмулӣ пеш меравад, ки интихоби дубораи ӯ сабаби тазоҳуроти азим ва бӯҳрони амиқи сиёсӣ дар Эрон шуд. Аммо таҳаввулоти ахир нишон медиҳад, ки ӯ роҳи ноҳамворе дар пеш дорад ва ба чолишҳои ҷиддие аз тарафи рақибони ислоҳталаб ва шарикони суннатиаш аз ҷиноҳҳои муҳофизакор рӯ ба рӯ хоҳад шуд. 


Сиёсатмадорони ислоҳгаро, аз ҷумла рақиби Аҳмадинажод, Мирҳусайни Мусавӣ ва ҳамчунин Муҳаммади Хотамӣ - раисиҷумҳури собиқии Эрон мақомотро ба тақаллуб дар интихобот муттаҳам намуда ва ҳамингуна машрӯъияти ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажодро таҳти суол бурдаанд. Матбуоти Эрон пур аз сару садо доир ба эҳтимоли мухолифатҳои Аҳмадинажод бо ҷиноҳҳои дигари муҳофизакор, бахусус Содиқ Лориҷонӣ - раиси қувваи қазоияи Эрон аст. 

Ба навиштаи вебсайти ислоҳталаби “Навандеш”, интизор меравад, Содиқ Лориҷонӣ ду вазири собиқро, ки Маҳмуди Аҳмадинажод барканорашон карда буд, дигарбора ба мақомҳояшон баргардонад. Ғулом Ҳусайн Мӯҳсинии Эжеӣ - вазири собиқи иттилоъоти Эрон баъд аз онки интихоби баҳсбарангези Аҳмадинажод ба мақоми муовини раиси ҷумҳурро танқид кард, ба таври ногаҳонӣ аз мақомаш барканор шуд. 

Ӯ ҳамчунин нахостааст, то муҳокимаи дастаҷамъии тарафдорони мухолифин аз тариқи телевизион намоиш дода шавад, зеро вокуниши манфии ҷомеаро ба бор меорад. Мустафо Пурмуҳаммадӣ - вазири собиқи умури дохила низ пеш аз корзори интихоботӣ аз мақомаш сабукдӯш карда шуд. 

Тақӣ Раҳмонӣ - коршиноси эронӣ аз Донишгоҳи Глазго пешбинӣ мекунад, ки байни раиси ҷумҳур ва қувваи қазоия ихтилофоти назар хоҳад буд ва ҳар таниши эҳтимолӣ ба гуфтаи вай, ба сабаби “рафторҳои ошӯбҷӯёнаи” Маҳмуди Аҳмадинажод хоҳад буд. Аммо мегӯяд, Тақӣ Раҳмонӣ - Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - раҳбари олии Эрон саъй хоҳад кард, то аз ҳар гуна низоъ дар дохили ҷиноҳҳои муҳофизакор ҷилавгирӣ намояд. 

Айни замон мақомоти эронӣ ҳанӯз ҳам бо масоили бӯҳрони пас аз интихобот даргиранд. Рӯзи душанбе, додситони Теҳрон дастур дод, то рӯзномаи “Эътимоди Миллӣ”, ки ба ҳизби Меҳдӣ Каррубӣ -номзади шикастхӯрда дар интихобот тааллуқ дорад баста шавад. Каррубӣ ва рӯзномаи мазкур мақомотро ба бадрафторӣ бо боздоштшудагон ва таҷовузи ҷинсии баъзе аз духтарону писарони дасгиршуда муттаҳам карданд. 

Агарчӣ мақомоти Эрон ин иддаъоро рад мекунанд, аммо чанд маъмури амниятиро аз мақомашон барканор намуда ва гуфтаанд, ки онҳоро муҳокима хоҳанд кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi