11:32:10 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АФҒОНИСТОН ДАР ОСТОНАИ ИНТИХОБОТ

Мардуми Афғонистон, ки аз ҷанг безор ва ташнаи сулҳанд, умед доранд, ки интихоботи раёсати ҷумҳур онҳоро ба ин орзуи деринаашон мерасонад.

Аз ин хотир интизор меравад, бо вуҷуди таҳдиди Толибон ва саъйи онҳо барои тарсонидани мардум, мардону занони соҳиби ҳаққи раъй ба таври густурда дар интихоботи Афғонистон ширкат хоҳанд кард. Як сокини солхӯрдаи вилояти Парвон мегӯяд, бо умеди ояндаи орому осуда ба раъйдиҳӣ хоҳад рафт. Ба гуфтаи Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон, аз миёни аҳолии 33 миллионнафарии кишвар тақрибан нисфи онҳо воҷиди ҳаққи раъй ҳастанд. 

Барои раъйдиҳии онҳо 7 ҳазор қитъаи раъйдиҳӣ омода кардаанд, ҳарчанд ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ, 440 қитъаи интихоботӣ бинобар далоили амниятӣ баста хоҳад шуд. Дар интихобот 31 номзад ба мақоми раисиҷумҳур ширкат мекунанд ва аз миёни онҳо Ҳомиди Карзай – раисиҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло – вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон сертарафдоранд, аммо бисёриҳо интизор доранд, ки Ҳомиди Карзай дар интихобот пирӯз хоҳад шуд. 

Рамазон Башардӯст - вазири барномарезиҳои иқтисодӣ ва Ашраф Ғанӣ - вазири собиқи молия, аз чеҳраҳои дигари бонуфуз маҳсуб мешаванд, ки ба баъзе тахминҳо на бештар аз ду дар сади раъйи мардумро соҳиб хоҳанд шуд. 

Дар маъракаи таблиғотии интихоботӣ занону духтарони Афғонистон бесобиқа фаъол буданд 
Ҳамзамон бо интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон интихоби вакилони маҷлисҳои вилоятӣ сурат мегирад, ки 3 ҳазор нафар номзад, ки даҳ дар садашон зан ҳастанд, дар он ширкат меварзанд. 

Масъалаи таъмини амният дар интихобот ҳам ба ӯҳдаи 100 ҳазор нафар аз сарбозони хориҷӣ ва 180 ҳазор нафар сарбозу маъмурони пулиси Афғонистон аст. Ҷомеаи байналмилалӣ, ки барои истиқрори оромиву субот дар Афғонистон мусоидат мекунад, дар амри баргузории интихобот ба Кумиссиёни мустақили интихоботи ин кишвар 220 миллион доллар кӯмак кардааст. 

Чанде аз созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо нозирони хешро барои назорати интихоботи Афғонистон фиристодаанд. Аммо нозирони тоҷик интихоботи ҳамсоякишварро назорат нахоҳанд кард, зеро ба гуфтаи намояндаи Кумиссиёни марказии интихоботи Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов, аз онҳо чунин даъвате нашудааст. Аммо, гуфт Муҳибулло Додоҷонов, Тоҷикистон умедвор аст, ҳар касе, ки дар интихоботи Афғонистон пирӯз мешавад, оромиву суботро дар ин кишварро таъмин мекунад.

Табиист, ки баргузор кардани интихобот дар кишваре, ки ҷангу муноқишаҳои тӯлонӣ вайрону валангораш кардаанд, осон намебошад. Танҳо сеяки мардуми ин кишвар соҳиби хатту саводанд. Дар баъзе аз маҳалҳо роҳҳо ба андозае хароб аст, ки сандуқҳои раъйро ё бо чархбол ва ё бо хар мерасонанд. 

Толибон, ки ҳашт сол пеш аз миён бардошта буданд, ҳоло назар ба гузашта қавитар шуда ва таҳдид ҳам кардаанд, ки интихоботро ба ҳам мезананд. Ниҳодҳои заъиф, масофаҳои тӯлонӣ ва ноамнӣ ҷилавгирӣ аз таққалубкорӣ дар интихоботро мушкил мекунад ва аз ҳамин ҳоло сару садо дар ин маврид зиёд аст.

Тоҳири Сафар, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi