00:16:54 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

СИТОДИ КАРЗАЙ: "КАРЗАЙ БАРАНДАИ ИНТИХОБОТ АСТ"

Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ду рақиби аслӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, иддаъоҳои пирӯзии худ дар ин интихоботро кардаанд. Ситодҳои интихоботии раиси ҷумҳурии феълӣ ва вазири хориҷаи собиқи Афғонистон гуфтаанд, ки номзадҳои онҳо аксарияти орои интихобкунандагонро ба даст овардаанд. Мақомҳои Кумисиюни интихоботи Афғонистон пештар гуфта буданд, ки шумориши оро ба поён расида ва натоиҷи он базудӣ эълом хоҳад шуд. Аммо ин мақомот алайҳи пешбинии натоиҷи интихобот ҳушдор дода буданд.

Ҳоҷӣ Дин Муҳаммад, раҳбари ҳайъати интихоботии Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳур, ба хабаргузории Руйтер гуфтааст: "Натоиҷи муқаддамотӣ ҳокист, ки президент орои бештареро ба даст овардааст. Даври дувуми интихобот баргузор нахоҳад шуд, зеро аксарияти оро ба мо таъаллуқ гирифт."

Дар муқобил, Фазли Сангчоракӣ, аз сухангӯёни Абдуллоҳи Абдуллоҳ, вазири хориҷаи собиқ, ин иддаъоро радд кард. Вай бо такя ба нозирон аз тими оқои Абдуллоҳ гуфт, ки вазири хориҷаи собиқ 63 дарсад ва оқои Карзай 31 дарсади ороро ба даст овардаанд.

Оқои Санчоракӣ ба хабаргузори Эй-эф-пи (AFP) гуфт: "Ин натиҷаи ниҳоӣ нест. Мо ҳамчунон омори ҷадиде аз намояндагони худ дар марокизи раъй дарёфт мекунем. Шояд ин омор то фардо ниҳоӣ шавад."

Вале мақомҳои Кумисиюни интихоботи Афғонистон иддаъоҳои ин ду номзадро таъйид ва ё такзиб накардаанд. Онҳо аз тимҳои номзадҳо ба интихобот хостаанд, ки аз пешбинӣ ё ибрози назар дар бораи натоиҷи интихобот худдорӣ кунанд. Милюнҳо нафар аз мардуми Афғонистон ба рағми таҳдидҳои Толибон дар интихоботи рӯзи панҷшанбе ширкат доштанд. Ҷараёни раъйгирӣ нисбатан ором гузашт, ҳарчанд аз ҳамалоти шӯришиён дар бархе манотиқ гузориш шуд.

Омрико, Созмони Милали Муттаҳид ва НОТУ аз раванди интихобот дар Афғонистон ситоиш карданд. Зикриё Баракзай, як масъули Кумисиюни интихоботи Афғонистон, гуфтааст, ки таваққуъ меравад дар маҷмӯъ байни 40 то 50 дарсад аз раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат карда бошанд.

Қадрдонии Карзай

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, соъоте баъд аз поёни интихобот дар як кунфронси хабарӣ ширкат кард ва поёни муаффақиятомези интихоботро ба мардуми кишвараш табрик гуфт.

Оқои Карзай баргузории интихоботро "гоми дигаре" барои сохтани як кишвари "худкифо" тавсиф кард. Ӯ ҳамчунин аз мардуми Афғонистон, ки ба гуфтаи ӯ, бо қабули хатар ва таҳдидҳои амниятӣ аз хонаҳои худ берун шуда ва раъй додаанд, қадрдонӣ кард. Оқои Карзай гуфт, ки дар кулл ҳафтоду се мавриди хушунат дар понздаҳ вилояти Афғонистон дар ҷараёни интихобот сурат гирифт. Ӯ дар айни ҳол аз нерӯҳои амниятии Афғонистон қадрдонӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ барои "ояндаи миллат" ҷони худро аз даст доданд.

Оқои Карзай дар посух ба суолоти хабарнигорон дар мавриди наҳваи баргузории интихобот ва ин ки дар бархе маворид шикоятҳое вуҷуд доштааст, гуфт то замони эъломи натоиҷ ба ҳеҷ суоле дар ин маврид ҷавоб нахоҳад дод.

Ашрафғанӣ: Мавориде аз тақаллуб дида шуда

Дар ҳоле ки оқои Карзай аз поёни муваффақонаи интихобот сухан мегӯяд, Ашрафғанӣ Аҳмадзай, яке аз рақибони аслии ӯ, раванди интихоботро комилан муваффақ намедонад. Оқои Аҳмадзай гуфт: "Дар баъзе нуқот, мисли шарқ ва Ҳирот, интихобот нисбатан муназзам анҷом шуда ва дар нуқоти дигар, мисли Қандаҳор, тақаллубу эҳтимоли тақаллуб ва осори тақаллуб зиёд будааст. Дар айни ҳол, дар шимол аз зӯр ба нафъи номзади хоссе истифода шудааст."

Оқои Аҳмадзай ҳамчунин аз вазъияти амниятии номуносиб дар рӯзи интихобот интиқод кард ва гуфт: "Ин вазъ ҳикоят аз ҳукумате мекунад, ки натавонист амниятро дар нуқоти мухталифи кишвар ҳифз кунад. Ин вазъият боъис шуд, ки қисмати аъзами мардум натавонанд дар интихобот саҳм бигиранд."

Оқои Аҳмадзай бо вуҷуди интиқодоте, ки дорад, таъкид мекунад, ки дар шароити кунунӣ "субот ва оромӣ мардум аст" ва бо ишора ба дидгоҳи ислом мегӯяд: "Ҳукумати бад беҳтар аз набуди ҳукумат аст."

Абдуллоҳ: Шикоятҳоро аз тариқи қонунӣ дунбол мекунем

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, дигар номзади аслӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, бо ишора ба мушкилоти амниятӣ, ки дар тамоми Афғонистон вуҷуд дошт, аз ширкати мардум дар интихобот қадрдонӣ кард ва онро як нуктаи мусбат қаламдод кард. Вай дар айни ҳол гуфт: "Иддаъоҳое дар бораи тақаллуб матраҳ шудааст ва мо тасмим дорем, ки аз тариқи маҷрои қонунӣ онро дунбол кунем, то аз ин тариқ ҷилави тахаллуфот гирифта шавад." Ин номзади интихобот дар бораи мизони ризояташ аз интихобот мегӯяд: 

"Ҳамаи мо умедвор будем, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар шароити беҳтаре баргузор шавад. Дар интихоботи давраи қабл мушкилот ба ин ҳад набуд. Бо ин ҳол, аз ин ки интихобот баргузор шуда ва мардум бо вуҷуди хатар дар он ширкат кардаанд, нишондиҳандаи тасмими мардуми Афғонистон аст ва аз ин ҷиҳат ман розӣ ҳастам."

Оқои Абдуллоҳ ҳамчунон гуфт интизор бар ин буд, ки дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, вазъият одилонатар мебуд, садҳо шикоят вуҷуд дорад, аммо "бояд ба тасмими мардум барои ширкат дар интихобот эҳтиром гузошт."

Оқои Абдуллоҳ таъкид мекунад, ки натиҷа ҳар чи бошад, раъйи мардум барои ӯ қобили эҳтиром аст ва то ҷое ки имкон дошта бошад, кӯшиш хоҳад кард, ки раъйи мардум зоеъ нашавад. "Дар ҷое ки раъйи мардум дар натоиҷи интихобот инъикос пайдо кунад, он интихобот мавриди қабули мо хоҳад буд."

Натоиҷи ибтидоии интихобот то ду ҳафтаи дигар ва натоиҷи ниҳоӣ то чаҳор ҳафтаи дигар эълом хоҳад шуд. Аммо ҳоло масъалаи аслӣ ин аст, ки эъломи натоиҷи интихобот Афғонистонро ба кадом сӯ хоҳад бурд? Оғози як даври ҷадид? Ё танишҳои сиёсӣ?

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi