23:13:04 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

ЛУКАШЕНКО ҲАҚ АСТ, БОЯД ӮЗБАКИСТОН АЗ СПАД РАВАД

Тавре маълум аст, зимни баргузории маҷлиси Шӯрои Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ дар Белорусия президенти ин кишвар ба сарварони кишварҳои узви СПАД пешниҳод сохт, ки иштироки минбаъдаи Ӯзбакистон дар ин ташкилот аз нав дида шавад.

/images/stories/2011/11/27_leonid-ivashov271111.jpgБа гуфти Лукашенко, Ӯзбакистон дар чаҳорчӯбаи созмон ягон ҳуҷҷати муҳимро ба имзо нарасонидааст ва ҳуқуқи маънавии шомил будан ба созмонро надорад. Изҳороти Александр Лукашенкоро дар мусоҳиба бо шабакаи радиёии "Голос России" президенти Академияи қазияҳои геосиёсӣ, доктори илми таърих, генерал полковник Леонид Ивашов шарҳ дод.

-Лукашенко иброз дошт, ки Ӯзбакистон ягон ҳуҷҷатро дар чаҳорчӯбаи СПАД ба тасвиб нарасонидааст. Барои чӣ мо маҳз аз забони ин сиёсатмадор чунин изҳоротро мешунавем?

-Александр Григоревич дуруст мегӯяд -бояд мавқеи худро муайян сохт. Ҳоло ба Иттиҳоди Авруосиё таваҷҷӯҳи бештар эҳсос мешавад, Иттиҳоди Гумрукӣ васеъ хоҳад гашт, бинобар ин оиди амният бояд фикр намуд. Ӯзбакистон дар ҳолати номуайян қарор дорад.

Аввалан, Паймон оиди амнияти дастаҷамъӣ маҳз дар Тошканд 14 майи соли 1992 ба имзо расида буд. Ӯзбакистон сараввал иштирокчии фаъоли СПАД буд, баъдан фаъолияти худро дар доираи ташкилот қатъ сохт. Сипас ӯ кӯшиши сохтани муносибати дутарафаи стратегиро бо Русия кард, баъд боз аъзои паймон гардид.

Вале бояд ба назар гирифт, ки ба Тошканд ИМА ва Аврупо сахт фишор меоранд. Ин ҳуқуқҳои инсон, душвориҳои иқтисодӣ ва ғайра мебошанд. Ӯзбакистон назди диллема қарор гирифтааст - яъне ба амрикоиҳо иҷозат додани ҷойгиркунии пойгоҳи низомӣ ва инфрасохторе, ки аз Афғонистон берун меоранд. Дар ин самт амрикоиҳо ҳам бо зӯрӣ фишор меоранд, ҳам қанд ваъда медиҳанд (дар намуди дастгирии сиёсии режим ва ёрии иқтисодӣ). Бинобар ин Ислом Каримов чунин сиёсати духӯраро пеш мебарад.

Ман фикр мекунам, масъаларо дуруст гузоштааст: ё ту -аъзои СПАД ҳастиву қарорҳои сохторҳои байнидавлатиро иҷро мекунӣ, ё аз созмон мебароӣ, ки ин албатта барои Узбакистон оқибатҳои ногувор дорад.

-Биёед, оиди моделҳои қабули ин қарор ҳарф бизанем. Лукашенко гуфт, ки бояд қарорҳои муайяну якмаъно қабул карда шаванд. Яъне, масъала гузошта шуд. Чӣ гуна моделҳои рушди ин вазъро шумо мебинед. Ягон чорабиниҳои маҳдудкунанда амалӣ мегарданд? Ягон сӯҳбати рӯиросту ошкоро бо Каримов доир хоҳад шуд?

-Ман фикр мекунам, ки ин масъала дар Шӯрои сарварони кишварҳои СПАД ё ИДМ гузошта хоҳад шуд. Вале ҳукумати Ӯзбакистон ба чӣ қарор хоҳад омад, чизе гуфтан мушкил аст. Он дар ҳолати ҳасосе қарор дорад, ки худаш худро ба он гирифтор кардааст. СПАД чист? Ин системаи муттаҳидаи муҳофизати зиддифазоист, ин системаи вокуниш ба таҳдиди хатар аст. Ин чизест, ки дар барномаҳои конкретӣ амалӣ мегардад. Барои ин бояд машқҳои муштарак ва ғайра гузаронем, барои он ки система амал бикунад. Аммо Ӯзбакистон ба ин омода нест.

-25 октябр парлумони Арманистон ду созишномае, ки дар чаҳорчӯбаи СПАД қабул шудааст, ба имзо расонид. Қарори аҷиб. Аз ин мебарояд, ки дар ҳолати мавҷуд набудани ҳамрайъӣ, аъзоёни норозӣ аз масъулият озод мешаванд. Ӯзбакистон магар наметавонад вобаста ба тағйиротҳои қабулгардида чун пешина амал намояд?

-Ба хаёлам, ҳамин гуна рафтор хоҳад кард. Ислом Каримов, мумкин, оиди баромадан аз Паймон на, балки муваққатан қатъ сохтани узвияти кишвараш дар созмон изҳорот пахш кунад. Яъне, расман кишвар аз паймон хориҷ намегардад, вале дар воқеият фаъолият нахоҳад кард. Чунин вариант имконпазир аст.

-Хурӯҷи Ӯзбакистон аз СПАД -варианти бадтарин аст?

-Бале, ин варианти бадтарин аст. Барои он, ки Ӯзбакистон хоҳ-нохоҳ бояд аъзои Паймон бошад. Дохили кишвар он қадар ором нест. Мо мебинем, ки дар ҳудуди Афғонистон гурӯҳҳои террористӣ фаъоланд. Бо рафтани амрикоиҳо ин фишор зиёд хоҳад гардид. Каримов қарори дуюмбора ба СПАД ворид шуданро дар замоне қабул намуд, ки таҳдиди террористӣ зиёд гардид, вақте ки дар Ӯзбакистон ҳаракати террористӣ авҷ гирифт ва сарҳадҳояш ноором буд. Ӯ ин қарорро таҳти фишори таҳдидҳои бехатарии режими кишвар қабул намуд. Ҳоло кишвар нисбатан ором аст, аммо ин оромии муваққатист.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi