04:07:33 02-уми Июли 2025 сол

СТРАТЕГИЯИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ ДАР ИШҚОБОД БАРРАСӢ ШУД

Ҷомеаи байналмилалӣ аз тағйири вазъи амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нигарон аст. Ин мавзӯъ рӯзи 30-уми ноябр дар нишасти Ишқобод, ки дар он мақомоти баландпояи кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ барои баррасии “Стратегияи зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ” гирди ҳам омаданд, матраҳ шуд.

/images/stories/2011/12/01_ashkabad_11211.jpgИн дар ҳолест, ки тайи як моҳи ахир сафари мақомоти мухталифи Амрико ба кишварҳои минтақа ба манзури баррасии густариши ҳамкориҳои амниятӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон бештар мушоҳида шудааст. Роберт Блейк, мушовири вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар ҳошияи ҷиласаи Ишқобод ин ва дигар мавзӯъотро рӯзи чаҳоршанбе бо Қурбонгули Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳури Туркманистон матраҳ кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии Туркманистон хабар дод.

Ҳадафи нишасти Ишқобод низ, ки намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон, Ҳинд, Покистон, Русия, Амрико ва мақомоти баландпояи Созмони миллал ва Иттиҳодияи Урупо дар он ширкат доштанд, баррасии мавзӯъоти марбут ба ташдиди субот ва амният ва мубориза бо террурисм дар минтақа унвон шудааст. Таъкид шудааст, ки роҳи ҳалли мушкилоти марбут ба амният дар минтақа бояд бо истифода аз таҷриба ва кумаки созмонҳои минтақаӣ ва хориҷӣ дар минтақа ҳалл шаванд.

Мирослав Енч, намояндаи дабири кулли Созмони миллал ва раиси маркази диплумосии пешгирона дар ин нишаст паёми Бон Ки-мун, дабири кулли СММ-ро дар заминаи аҳамияти иҷрои Стратегияи глобалии зидитеруристии СММ дар минтақаи Осиёи Марказиро қироат кардааст. Ин истротежӣ дар Маҷмаъаи Созмони Миллали Муттаҳид дар соли 2006 тасвиб шуда буд.

Ин истротежӣ як санади куллӣ аст, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии мубориза бо терурисмро дар бар гирифтааст. Ду мавзӯъи аслии ин нишаст - вазъ дар Афғонистон ва истифода аз диплусомии пешгирона барои ҷилавгирӣ аз вазъи бӯҳронӣ дар минтақа будааст. Нақши кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои истиқрори сулҳ дар ин кишвар калидӣ унвон шуд. Таъкид шуд, ки музокираи сиёсӣ ва талошҳои муштарак барои ҳамкории созмонҳои минтақаии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, Созмони Шонгҳой, ЭКУ ва Созмони кишварҳои мустақили ҳамсуд дар ин самт муҳим будааст.

Афзоиши нишастҳо ва мулоқотҳои марбут ба амният дар минтақа ҳамзамон бо афзоиши нигарониҳо аз паёмадҳои хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико аз Афғонистон сурат мегирад. Ин мавзӯъ дар чаҳорчӯби нишастҳо, мизи гирдҳо ва мулоқотҳои баландпояи интизомӣ ва амниятӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ мешавад.

Гуфтугӯи Брукс бо низомиёни тоҷик

Рӯзҳои 20 ва 21-уми ноябр фармондеҳи Маркази фармондеҳии артиши Амрико мавзӯъи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва амниятиро бо мақомоти зирабти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон баррасӣ кард. Ин мавзӯъ аз ҷумла миёни Винсетн Брукс, фармондеҳи Маркази фармондеҳии артиши пиёдагарди Амрико бо фармондеҳони Горди Миллӣ ва Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон матраҳ шуда буд.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи ин мулоқот худдорӣ карданд, иттилоъ дар бораи ин мулоқотҳо рӯзи 30-юми ноябр дар вебсойти Маркази фармондеҳии артиши пиёдагарди Амрико ё Артиши сеюм мунташир шуд. Ин вебсойт аз ҷумла хабар медиҳад, ки ин фармондеҳи Амрикоӣ бо мақомоти вазорати дифоъ, кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Горди миллии Тоҷикистон дидор дошта ва дар бораи густариши ҳамкориҳои Артиши севум бо ин ниҳодҳо барои мубориза бо террурисм гуфтугӯ кардааст.

Бино ба гузориши ин ниҳод женерол Раҷабалӣ Раҳмоналиев, фармондеҳи Горди Маллӣ дар ин мулоқот гуфтааст: “Низомиёни тоҷик бо маркази фармондеҳии Амрико беш аз даҳ тамриноти низомӣ баргузор кардаанд ва варзидатарин сарбозон дар минтақа маҳсуб мешаванд.”

Вай афзудааст, ки “бо фарорасии замони хуруҷи низомиёни Амрикоӣ аз Афғонистон мо бояд ҳамкориҳоро бештар кунем, зеро он замон кишвари мо таҳти фишори бештар қарор хоҳад гирифт.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан бархе аз расонаҳо хабарҳои мабнӣ бар музокироти сиррӣ миёни мақомоти Тоҷикистон ва Амрико дар бораи пойгоҳи низомӣ миёни женерол Брукс ва мақомоти Тоҷикистон гузориш карда буданд. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ин хабарҳоро билофосила рад кард, вале аз ироаи ҷузъиёти сафари ин фармондеҳи Амрикоӣ худдорӣ карда буд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ