18:38:25 01-уми Июли 2025 сол

ЯКЕ АЗ САРВАТМАНДТАРИН АФРОД БО ПУТИН РАҚОБАТ МЕКУНАД

Михаил Прохоров, яке аз миллиёрдерҳои Русия эълом кардааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия бо Владимир Путин, нахуствазири ин кишвар рақобат хоҳад кард. Ӯ дар як нишасти матбуъотӣ рӯзи душанбеи 12 декабр гуфт: "Ман тасмим гирифтам. Ин шояд ҷиддитарин тасмим дар зиндагии ман бошад. Ман дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунам."

/images/stories/2011/12/12_prokhorov_121211.jpgПештар оқои Прохоров қасд дошт дар интихоботи Думо, маҷлиси суфлои порлумони Русия ба унвони номзад ва раҳбари ҷунбиши "Кори ҳақ" ширкат кунад. Ӯ дар моҳи июни соли 2011 раҳбари ин ҷунбиш интихоб шуда буд. Аммо баъд аз бурузи ҷанҷол дар раҳбарии ин ҷунбиш дар моҳи сентябр ин милиёрдери Русия аз мақоми раҳбарии он канорагирӣ кард.

Ӯ рӯзе ки ин мақомро тарк мекард, гуфт ин созмонро "ғосибон гирифтаанд" ва Владислав Сурков, муъовини дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русияро омили ин вазъ хонд. Дар он замон ӯ изҳор дошт, ки аз сиёсат нахоҳад рафт ва афзуд, ки ҳар вақт дар кишвар "шароит барои тағйирот фароҳам шавад" фаъолияти сиёсиашро аз сар хоҳад гирифт.

Михаил Прохоров дар нишасти хабарии рӯзи душанбе ҳамчунин гуфт пас аз интихобот ҳизби ҷадид таъсис мекунад. Эъломи ворид шудан ба рақобат дар интихоботи рёсати ҷумҳурӣ аз суи савумин фарди сарватманди Русия ба дунболи интихоботи эътирозбарангези порлумонӣ дар Русия сурат мегирад.

Рӯзи шанбеи гузашта дар шаҳрҳои мухталифи Русия тазоҳуроти густарда алайҳи натоиҷи ин интихобот баргузор шуд, ки ба гуфтаи нозирон дар бист соли ахир бузургтарин тазоҳурот будааст. Тибқи натоиҷи расмии ин интихобот тақрибан 50 дарсади оро ба ҳизби ҳокими "Русияи муттаҳид" тааллуқ гирифтааст, ҳизбе ки Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳур ва Владимир Путин, нахуствазир аз раҳбарони он ҳастанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ