08:31:03 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ҶАНГ ҲАМЧУН БИЗНЕС. САБАБ ВА ОҚИБАТҲОИ "БАҲОРИ АРАБӢ"

ӯб кардани ҳар гуна нишонаҳои оппозитсияи сиёсии исломӣ. Душман маълум аст: исломи сиёсӣ, ки идеологҳои амрикоӣ "ба фашизм" баробар кардаанд. Усулҳои мубориза  ҳам маълуманд: фишори ҳарбӣ-сиёсӣ, дипломатӣ ва иқтисодӣ ба режимҳои арабие, ки истифодагарӣ мекунанд.

Мақсад ҳам маълум: дар олами ислом барқарор кардани системаи сиёсии амрикогарои либерал-демократӣ. Ҳамин тариқ, лоиҳаи "Ховари Наздики калон" ин эълони ҷанг ба тамоми олами ислом аст, ки дар онҳо режимҳои сиёсӣ -ҳам бунёдгарою ҳам мӯътадил ва ҳам нисбатан амрикогаро бояд аз байн раванд. Амалан ба кишварҳои арабӣ ултиматум пешниҳод мешавад: ё аз баҳри истиқлолияти сиёсӣ, махсусиятҳои динию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба фоидаи ИМА ва сохти дунявии либерал-демократӣ мебароянд, ё ба муқобили онҳо ҷанг эълон мешавад. Тасодуфӣ нест, ки ҳеҷ кадоме аз инқилобҳои "Баҳори арабӣ" ғайри сарнагун кардани режими ҳукмрон идеяи дигаре надорад.

Якчанд сабабҳое ҳастанд, ки мувофиқӣ онҳо -Африқо барои иқтисодиёти ҷаҳонӣ аҳамияти стратегӣ дорад, аз ҷумла барои манфиатҳои геополитикии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Асосии онҳо ин нафт аст. Захираи умумии нафти кишварҳои африқоӣ 16,6 миллиард тонна аст, ки ин 10 фоизи захираҳои нафти ҷаҳонро ташкил медиҳад. Доир ба ин нишондод Африқо танҳо аз Ховари Наздик ва Авру-Осиё қафо асту халос. Айни замон 15 %-и нафте, ки ба ИМА содир мешавад, саҳми Африқои Ғарбӣ аст ва давоми 25 соли наздик ин нишондод ба 25 % хоҳад расид. Конҳои нафт дар соҳилҳои Ангола, Сан-Тема, Габон ва Нигерия ёфт шудаанд. ИМА кӯшиш дорад, ки вобастагии энержии худро аз Ховари Наздик коҳиш диҳад ва аз ҳамин сабаб Африқо ба объекти махсуси бизнес-манфиатҳои Амрико табдил ёфтааст.

Захираҳои гази қитъа ҳам хеле калонанд. Вай ба 14,65 триллион метри мукааб баробар аст, ки ин 7,9 фоизи захираҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад. Доир ба захираҳои исботшудаи газ Нигерия ва Алҷазоир (аввалӣ 5,22 ва дуввумӣ 4,5 триллион метри мукааб) танҳо аз Русия, Эрон, Қатар, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб қафо мемонанд, вале аз содиркунандаи калони газ Норвегия (2,91 триллион метри мукааб) андаке дар пешанд. Бояд гуфт, ки Норвегия ҳам дар маъракаи Либия иштирок дошт. 

Карбогидридҳо ашёи хоми ягонаи Африқо нестанд. Қитъаи мазкур ҳамчунин аз канданиҳои фоиданок, ба мисли руҳ, кобалт, мис, уран ва боксит бой аст. Ҳамин тариқ, Африқо ва Ховари Наздик имрӯз нуқтаи ҳаётан муҳими бархӯрди манфиатҳои ду абарқудрат -ИМА ва Чин мебошанд, ки аллакай байни худ ба муборизаи оштинопазир барои дастрасӣ бо захираҳои энержӣ ва нуфузи сиёсӣ дар минтақа пардохтаанд. Дар ин ҷой ИМА кӯшиш дорад, ки идеяи бисёрқутбии олами муосирро зинда ба зинда гӯр кунад ва махсусан ташвишовар он аст, ки ба муваффақиятҳои муайяне ҳам ноил шудааст.

Баробари ин метавонам гӯям, ки сабаби асосии экспансияи навбатии Ғарб дар Африқо канданиҳои фоиданок набудаанд. Имрӯз он далел маълуми оламиён шудааст, ки дар Либия захираи бузурги оби ширин мавҷуд аст. Ба ақидаи коршиносони СММ вай вақтҳои наздик аз нафт гаронбаҳотар мешавад.

Саъю талош ба монополияи захираҳои об аллакай аз ҳозир омили муҳимтарини сиёсати ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар ҷануби Либия бошад чаҳор резервуари бузурги об (воҳаҳои Kufra, Sirt, Morzuk ва Hamada ) мавҷуданд, ки бо лоиҳаи Қаззофӣ бунёд шудаанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо дар ин резервуарҳо 35 ҳазор километри мукааб (!) об ҳаст. Ин баробари тамоми ҳудуди Олмон аст бо кӯли чуқуриаш 100 метр.

Як метри мукааб оби тоза дар резервуарҳои Либия бо назардошти ҳамаи масрафҳо 35 сент арзиш дорад. Ин тақрибан баробари оби хунук дар Маскав аст. Агар арзиши як метри мукааб обро дар Аврупо (қариб 2 евро) ба ҳисоб гирем, арзиши захираҳои оби резервуарҳои Либия 58 триллион евроро ташкил медиҳад. Нархи оби ширинкардашудае, ки ширкатҳои аврупоӣ, амрикоӣ ва исроилӣ бе африқоиҳо пешкаш мекунанд, байни 3,75 ва 4 доллар мекалабад.

Барои муқоиса: захираҳои исботшудаи нафти Либия 5,1 миллиард тонна аст ва бо нархи имрӯза ин қариб чаҳор триллион долларро ташкил медиҳад. Агар обро ҳатто бо нархи 35 сент (на 4 долларӣ) фурӯшанд, маблағи он ба 10 триллион доллар баробар мешавад. Агар як метри мукааби он 4 долларӣ ба фурӯш равад, арзиши захираҳои оби Либия ба 140 триллион доллар мерасад. Магар Ғарб метавонад аз баҳри чунин фоида барояд?

Ғайри ин Либия ба лоиҳаҳои оби худ метавонист "инқилоби сабз"-и ҳақиқиро оғоз кунад ва имкон дошт проблемаҳои зиёдеро доир ба маводи ғизоӣ дар Африқо ҳал қунад, субот ва истиқлолияти иқтисодиро таъмин намояд. Барои Сандуқи байналмилалии пул (МВФ) ва кортелҳои глобалӣ, албатта, хеле фоиданоктар аст бо зӯрӣ бор кардани лоиҳаҳои гаронбаҳои худ, ба мисли ширин кардани оби баҳр.

Лоиҳаҳои мустақилонаи Либия ба нақшаҳои онҳо мувофиқ намеомаданд. Акнун маълум мешавад, ки чаро барои Вашингтон кишварҳои Мағриб минтақаи калидӣ дар харитаи ҷаҳон маҳсуб мешаванд. Барқарор кардани контрол бар онҳо имконият медиҳад транзити глобалии карбогидридҳо ва ашёҳои хоми дигари стратегияро барои иқтисодиётҳои калони рушдкардаистода (пеш аз ҳама Чин) идора кунанд. Ин мақсади аввал ва сабаби асосии  ҳодисаҳои "инқилобӣ" дар минтақа мебошад.

Аз эҳтимол дур нест, ки дар назди ҳокимони нави бо кӯмаки технологияи "инқилобҳои ранга" ва "бесарусомонии идорашаванда" ба сари ҳокимият омада вазифаи қатъ кардан (ва ё хеле маҳдуд кардани) содироти нафту газ ба Чин гузошта мешавад. Мақсади дуюми асосии Вашингтон ба муборизаи наздикшудаистода барои Африқо ва захираҳои энержии он дар маҷмӯъ дахл дорад. Ҳамчун сабаб барои рақобати абарқудратҳо ва шайъи (предмет) тақсимоти нави геополитикии доираи нуфуз қитъаи Африқо луқмаи равғанин мебошад.

Дар ин азнавсозӣ ИМА нақши калидиро бозӣ кардан мехоҳад ва ба консепсияи нави ташкилан геополитикии "Ховари Наздики Калон" такя мекунад. Силсилаи "инқилобҳои ранга" дар кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Ховари Наздик қадами аввалине буд дар роҳи амалӣ кардани ин консептсия. Вале ҳар як ҷанг барои амрикоиҳо ин пеш аз ҳама бизнеси даромаднок аст ва аллакай дар Конгресс пешниҳодҳо дар бораи ҷуброни хароҷотҳои ИМА барои амалиёт дар Либия аз ҳисоби маблағҳои аз муомилот боздошташудаи соҳибони пештараи Триполи садо медиҳанд.

Ба ташаббуси мазкур котиби давлатӣ Хиллари Клинтон мароқ зоҳир кард ва роҳбари хадамоти матбуоти департаменти давлатӣ Виктория Нулан дарҳол арз намуд, ки қисми зиёди моликияти Либия дар ҳаҷми 32 миллиард доллар, ки дар системаи бонкии Амрико ҳабс шудаанд, "активҳои ғайрибозоргир" мебошанд. Бино ба маълумоти ӯ маблағҳои нақдина "қисми на он қадар калон"-и ин маблағҳоро ташкил медиҳанд -қариб 10 %. Албатта, кам аст, вале барои хароҷоти маъракаи оянда, масалан, зидди Сурия, кофист!

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi