23:50:42 22-уми Июни 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

ФАЪОЛИЯТ ВА ҶИНОЯТИ ВЛАДИМИР ПУТИН

Тало Бассо, Астрит Далли, LI Manifesto

Тобистони соли 1999 барои Русия яке аз замонҳои даҳшатноктарин баъди Ҷанги ҷаҳонии дуюм буд. Мамлакат баъд аз шикасти молиявии августи соли 1988 то гулӯ ба бесарусомонӣ ғӯтид ва чунин ба назар мерасид, ки минтақаҳои ҷанубии қафқозӣ яке паси дигар ба мисли Чеченистон ҷудо мешаванд.

/images/stories/2011/12/19_putin_sunglasses_1812.jpgДар шаҳрҳо, шурӯъ аз Маскав амалҳои террористии даҳшатнок ва номаълум ҳамчун офатҳои табиӣ ба вуҷуд меомаданд. Гумон мекарданд, ки ҳама чиз фурӯ мерезад, ҳатто маъмурияти ҳукуматӣ. Раисҷумҳури пиру бемор ва манфур, ки бо вуҷуди ин тамоми фишангҳои ҳокимиятро дар даст нигоҳ медошт, паси ҳам сарвазирҳоро дигар мекард, ки дар назари аввал хеле бемаънӣ ба назар мерасид.

Мамлакати баъди ҳашт соли анархияи ҷиноӣ-бозорӣ, ки пас аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ фаро расида буд, беҳолу бемадоршуда ва ба зону нишаста бояд батамом фурӯ мерехт. Аммо дар ҳамин шабу рӯз ба сари ҳокимият омадани афсари номашҳури хадамоти махфӣ Владимир Владимирович Путин нозунузи навбатии Борис Елтсин не, балки оғози эраи нав на танҳо барои Русия, балки барои тамоми ҷаҳон буд.

Дар китоби худ "Рафиқ Путин" Франчаска Мереу манзараи ин моҳҳоро ҳамчун асари дидективии шавқовар тасвир мекунад. Вай бо ашхоси амалкунанда ва шоҳидон мусоҳибаҳо анҷом медиҳад ва онҳо доир ба ин ҳодисаҳои калидӣ ва фоҷиавӣ нуқтаи назари худро баён мекунанд. Гувоҳиҳои агентҳои собиқи Кумитаи амнияти давлатӣ (КГБ), сиёсатмадорон, соҳибкорон, журналистҳо, одамони оддӣ, ки бо сабабе ба гирдоби ҳодисаҳо ҷалб шуда буданд, якҷоя пораи мозаикаро ташкил медиҳанд.

Натиҷаҳои ин ҳодисаҳо ба мо маълум аст "ихтирои диктатураи демократӣ" (зерсарлавҳаи китоб чунин аст), лекин аҳамияти амалии ин феноменро ҳоло боз пурра сарфаҳм рафтан лозим меояд. Аз ҷониби дигар Мереу, бонуи хабарнигори итолиёӣ, худ шоҳиди ин марҳила мебошад. Вай 12 сол дар Маскав кор кардааст, аввал ба ҳайси хабарнигори радиои "Озодӣ"-и амрикоӣ ва баъд ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи "The Moscov Times".

Бинобар ин, вай метавонад таассурот ва ҳаяҷону изтиробҳои шахсии худро доир ба ҳодисаҳои соли 1999 ва солҳои баъд, ки нишонаҳои фарқкунандаи эраи нави Русияро муайян карданд, нақл кунад, яъне замони ба сари ҳокимият омадани намояндагони хадамоти махфиро. Ҳамчун дебоча нақл дар бораи даҳсолаи аввали ҳукмронии Путин ногузир мегардад (баъди он даҳсолаи дуюм фаро мерасад, баъди интермедияи кӯтоҳмуддати Медведев).

Дар китоб ки ҳамчун асари криминалии ҷосусист, барои инъикоси эволютсияи иҷтимоии Русия, ҳамчунин авҷи болоравии иқтисодиёт, ки ҳамон солҳо ба амал меомаданд, қариб ҷой нест. Ба нақши аввал ҷиноятҳои махфии давлатӣ, моҷароҳо, қонунҳое, ки озодиро буғӣ мекунанд, манёврҳои хадамоти махфӣ бо мақсади ба даст овардани контрол бар сиёсат ва иқтисодиёт мебароянд.

Мумкин эътироз кардан, ки дар ин ҳол портрети таърихӣ аз ҳад зиёд барқасдона ва "ҳадафнок" мешавад, вале далел ҳамчун далел боқӣ мемонад: ҷиноятҳо ва манёврҳо бо мақсади боздоштани ҳар гуна рушди демократии Русия дар ҳақиқат ба андозаи зиёд содир мешуданд, ки инро ҳеҷ кас сарфаҳм намеравад ва солҳои охир сарфаҳм ҳам нахоҳад рафт.

Бинобар ин чунин назари тезу тунди танқидӣ, ҳарчанд ки он қадар беғараз нест, қонунӣ мебошад. Ин барои он лозим аст, ки ба Италияи мафиозӣ рӯшанӣ андохта шавад, бар он ки даҳсолаи охир сарвазир чӣ хел системаи ҳокимиятро "русификатсия" кардааст.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi