20:47:26 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАЛҚА ДАР ГАРДАНИ ЭРОН САХТАР МЕШАВАД?

Хелен Кеннеди, New York Daily News

Чанде пеш президент Обама кӯшиши бемуваффақонаи фишороварӣ ба Русия ва Чин намуд, то ки ин кишварҳо самтҳои дипломатӣ оиди боздоштани барномаи ҳастаии Эронро дастгирӣ кунанд. Вале худи ҳамон рӯзи якшанбе шаҳодатҳои нави гузаронидани амалиёти пинҳонии босамар ва бераҳм пайдо шуданд, ки дар чаҳорчӯбаи он заифгардонии потенсиали ҳарбии Эрон идома дорад.

/images/stories/2011/12/20_propaganda-201211.jpgҲукуматдорони эронӣ хабар доданд, миёни 17 нафари ҳалокгардида дар натиҷаи таркиши сахт дар анбори силоҳ як қумондони олирутбаи Силоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, ки барномаи рокетии Эронро  роҳбарӣ мекард, будааст. Ожонсии иттилоотии давлатии IRNA бошад, хабар дод, ки олимон дар системаҳои компютерии худ вируси навро пайдо намуданд. Он намуди наву муназзамтари "кирми" Stuxnet, ки соли гузашта барои халалдорсозии фаъолияти сентрифугаҳои эронӣ истифода бурда шуда буд, мебошад.

Эрон изҳор дошт, ки таркиш дар пойгоҳи низомӣ ҳолати тасодуфӣ буда, вируси нави "Диди"-ро манъ сохтан муяссар гардид. Аммо рӯзномаҳои исроилӣ ва баъзе мутахассисони амрикоӣ тасдиқ мекунанд, ки ин идомаи амалиёти махфии СРУ ва Моссади Исроил дар самти нобудсозии таҳдиди ҳастаии эронӣ будааст. Кампанияи махфӣ серияи кушторҳои олимони соҳаи ҳастаии эрониро, ки соли 2007 оғоз гардида буд, ҳамчунин таркиш дар дигар пойгоҳи рокетии Эрон, ки ду сол қабл ба вуқӯъ омада буд, дар бар мегирад. Ҳамаи ин амалиётҳоро асосан ба Моссад нисбат медоданд.

-Бигзор шумораи онҳо зиёдтар бошад, -гуфт вазири дифои Исроил Эҳуд Барак, вақте радиои артиш оиди таркиши нав аз ӯ суол намуд. Вақтҳои охир муташанниҷӣ дар муносибат миёни Эрон ва ИМА тақвият ёфт, чунки СММ гузоришеро омода намудааст, ки тибқи он Эрон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ наздик шудааст.

Дар конфронси АТЭС дар Ҳавай Обама кӯшиш намуд, дар масъалаи пурзӯр намудани таҳримҳо алайҳи Эрон ҷонибдории Русияву Чинро ба даст оварад. Бо ин мақсад ӯ бо президенти Русия Дмитрий Медведев ва сарвари Чин Ху Тсинтао вохӯрӣ доир намуд. Дар натиҷа Ху Тсинтао Эронро ҳатто ба забон наовард, Дмитрий Медведев бо изҳороте маҳдуд шуд, ки Обама оиди Эрон гуфта буд.

Ҳангоми мубоҳисаҳои қаблӣ Обама таҳти оташи сахти танқид аз ҷониби номзадҳо ба мақоми президентӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳон афтод. Онҳо иддао карданд, ки президент бо Теҳрон зиёд мусолиҳакор аст ва ваъда доданд, ки дар ҳолати зарурӣ бо Эрон ҷангро оғоз хоҳанд кард, то ин ки ҳаракатҳои азаматталабонаи ҳастаии ӯро фурӯ нишонанд. Сухангӯи собиқи палатаи намояндагон Нют Гингрич Обамаро барои он, ки "ӯ нисбати Эрон муносибати нодуруст мебарад", сахт танқид намуд.

Грингрич гуфт, ки алайҳи Эрон амалиётҳои махфии калонмиқёсро оғоз хоҳад кард:

-Нобуд сохтани олимони эронӣ низ дар доираи ин нақша аст…  Ҳамаи ин пинҳонӣ сурат хоҳанд гирифт, то ин ки ҳамаашро инкор карда шавад,- гуфт ӯ.

Ҷонишини мушовир оид ба бехатарии миллӣ ба рӯноманигорон иброз дошт, ки аз сабаби фишороварӣ ба Эрон роҳбарияти ин кишвар дастурпохӯрда гаштааст ва "иқтисодиёти эронӣ бозистода аст".

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi