10:00:30 06-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ПЕНТАГОН ОСИЁИ МАРКАЗИРО АЗ ЯРОҚУ АСЛИҲА ПУР МЕКУНАД

Утро.ру

Роҳбарияти Русия аз тақдири яроқу аслиҳаи зиёдатӣ, ки баъди дар соли 2014 аз Афғонистон берун шудани нерӯҳои НАТО мумкин ройгон ба ихтиёри кишварҳои Осиёи Марказӣ афтад, сахт дар ташвиш аст. Эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, дар ҳаҷми зиёд ба давлатҳои ОМ додани яроқу аслиҳа, ки сифатан аз яроқу аслиҳаҳои Русия бартарӣ доранд, ба ин кишварҳо имконият медиҳад, то артиши худро мустаҳкам ва модернизатсия кунанд.

/images/stories/2011/12/22_pentagon_2212.jpgҲамзамон ин метавонад нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистонро заиф гардонад, ки ин имкон дорад ба субот дар ҳудудҳои як қатор кишварҳои ИДМ таъсир расонад. Русияро боз он далел нигарон кардааст, ки пойгоҳҳои ИМА ва НАТО мумкин аст дар Афғонистон монанд ва баъдан Маскав аз он дар хавотир аст, ки баъди соли 2014 ин пойгоҳҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам мумкин пайдо шаванд.

"Дар мо саволҳои ҷиддие пайдо мешаванд, ки чӣ тавр нақшаҳо доир ба ихтисори шумораи нерӯҳои амрикоӣ бо мустаҳкамшавии инфраструктураи ҳарбии ИМА дар Афғонистон тавъам мешаванд", -изҳор намуд чанде пеш намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии ФР Александр Лукашевич.

Дипломат қайд кард, ки баробари ихтисор шудани ҳузури ҳарбии хориҷӣ дар Афғонистон бояд артиши миллӣ ва пулиси ин кишвар мустаҳкам карда шавад ва он тавонад худаш амнияти мамлакатро таъмин намояд. Дар ин вазъият Маскавро бештар он далел ба ташвиш меорад, ки яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбии имрӯз дар Афғонистон буда мумкин аст ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дода шаванд.

Воқеан амрикоиҳо мехоҳанд маҳз чунин сенарияро дар фазои пасошӯравӣ ба бозӣ дароранд. Ин ба манфиатҳои Русия, ки алҳол нақшаҳои дарозмуддати ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ бо ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дорад, зарари калон мерасонад.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои ҳарбӣ-дипломатии Русия мавзӯи додани яроқу аслиҳаи зиёдатии аз Афғонистон беруншаванда охирҳои моҳи ноябр ҳангоми сафари сарвари Фармондеҳии маркази қӯшунҳои хушкигарди ИМА генерал-лейтенант Винсент Брукс ба Душанбею Тошканд мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Пеш аз ҳама сухан перомуни ба Ӯзбакистону Тоҷикистон дар ҳаҷми калон додани асбобу лавозимот, дастгоҳҳо ва каналҳои разведкаи виртуалӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, радиостантсияҳои рақамӣ, комплектҳои экипировкаҳои фардии бо навигаторҳои JPS муҷаҳҳаз, автомобилҳои зиреҳпӯш, бронетранспортёрҳо,воситаҳои сипари зидди нетранспортёрҳо, воситаҳои сипари зидди ҳавоӣ (ПВО), тонкҳо ва системаҳои мушакӣ-артиллерӣ бо воситаҳои топопривязкаҳои кайҳонӣ ва ҳамчунин силоҳҳои оташфишонӣ бо нишонгиракҳои шаббӣ муҷаҳҳаз рафтааст.

Бино ба маълумоти манбаъҳо, эҳтимол, Пентагон ба хулоса омадааст, ки чунин яроқу аслиҳаи технологияашон баландро бо сабаби камсаводӣ ва робитаи устувор доштанаш бо толибҳо ба артиши Афғонистон додан нодуруст аст. Артишҳои кишварҳои пасошӯравӣ бошанд мумкин аст ин яроқу аслиҳаҳоро бидуни мушкилот аз худ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки чунин яроқу аслиҳаро аз нерӯҳои НАТО ва ИМА қувваҳои мусаллаҳи Гурҷистон пеш аз таҷовузаш ба Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон дар моҳи августи соли 2011 гирифта буд. Аз ҳамаи ин яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбии "пешрафта" ҳоло дар артиши Русия, ғайр аз чанд ҳазор радиостантсияи рақамӣ, навигаторҳои ГЛОНАС, БПЛА-ҳои кӯҳнашуда, автоматҳои модернизатсияшудаи АК-74 (ҳарчанд аллакай онҳо ҳам кӯҳна шудаанд) ва пулемётҳои Калашников, қариб чизи дигаре нест.

Ва қисман аз нав мусаллаҳ кардани қӯшунҳои хушкигарди Русия бо яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбии нав танҳо дар соли 2015 ба нақша гирифта шудааст. Аз ин бармеояд, ки баъди аз Афғонистон баровардани нерӯҳои ИМА ва НАТО баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ аз лиҳози сифати таъмини артишҳояшон бо яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбии нав бар Русия бартарӣ пайдо мекунанд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi