01:54:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТЕЛЕВИЗИЮНИ “НУРИН”-И АФҒОНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Шабакаи родию-телевизиюнии “Нурин” аз Афғонистон қасд дорад бо дарёфти муҷаввиз пахши барномаҳои худ дар Тоҷикистонро аз тариқи онтенҳои маъмулӣ роҳандозӣ кунад.

Масъулони ин шабака, ки ҳудуди як моҳ қабл дафтари намояндагии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард, дар сададанд якҷо бо ҳамтоёни тоҷики худ сериёле иборат аз сад қисмат ба навор бигиранд. Ҳаётуллоҳи Кӯҳсор, раиси намояндагии шабакаи родию-телевизиюнии “Нурин” дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳоло ин шабака ҳамарӯза аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии ин кишвари "ҳамзабон ва ҳамфарҳанг" гузоришҳое пахш мекунад.

Вай афзуд: “Агар ахбори ҷолиби сиёсӣ дар ихтиёр дошта бошем, пас дар ин бора гузориш таҳия мекунем, вале гузоришҳо дар бораи вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон аз авлавият бархурдор аст.”

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Кӯҳсор, шабакаи “Нурин” ҳоло бо чанд тан аз овозхонони тоҷик қарордод имзо карда ва ба пахши барномаҳои кунсертии онҳо машғул аст. Ҳамчунин, қарор аст “Нурин” ба ин овозхонҳои тоҷик барои таҳияи клипҳо ва сабти сурудҳои онон кумак кунад.

Ҳаётуллоҳи Кӯҳсор мегӯяд, ки раёсати ширкати “Нурин” тасмим гирифтааст якҷо бо ҳамкорони худ аз телевизиюнҳои Тоҷикистон сериёле иборат аз сад қисмат таҳия кунад. Вай афзуд: “Тамошочиёни афғон то андозае аз сериёлҳои ҳиндӣ хаста шудаанд ва таҳияи чунин як сериёли муштарак ба рафъи ин хастагӣ мусоъидат хоҳад кард.”

Зимнан, бар асоси пажӯҳишҳо, шабакаи родию-телевизиюнии “Нурин”, ки хусусӣ буда ва се сол пеш таъсис ёфтааст, ҳамакнун дар миёни 15 шабакаи телевизиюнӣ дар Афғонистон аз лиҳози маҳбубият дар мавқеъи севум қарор дорад.

Оқои Кӯҳсор мегӯяд, ки раёсати ин ширкат тасмим гирифтааст нахустин намояндагии хориҷии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кунад. Вай афзуд, ки “намояндагии дувум дар Эрон ё Покистон, ду кишвари ҳамҷавори дигари Афғонистон, хоҳад буд.” Ҳаётуллоҳи Кӯҳсор гуфт, ки шабакаи “Нурин” мехоҳад аз ин роҳ халаъеро, ки аз таъхир дар таъсиси як шабакаи телевизиюнии муштарак миёни кишварҳои форсизабони Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон ба вуҷуд омадааст, пур кунад.

Вай гуфт: “Кундии раванди таъсиси ин телевизиюни муштарак ба мавқеъгирии вазири фарҳанги Афғонистон дар ин замина рабт дорад. Эшон ҳамвора аз ин тарҳ интиқод мекунад, зеро ба эътиқоди вай, ин телевизиюн бояд ба забони пашту низ барномаҳое дуруст кунад.”

Аз сӯйи дигар, Ҳаётуллоҳи Кӯҳсор хабар дод, ки бисёре аз кормандони дафтари шабакаи родию-телевизиюнии “Нурин” дар Душанбе, аз ҷумла хабарнигорон ва коргардонҳову наворбардорон, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Аммо бонувони тоҷике, ки ба унвони хабарнигор дар ин телевизиюн истихдом шудаанд, зимни ироаи гузориш дар телевизиюн танҳо бо русарӣ зоҳир мешаванд. Ба гуфтаи оқои Кӯҳсор, зимни пахши барномаҳои кунсертии ҳунармандони тоҷик, онҳо талош мекунанд, ки муқаррароти қавонини Афғонистон нақз нашавад.

Зимнан, “Нурин” нахустин шабакаи родию-телевизиюнии Афғонистон аст, ки дафтари намояндагии он дар Тоҷикистон ба фаъолият пардохтааст. Дар гузашта, шабакаҳои телевизиюнии “Тулуъ” ва “Ориёно”-и Афғонистон муддате барои таҳияи гузоришҳо аз Тоҷикистон хабарнигорони маҳаллиро истихдом карда буданд, вале ҳоло фаъолияти онҳо зоҳиран мутаваққиф шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi