03:51:09 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИТТИҲОДИЯИ АРАБ ГУЗОРИШИ НОЗИРОНАШ ДАР СУРИЯРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

 

Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Араб рӯзи якшанбеи 8 январ ёфтаҳои ҳайати нозирони ин иттиҳодияро, ки ба Сурия рафта буданд, баррасӣ мекунад. Дар ин нишаст, ки дар Қоҳира баргузор мешавад, пешниҳоди Қатар мабнӣ бар пайвастани коршиносоне аз Созмони Миллали Муттаҳид ба ҳайати нозирон низ баррастӣ мешавад.

arableagueМухолифони давлати Сурия мегӯянд, ки эъзоми ҳайати нозирони Иттиҳодияи Араб ба Сурия таъсире дар таваққуфи саркӯбҳо надоштааст ва аъзои ин ҳайат ҳатто дар бархурдҳои нерӯҳои амниятӣ бо муътаризонро маҳкум ҳам накардаанд. Гузоришҳои таъйиднашудае аз кушта шудани 11 сарбози сурӣ дар даргириҳое дар рӯзи якшанбеи 8 январ дар Диръо мунташир шудааст ва гуфта мешавад, ки даргирии байни нерӯҳои давлатӣ ва пайкорҷӯён ҳамчунон идома дорад. Гузориш шудааст, ки фақат дар се рӯзи гузашта наздик ба 100 нафар кушта шудаанд.

Яке аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия эълом кардааст, ки рӯзи шанбеи 7 январ 27 нафар дар шаҳрҳои мухталифи Сурия кушта шудаанд, ки 8 нафари онҳо дар Ҳумс, 12 нафар дар Идлиб, 5 нафар дар манотиқи ҳумаи Димшқ ва як нафар дар Ҳамод будааст. Мухолифони давлат ҳамчунон гуфтаанд, ки рӯзи ҷумъаи гузашта ва дар ҷараёни тазоҳуроти зиддидавлатӣ, ки баъд аз намози ҷумъа баргузор шуд, 35 нафар кушта шудаанд.

Дастикам 26 нафар ҳам рӯзи ҷумъаи 6 январ ба дунболи инфиҷори бумб дар Димишқ кушта шуданд, ки теъдоде аз онҳо аз аъзои нерӯҳои амниятии давлатӣ будаанд. Бо ин ҳол бештари гузоришгарони расонаҳои байналмилалӣ барои таҳияи гузориш аз вазъияти Сурия бо маҳдудият рӯбарӯ ҳастанд ва таъйиди ин омор ба роҳатӣ имконпазир нест.

Истиқлоли бештар

Нозирони Иттиҳодияи Араб аз авохири моҳи декабр дар Сурия ҳузур доштаанд то раванди иҷроӣ шудани тарҳи сулҳи пешниҳодии ин иттиҳодия бо давлати Сурияро баррасӣ кунанд. Давлати Сурия дар чорчӯби тарҳи пешниҳодии Иттиҳодияи Араб мутааҳҳид шудааст, ки нерӯҳои низомиро аз хиёбонҳо ва манотиқи маскунӣ хориҷ кунад ва истифода аз зӯр алайҳи ғайринизомиёнро мутаваққиф созад.

Ҷон Лойн, хабарнигори Бибисӣ, ки дар Қоҳира аст, мегӯяд бо вуҷуди интиқоди мухолифони лавлати Сурия аз амалкарди ҳайати нозирони Иттиҳодияи Араб мақомоти аршади ин иттиҳодия таъкид кардаанд, ки бидуни шак фаъолияти ин ҳайат дар Сурия идома меёбад ва ҳатто тақвият мешавад.

Интизор меравад дар нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Араб дар Қоҳира пешниҳоди Қатар мабнӣ бар изофа шудани ҳузури коршиносони ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар ҳайати нозирони ин иттиҳодия ҳам баррасӣ шавад.

Дар нишасти рӯзи якшанбеи 8 январ ҳамчунин баррасӣ мешавад, ки нозирони Иттиҳодияи Араб то чи андоза ва чи тур метавонанд мустақил аз мақомот ва ниҳодҳои расмии давлатӣ дар Сурия фаъолият кунанд, чун дар шароити кунунӣ аъзои ин ҳайат тавассути нерӯҳои амниятӣ ва бо муҳофиз ба манотиқи мухталифи Сруия рафтаанд.

Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки аз замони оғози эътирозоти зиддидавлатӣ дар Сурия аз ҳудуди 10 моҳи пеш 5 ҳазор ғайринизоӣ кушта шудаанд. Мунтақидон мегӯянд ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аз ҳузури нозирони Иттиҳодияи Араб ба унвони пӯшише сиёсӣ барои идомаи саркӯбҳо дар ин кишвар баҳра мебардорад.

Шиорҳои ҳимоятӣ аз Асад

Маросими ташйеъи ҷанозаи қрбониёни ҳамлаи Димишқ, рӯзи шанбе дар масҷиде дар минтақаи Майдон, маҳалли ин ҳамла баргузор шуд. Ин минтақа ба таври маъмул маҳалли баргузории тазоҳурот алайҳи давлат аст.

Дар айни ҳол таҳлилгарон мегӯянд, ки ин маросим ба вузуҳ аз суи мақомоти расмӣ созмондиҳӣ шуда буд ва бисёре аз ширкаткунандагон тасовире аз оқои Асад ва парчамҳои миллии Сурияро дар даст доштанд. Теъдоде аз ширкаткунандагон дар ин маросим ҳам шиъорҳое дар ҳимоят аз Башор Асад медоданд.

Инфиҷор дар Димишқ рӯзи ҷумъаи шашуми январ дар яке аз шулуғтарин бахшҳои минтақаи Майдон рух дод. Вазири кишвари Сурия гуфтааст, ки ин инфиҷор тавассути як бумбгузори интиҳорӣ анҷом шудааст. Давлати Сурия ҳамчунон эълом кардааст, ки бо омилони ин ҳамла "бо мушти оҳанин" бархурд хоҳад кард.

Аммо шурои милии Сурия, ки аслитарин эътилофи мухолифи давлати Сурия ба шумор меравад, эълом кардааст, ки ин ҳамла тавассути омилони давлат анҷом шудааст, то эътибори аз дастрафтаи Башор Асадро баргардонанд.

Новгони Русия дар наздикии Сурия

Дар айни ҳол гузориш шудааст, ки як новгони дарёии бузурги Русия, ки шомили як нови ҳавопаймобар низ мешавад, дар яке аз банодири Сурия лангар андохтааст. Расонаҳои сурӣ ҳузури ин новгон дар маҳдудаи обҳои марзии Сурияро нишонае аз эъломи иттиҳод ва инсиҷом аз суи давлати Русия тавсиф кардаанд.

Ин новгон барои шаш рӯз дар бандари Тартус ҳузур хоҳад дошт. Русия аз замони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ дар ин бандар пойгоҳ дорад. Хабаргузории расмии Сурия ба нақл аз яке аз афсарони нерӯи дарёии Русия гузориш додааст, ки ҳузури нерӯи дарёии Русия дар ин минтақа бо ҳадафи наздикии бештар ва тақвияти равобити ду кишвар анҷом мешавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi