16:42:33 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АҲМАДИНАЖОД БА ҒАЗАБ ОМАД

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон иқдомоти хушунатомез алайҳи муътаризон ба натиҷаи интихоботи раёсати ҷумуҳуриро ба "душман" нисбат дод ва ҳамчунин хостори маҷозоти шахсиятҳои сиёсии мухолиф шуд.

Рӯзи ҷумъа, 28 август (6 шаҳривар) Маҳмуди Аҳмадинажод ба унвони суханрони қабл аз намози ҷумъаи Теҳрон ба ироаи таҳлилҳое аз вақоеъи баъд аз интихоботи давраи даҳуми раёсати ҷумҳурӣ пардохт ва аз ҷумла ҳамла ба кӯи донишгоҳи Теҳрон ва иқдомоти хилоф дар боздоштгоҳҳоро аҷзои "сенориюи душман" қаламдод кард ва гуфт "ин иқдомот тавассути вобастагон ба ҷараёни барандозӣ анҷом шуд."

Изҳороти Маҳмуди Аҳмадинажод, ки эъломи пирӯзии ӯ ба эътирозоти густарда дар Эрон ва бархурди хушунатомез бо муътаризон мунҷар шуд, дар ҳоле гузориш мешавад, ки мавзуъи бадрафторӣ бо шуморе аз муътаризони боздоштӣ, аз ҷумла қатл шиканҷа ва суирафтори ҷинсӣ бо онон ба таври густарда дар расонаҳои ғайридавлатии Эрон ва ҷаҳон инъикос ёфтааст. Маҷлиси Эрон низ ҳайатеро маъмури баррасии ин гузоришҳо кардааст. 

Оқои Аҳмадинажод эътироз ба тақаллуби густарда дар интихоботи давраи даҳумро рад кард ва онро "покизатарин ва солимтарин интихобот"" хонд ва афзуд, ки "касоне, ки иддаъои тақаллуб карданд, ҳеҷ санаде ироа накарданд."

Вай дар исботи солим будани ин интихобот гуфт, ки дар интихоботи Эрон имкони тақаллуб ба вежа дар ин вусъат вуҷуд надорад, чаро ки худи мардум интихоботро баргузор мекунанд" ва афзуд, ки бар хилофи низомҳои мардумсолори дунё интихобот дар Эрон як намоиш ва як тарроҳии аз пеш таъиншуда нест.

Муътаризон ба натиҷаи интихоботи ахир ташкилоти ҳукуматии масъули баргузорӣ ва назорат бар интихоботро ба тақаллуби бесобиқа дар шумориш ва гузориши натоиҷи раъйгирӣ муттаҳам карда ва ин натиҷаро комилан беэътибор донистаанд.

Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки ҳаштоду панҷ дарсад аз мардум дар интихоботи ахир ширкат карданд ва бисту панҷ миллиюн нафар ба ӯ раъй доданд ва ин натиҷаро боъиси тақвияти муваффақияти ҷумҳурии исломӣ донист ва гуфт "интихоботи 22 хурдод тарроҳиҳо ва нақшаҳои душманонро дарҳам рехт."

Оқои Аҳмадинажод дар суханони худ бори дигар мавзеъи раҳбарони ҷумҳурии исломӣ дар нисбат додани эътирозоти баъд аз интихобот ба хориҷиёнро такрор кард ва ба хусус вазири хориҷаи Бритониёро ба даст доштан дар талош барои соқит кардани давлат аз тариқи роҳандозии "инқилоби рангин" муттаҳам сохт.

Вай гуфт, "яке аз вузарои хориҷаи кишварҳои дӯст ба мо гуфт, ки вақте ба вазири хориҷаи истеъмори пир (Бритониё) гуфтам, ки чаро дар умури Эрон дахолат мекунед, ӯ (вазири хориҷаи Бритониё) гуфт, ки ин бор кори низоми ҷумҳурии исломиро тамом хоҳем кард ва вақте ба ӯ гуфтам, ки шумо инқилоб, раҳбарӣ ва мардуми Эронро намешиносед, гуфт ин дафъа ҳисоби ҳама чизро кардаем."


МАҶОЗОТИ РАҲБАРОНИ МУЪТАРИЗОН

Маҳмуди Аҳмадинажод дар бахше аз суханони худ дар рӯзи ҷумъа бидуни ном бурдан аз афроди хос хостори пайгарди касоне шуд, ки ба гуфтаи вай иғтишошоти баъд аз интихоботро созмон дода буданд ва афзуд "Бояд бо касоне, ки созмондиҳӣ ва таҳрик карданд ва хатти душманро пиёда карданд, бархурди ҷиддӣ шавад" ва чунин бархурдро нишонаи адолат донист.

Вай гуфт мабодо аносури аслии иғтишошот аз амният бархурдор бошанд ва фақат аносури фиребхӯрда маҷозот шаванд ва афзуд, ки бояд бо "фиребхӯрдагон ва аносури дасти чандум бо рауфат ва раҳмати исломӣ бархурд шавад" аммо дар мавриди моҳияти бархурди мавриди назари худ тавзеҳе надод.

Бо интишори гузоришҳое ҳокӣ аз иқдомоти хушунатомези маъмурони давлат бо ширкаткунандагон дар тазоҳуроти хиёбонӣ ва боздоштшудагон ва эътирози шуморе аз шахсиятҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ, ахиран баъзе ашхос ва расонаҳои тарафдори оқои Аҳмадинажод хостори маҷозоти раҳбарони мухолиф аз чумла номзадҳои муътаризи интихобот шуда ва оноро ба иртибот бо кишварҳои хориҷӣ муттаҳам сохтаанд.

Дар муқобил оятуллоҳ Алии Хоменаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломӣ дар суханоне дар ин ҳафта, ки дар расонаҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ инъикос ёфт, гуфт, ки барои вай муҳарраз нашудааст, ки раҳбарони муътариз ба интихобот бо хориҷиён иртибот доштаанд ва баъзе нозирон изҳороти оқои Хоменаиро ба талоши ӯ барои маҳор кардани ифротгароии тарафдори Аҳмадинажод таъбир кардаанд.

Пас аз эъломи натоиҷи интихобот ва вақоеъе, ки ар пай дошт, бархе нозирон ҳушдор доданд, ки ин интихобот мавқеъияти давлати ҷумҳурии исломӣ дар сатҳи ҷаҳониро ба шиддат тазъиф карда ва метавонад боъиси афзоиши фишори байналмиллалӣ бар ин давлат шавад.

Дар муқобил Маҳмуди Аҳмадинажод дар суханони худ натиҷаи интихоботро боъиси тақвияти мавқеъияти ҷумҳурии исломӣ донист ва гуфт "миллати мо дар интихобот ончунон ба сурати душманон силӣ зад, ки баъд аз ду моҳу чанд рӯз дар ҳоли гиҷ хурдан ҳастанд ва роҳи хонаи худро гум кардаанд."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi