01:41:48 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СУХАНҲОИ КАРИМОВ САМИМӢ БУДАНД Ё АЗ ТАРС?

Uznews.net

Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки 20-уми декабри соли гузашта дар Маскав баргузор шуд, раисҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов ҷонибдории худро аз интегратсияи Авруосиё изҳор намуд.

Ислом Каримов"Фазои ягонаи иқтисодӣ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дар оянда ба таври оддӣ Иттиҳоди Авруосиё -ҳамаи ин дар пасманзари ИДМ ташкил ёфтааст ва онҳо (иттиҳодияҳои интегратсионӣ) суолеро ба миён меоранд, ки дар он вақт ИДМ умуман барои чӣ лозим. Ва ман ба ин суол ҷавоб медиҳам (ман танҳо ақидаи худро мегӯям) боварӣ дорам, ки …Иттиҳоди Авруосиё ва дигарҳо -инкишофи табиӣ ва қонунии он ҳодисаҳоест, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал меоянд", -иқтибос овардааст суханони Каримовро хабаргузории "Новости".

Дар бораи интегратсияи Авруосиё сухан ронда, раисҷумҳури Ӯзбакистон ҳамчунин қайд кард: "Ин ояндаи мо, ин он роҳест, ки бояд бо он ҳама ҳаракат кунанд".

Сиёсатшинос аз Маркази тадқиқотҳои иқтисодиии Тошканд, ки бо дастгирии Барномаи рушди СММ ва ҳукумат кор мекунад, суханҳои Каримовро шарҳ дод. Вай нахост, ки номаш ифшо шавад. Ба ақидаи ӯ омодагии Каримов дар доираи фазои Авруосиё зоҳирист. Ӯро ба ин изҳорот норозигии рӯзафзуни Ӯзбакистон нисбати шарикон аз ИДМ ва созмонҳои дигари байнидавлатӣ, ки ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил кардаанд, водор намудааст.

"Вай (Ислом Каримов) мумкин нест садои огоҳкунандаи зангӯларо аз изҳороти раисҷумҳури Белоруссия Александр Лукашенко нашунида бошад. Вай гуфта буд, ки Ӯзбакистон бояд аз созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ хориҷ шавад", -мегӯяд коршиноси тошкандӣ.

Лукашенко баъди он, ки Каримов аз иштирок дар саммити сарони давлатҳои СПАД аз таърихи 12-уми августи соли 2011 дар Остона саркашӣ кард, чунин суханҳои тезу тунд гуфтааст. Ба фикри ҳамсӯҳбати "Uznews.net" муносибати хунукназаронаи Каримов ба вохӯриҳои корӣ дар доираи СПАД ва созмонҳои дигар, сиёсати ноустуворӣ Ӯзбакистон натавонистаанд ба муносибати шарикҳояш аз ИДМ ба он таъсир нарасонанд.

"Раисҷумҳур авлавиятҳоро дар сиёсати хориҷӣ тез-тез дигар мекунад ва гоҳ ба тарафи ҳамсояҳои наздиктарин тоб мехӯраду гоҳ ба тарафи дӯстони пасуқёнусӣ. Ин боиси шиддат ёфтани муносибати Тошканд бо шарикҳо гаштааст", -мегӯяд коршинос. Лаҳни мусбати суханҳои Каримов нисбати ИДМ ва Иттиҳоди Авруосиё ҳамагӣ як ҳадаф дорад: пешвои ӯзбакҳо сарони давлатҳои ИДМ-ро бовар кунондан мехоҳад, ки кишвараш омодаи инкишоф додани муносибатҳои шарикӣ бо онҳост.

Ӯзбакистон, ки аз боз ҳам паст шудани иқтисодиёташ аз интегратсия бо кишварҳои нисбатан рушдкардаи ИДМ, ба мисли Русия ва Қазоқистон, метарсад ва барои ҳамин иштирокашро дар созмонҳои гуногуни минтақавӣ маҳдуд мекунад, лекин мехоҳад ҳамчун узви комилҳуқуқи онҳо боқӣ монад, зеро ин дар ҳолати нобарорӣ "дар ҷабҳаҳои дигар" лозим мешавад", -боварӣ дорад ҳамсӯҳбати "Uznews.net".

Сиёсатшинос фикри худро бо даромадҳою баромадҳои Ӯзбакистон аз созмонҳои муҳими байнидавлатӣ, ки давлатҳои ИДМ ташкил кардаанд, асоснок мекунад. Соли 2006 Ӯзбакистон узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё шуд, ки соли 2000-ум ташкил ёфтааст. Соли 2008 узвияташро дар ин созмон мутаваққиф сохт. Ба СПАД бошад, Ӯзбакистон ду маротиба дохил шуд. 15-уми майи соли 1992 Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар Тошканд созишномаро дар бораи амнияти дастаҷамъӣ имзо карданд.

Моҳи апрели соли 1999 ҷумҳурӣ аз созмон хориҷ шуд ва ба Созмони барои демократияву рушди иқтисодӣ -ГУУАМ (Гурҷистон, Украина, Ӯзбакистон, Арманистон ва Молдавия) дохил гардид. Соли 2005 Каримов эълон кард, ки кишвараш аз ин созмон ҳам мебарояд. Баъд, моҳи августи соли 2006, Ӯзбакистон бори дигар ба СПАД ҳамроҳ шуд. Вале узвияти он дар ин созмон маҳдуд аст. Соли 2009 ҷумҳурӣ аз ҳамроҳ шудан ба нерӯҳои дастаҷамъии зудамали СПАД худдорӣ кард.

Ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi