01:31:58 30-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ВУРУДИ "БЕ ҲОДИСА"-И АМРИКО, БРИТОНИЁ ВА ФАРОНСА БА ХАЛИҶИ ФОРС

 

Дар остонаи эъломи таҳрими нафтии Эрон аз сӯйи Иттиҳодияи Урупо нови ҳавопаймобари "Оброҳом Линкулн"-и Амрико ҳамроҳ бо панҷ киштии ҷангии дигар, аз ҷумла як новчаи бритониёӣ ва шиноваре фаронсавӣ, бидуни мувоҷеҳа бо ҳодисае аз тангаи Ҳурмуз гузаштанд ва вориди халиҷи Форс шуданд.

uss_abraham_lincolСухангӯйи Вазорати дифоъи Амрико якшанбе эълом кард, ки нови "Оброҳом Линкулн" убури "муназзаму оддӣ"-и худ аз тангаи Ҳурмузро такмил кард. Ин сухангӯ афзуд, ки ин убур мутобиқи барномаи қаблӣ ва бидуни ҳодиса сурат гирифт. Нови "Линкулн" аввалин ҳавопаймобари Амрикост, ки аз авохири моҳи декабр ба халиҷи Форс ворид ва ҷойгузини нови "Ю-эс-эс Ҷон Эстенсис" мешавад.

Сарлашкар (генерал-майор) Атоуллоҳи Солеҳӣ, фармондеҳи артишиш Эрон, ба Амрико ихтор дода буд, ки дигар ин новро ба халиҷи Форс бознагардонанд. Аммо рӯзи шанбе Ҳусейни Саломӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон, эълом кард, ки бозгашти новҳои Амрикоӣ ба халиҷи Форс амре оддӣ аст. Нозирон ин суханонро ба манзалаи талтифи (латиф шудани) лаҳни Ҷумҳурии Исломӣ таъбир карданд.

Дар рӯзи шанбе низ Леун Понето, вазири дифоъи Амрико, эълом карда буд, ки нови ҳавопаймобари "Ю-эс-эс Энетрпройз," ки ҳудуди як моҳи дигар роҳии Ховари Миёна хоҳад шуд, аз тангаи Ҳурмуз убур хоҳад кард. Як нови ҳавопаймобари дигар ба номи "Ю-эс-эс Корл Винстун" низ дар минтақа ҳузур дорад.

Ҳамчунин, бино ба гузориши расонаҳои бритониё, як фарванд новчаи ин кишвар ҳамроҳ бо киштиҳои ҷангии Амрико ва Фаронса вориди халиҷи Форс шудааст. Вазорати диофъи Бритониё таъйид кард, ки новчаи "Оргил" бахше аз гурӯҳи новии Амрикост, ки аз тангаи Ҳурмуз гузашта ва ба халиҷи Форс роҳ ёфтааст.

Як сухангӯйи вазорати дифоъи Бритониё эълом кард: "Новчаи 'Эйч-эм-сӣ Оргил' ва як шиновари фаронсавӣ ҳамроҳи гурӯҳи новии Амрико аз тангаи Ҳурмуз гузаштанд то бар таъаҳҳуди халалнопазири ҷомеъаи байналмилал барои ҳифзи ҳаққи дастарсии кишварҳо ба ин оброҳ бар асоси қавонини байналмилал сиҳҳат бигзорем."

Маҷмӯъан панҷ шиновар, аз ҷумла нови мушакандози "Кип Сент Ҷурҷ"-и Амрико ва ду фарванди новшикан ҳамроҳи нови ҳавопаймобари "Оброҳом Линкулн" вориди халиҷи Форс шудаанд. Нови "Линкулн" дастикам 90 фарванд ҳавопаймо ва болгардро ҳамл мекунад. Ороиши ҷадиди киштиҳои ҷангии Амрико, Бритониё ва Фаронса дар остонаи эъломи таҳрими нафтии Эрон аз сӯйи Иттиҳодияи Урупо шакл мегирад.

Қарор аст вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо душанбе, 23 январ, дар нишасти худ дар Бруксел таҳрими нафтии Ҷумҳурии Исломиро эълом кунанд, ҳарчанд ин таҳрим фавран ба иҷро гузошта намешавад. Эрон таҳдид кард буд, ки агар натавонад нафташро содир кунад, ба кишварҳои араби халиҷи Форс низ иҷозаи содироти нафтро намедиҳад.

Ҷомеъаи байналмилал ба раҳбарии Амрико эълом кард, ки иҷоза намедиҳад, оброҳи роҳбурдии тангаи Ҳурмузро масдуд кунад. Вазири дифоъи Эрон итминон додааст, ки кишвараш феълан барномае барои бастани тангаи Ҳурмуз надорад.

Би-Би-Си


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi