21:31:03 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"ВЛАДИМИР ПУТИН ҚАРТАИ МУҲОҶИРОН ВА МИЛЛАТГАРОИРО ИСТИФОДА МЕКУНАД"

Владимир Путин, нахуствазир ва номзад ба раёсати ҷумҳурии Русия дар мақолаи дигари қаблазинтихоботии худ таҳти унвони “Русия: масъалаи миллӣ” барномаи худро дар заминаи сиёсати муҳоҷират ва ҳамгироии миллӣ иброз доштааст.

vladimir_putinДар ин мақола, ки дар шумораи рӯзи 23-уми январи "Независимая Газета" чоп шудааст, оқои Путин аз ончи “тарҳи бисёрмиллӣ” дар Ғарб мехонад, интиқод карда ва иддаъо мекунад, ки ҳамгироии миллатҳо дар қаламрави Русия таърихи тӯлонии ва мусбат доштааст ва аз он пайравӣ хоҳад кард.

Оқои Путин дар мақолааш мавзӯъи зарурати решакан кардани "бегонаситезӣ" ва зарурати қонунӣ кардани муҳоҷират дар кишварашро баррасӣ кардааст. Сухангӯи нахуствазири Русия гуфтааст, ки мақолаҳои қаблазинтихоботии оқои Путин "асоси барномаи интихоботии ӯро дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ташкил хоҳанд дод."

Ҳафтае қабл оқои Путин дар нашрияи “Известия” мақолаи нахустини қаблазинтихоботии худро чоп карда буд, ки ба масоили иқтисодии кишвараш марбут буд. Оқои Путин ба мавзӯъи “миллат ва миллатгароӣ” пардохтааст, ки ин мавзӯъ дар барномаҳои қаблазинтихоботии аксари номзадҳо ба раёсати ҷумҳурии Русия ба сурати густарда матраҳ будааст.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд ин мақолаи оқои Путин танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи раъйдиҳандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ навишта шудааст. Оқои Путин дар мақолааш навиштааст, Русия набояд давлати якнажодӣ бошад, вале таъкид мекунад, ки мардуми кишвар аз “масоили марбут ба муҳоҷирати умумӣ - ҳам хориҷӣ ва ҳам дохилӣ асабонӣ ҳастанд.”

Дар ҳоле, ки оқои Путин аз шиддат гирифтани фаъолияти миллатгароён дар кишвараш ибрози нигаронӣ мекунад, коршиносони тоҷик мегӯянд, ки нигарониҳои ӯ бештар на аз бархурди миллатгароён ба муҳоҷирони осиёӣ, балки муҳоҷирони дохилӣ, яъне қафқозӣ будааст.

Бо ин ҳол ӯ таъкид мекунад, ки Русия таърихи ҳамгироии қавмиву нажодӣ ва мазҳабии тӯлонӣ дорад, ки ба бовари ӯ “бакуллӣ аз тарҳи бисёрмиллии Ғарб” фарқ дорад. Муаллиф таъкид мекунад, ки “тарҳи бисёрмиллиятӣ” дар Ғарб тавре ҳаст, ки ба ташкили анклавҳо, ё ҷазираҳои ҷамъиятҳои милливу мазҳабӣ дар дохили шаҳру навоҳии кишварҳо мусоидат карда ва ин миллатҳо “натанҳо бо ҷамъияти бумӣ яксон намешаванд”, балки фарҳанги бумиро “дар миёни худ намепазиранд”. Вале бархе аз коршиносони тоҷик бо ин назари оқои Путин розӣ нестанд.

Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, "Дар Русия ин устура роиҷ аст, ки гӯё мудели мустамликадории русӣ аз мудели мустамликадории кишварҳои ғарбӣ фарқ мекунад ва беҳтар аст, вале дар асл ин тавр нест. Масалан Бритониё низ ба монанди Русия сиёсати иҷрои барномаҳояш дар кишварҳои мустамлика бо такя ба кодрҳои дохилиро доштааст. Аммо воқеъият ин аст, ки сатҳи бегонаситезӣ дар шаҳрҳои русӣ бештар аз ҳар ҷои Урупо будааст ва дар муқоиса бо ҷойҳои дигар бегонаситезӣ дар инҷо бепарда ва хашин зоҳир мешавад."

Оқои Муллоҷонов ҳамчунин иддаъои оқои Путинро, ки набояд иҷоза дод то гетуҳои миллӣ ё мазҳабӣ дар шаҳру навоҳии Русия ташкил шавад, ғайривоқеъбинона хонд. Вай мегӯяд: “Мо медонем, ки аллакай дар ҷануби Маскав ноҳияҳое ҳастанд, ки аз сӣ то чиҳил дарсади сокинонашро муҳоҷирон ташкил медиҳанд. Яъне чунин гетоҳо дар ҳоли шаклгирӣ ҳастанд.”

Бо ин ҳол оқои Путин менависад, ки “Русияи таърихӣ кишваре нажодӣ набуда, вале ба монанди Омрико “деги гудозиш” (барои омехтани фарҳангҳо) низ набудааст.” Ба бовари ӯ Русия “тамаддуни мунҳасир ба фарде” дорад, ки меҳвари онро русҳо ташкил медиҳанд.

Аммо нахуствазири Русия билофосила таъкид мекунад, ки алайҳи “миллатгароӣ” будааст: “Муътақидам, ки талошҳо барои таблиғи таъсиси давлати “миллии” русии такнажодӣ зидди таърихи ҳазорсолаи мо аст. Афзун бар ин, чунин мавзеъгирӣ роҳи кӯтоҳтарин ба сӯйи вайронии ҳам миллати рус ва ҳам давлатдории русӣ аст.”

Аммо ба назари Сӯҳроб Шарипов, намояндаи порлумони Тоҷикистон ин мақолаи Путин, "Русия: мавзӯъи миллӣ"-ро аслан "набояд ҷиддӣ гирифт."

Вай мегӯяд, "инҳо ҳама ҳарфҳои пешазинтихоботӣ ҳастанд. Путин қартаи миллатгароиро дар баробари дигар номзадҳо мисли Жириновский, Зюганов ва Прохоров истифода мекунад. Мехоҳад раъйдиҳандагони онҳоро ба худ ҷалб кунад."

Вай меафзояд: "Аммо мо медонем, ки Путин бо ҳамон шовинистҳо якҷо мешинаду мехезад, пиво менӯшад. Агар вай дарвоқеъ зидди миллатгароӣ мебуд оё фарде мисли Рогозин муъовини нахуствазир таъйин мешуд? Фарди фанатик ба мисли Рогозин дар давлат, аслан як экстиризми сиёсӣ аст. Раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна бо ӯ натанҳо кор намекунанд, ҳатто рӯи ӯро дидан намехоҳанд."

Вай афзуд, ки сиёсатмадорон дӯст медоранд бо идеҳои хом ба мисли Русияи бузург, ё идеҳои пан-туркистӣ ё пан-иронистӣ истифода кунанд. Ба гуфтаи вай "ҳарчанд ин идеҳои хом ҳастанд, аммо ҳамеша ба дили мардум зуд роҳ меёбанд."

Ҳарчанд оқои Шарипов гуфт, ки ин мақолаи Владимир Путинро набояд ҷиддӣ гирифт, аммо таъкид кард, ки аз барномаҳо ва суханрониҳои номзадҳо ба раёсати ҷумҳурии Русия чунин бар меояд, ки Тоҷикистон бояд ҷиддан ба тағйири муносибат бо Русия омодагӣ бигирад. Зеро ба гуфтаи ӯ ҳамаи номзадҳо дар бораи ворид кардани раводиди визо миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна сухан мегӯянд ва ин кор ба бовари ӯ, билохира амалӣ хоҳад шуд.

Дар мақолаи Владимир Путин эътироф шудааст, ки мавзӯъи миллӣ барои Русия мавзӯъи ҳассосе аст ва оқои Путин таъкид мекунад, ки ин ҳассосият ба масоили марбут ба “муҳоҷирати ҷамъӣ” марбут аст.

Аммо ба назар мерасад оқои Путин дар ин замина бештар муҳоҷирати дохилӣ, ба хусус муҳоҷирони қафқозиро дар назар дорад. Вай мегӯяд, афроде, ки аз як ноҳияи Русия ба шаҳр ё ноҳияи дигари Русия барои таҳсил, кор ва ё зиндагӣ меоянд, низ шаҳрвандони Русия ҳастанд, вале таъкид мекунад, ки ин муҳоҷирони дохилӣ низ “бояд ба расму одоби бумӣ эҳтиром қоил бошанд.”

Вай меафзояд, ки ниҳодҳои интизомӣ дар сурати рафтори нодуруст ва хашин ва беэҳтиромии муҳоҷирон бояд вокуниши сареъ ва муассир нишон бидиҳанд. Оқои Путин тавзеҳ медиҳад, ки “сухан дар бораи ташдиди муҷозот барои нақзи муқаррароти муҳоҷират меравад.”

Ӯ мегӯяд мо “Мо қарнҳо якҷо зиндагӣ кардаем. Дар ҷанги сахттарин ҳамроҳ пирӯз шудем. Аммо ба онҳое, ки талош мекунанд моро аз ҳам ҷудо кунанд, ҷавоби ман кӯтоҳ аст – имкон надорад.”

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi