15:19:11 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АМРИКО БОНКИ ТИҶОРАТИ ЭРОНРО ТАҲРИМ КАРД

 

Вазорати хазонадории Амрико Бонки тиҷорати Эронро дар феҳристи бонкҳои таҳримшудаи худ қарор дод. Ин вазоратхона бо судури иттилоъияе иллати ин тасмимро иқдоми Бонки тиҷорати Эрон дар ироаи хадамоти иқтисодӣ ба шуморе аз бонкҳо ва ширкатҳои дигари эронӣ унвон кардааст; бонкҳо ва ширкатҳое, ки ба гуфтаи ин вазоратхона пештар ба хотири даст доштан ба фаъъолиятҳои Эрон дар заминаи "силоҳҳои куштори ҷамъӣ" таҳрим шуда буданд.

usa_iran_flagДар бахше дигар аз ин иттилоъия Бонки тиҷорат ба мушорикати мустақим дар барномаи ҳастаии Эрон низ муттаҳам шуда ва ба унвони намуна ба ҷобаҷойии даҳҳо милюн дулор дар соли 2011 барои Созмони энержии атумии Эрон муттаҳам шудааст. Бо эҳтисоби Бонки тиҷорат, дар маҷмӯъ 23 ниҳоди иқтисодии эронӣ, аз ҷумла чаҳор бонки аслии давлатӣ дар Эрон, тавассути Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳрим шудаанд.

Илова бар ироаи хадамоти арзӣ ба бахшҳои муҳимме аз иқтисоди Эрон, аз ҷумла ширкати киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон, он тавр ки чанд мақоми диплумотик ба хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Ню Юрк гуфтаанд, ҳатто сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Теҳрон барои таъмини ҳазинаҳои худ аз Бонки тиҷорат истифода мекунанд ва бо эъмоли ин таҳрим бархе аз онҳо мумкин аст ночор шаванд барои таъмини ҳазинаҳои худ ваҷҳаи нақд ба Эрон ворид кунанд.

Бар асоси иттилоъияи Вазорати хазонадории Амрико, Бонки тиҷорати Эрон, илова бар доштани 2000 шуъба дар саросари Эрон, дар Порис ва Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, низ шуъба дорад. Бонки Trade Capital дар Минск, пойтахти Белорус, низ ба Бонки тиҷорат таъаллуқ дорад.

Истиқболи Амрико аз таҳрими Урупо

Дирӯз ҳамчунин Иттиҳодияи Урупо таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон вазъ кард. Ин таҳримҳои ҷадид содироти нафти Эронро нишона гирифтааст. Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, дар паёме аз ҳампаймоёни урупоии худ барои эъмоли ин таҳримҳо ташаккур кард.

Оқои Обама дар паёми худ аз таҳримҳои ҷадиди Иттиҳодияи Урупо ба унвони нишонае ёд кард, ки "ҳамбастагии ҷомеъаи байналмилал дар ҳузури нигаронӣ аз барномаи атумии Эрон"-ро мушаххас мекунад. Оқои Обама ҳамчунин ваъда дода, ки кишвараш барои "таҳти фишор гузоштани Эрон, таҳримҳои дигареро ҳам алайҳи кишвар вазъ хоҳад кард."

Дар паёми раиси ҷумҳурии Амрико омада, ки танҳо роҳ барои бардоштани таҳримҳо алайҳи Эрон ин аст, ки "Эрон ба таъаҳҳудоти байналмилалии худ амал мекунад." Манзури оқои Обама аз ин ҷумла эҳтимолан иҷрои қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва таваққуфи ғанисозии урониюм тавассути Эрон аст.

Вузарои хориҷа ва хазонадории Амрико низ дар иқдоме ҷудогона бо судури баёнияи муштараке аз таҳримҳои ҷадиди Иттиҳодияи Урупо алайҳи Эрон истиқбол кардаанд. Онҳо дар арзёбии худ аз ин иқдоми Иттиҳодияи Урупо менависанд, "ин фишори ҷадид ва ҳамоҳанг бар Эрон интихобҳои пеши рӯйи раҳбарони Эронро барояшон шаффофтар хоҳад кард ва ҳазинаи онҳо барои нақзи таъаҳҳудоти бунёдии байналмилалиро афзоиш хоҳад дод."

Дар идомаи баёния, бо ишора ба пешниҳоди музокираи матраҳшуда дар номаи ёздаҳуми октябри Котрин Эштун, мусъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урпо, унвон шуда, ки то ин лаҳза Эронро аз ин мавқеъият истифода накардааст. Ғарбиҳо Эронро ба талош барои дастёбӣ ба бумби ҳастаӣ муттаҳам мекунанд, аммо Эрон ҳамвора ин иттиҳомро рад карда ва мегӯяд, барномаи ҳастаиаш сирфан мақосиди сулҳомез дорад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi