04:26:37 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

БАРАК ОБАМА ВА МАРГИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

Ҷеффри Кунер, "Wаshington Times"

Таърихшиноси бузург Арнолд Тойнби навиштааст: "Тамаддунҳо ҳамдигарро не, балки худашон худашонро несту нобуд мекунанд". Дар замони раисҷумҳурии Обама Амрико мақоми абарқудратиро аз даст медиҳад. Амрико таназзул карда, тадриҷан ба кишвари навъи дуюм табдил меёбад.

Барак ОбамаХаробшавии Амрико ногаҳон, бо ғурриши баланд ба вуҷуд омад - камбуди калони буҷа, иқтисодиёти рӯ ба таназзул, ором кардани исломи бунёдгаро ва сотсиализми инқилобӣ. Сиёсати Обама ҳукмронии ИМА-ро дар арсаи ҷаҳонӣ ба бод медиҳад. Замоне мо қарздиҳандаи асосии ҷаҳон будем ва ҳоло ба қарздори асосӣ табдил ёфтаем. Чанде пеш Обама буҷаи хазинаи давлатиро барои соли 2001 интишор намуд ва масрафи умумимиллии пешбининамудаи он дар ҳаҷми 3,8 триллион доллар дар тамоми таърихи кишвар калонтарин маҳсуб мешавад ва камбуд ҳам ба дараҷаи рекордӣ мерасад: 1,6 триллион доллар.

Маъмурият лоф мезанад: гӯё пешорӯяшон "интихоби душвор" истодааст. Лекин масрафҳо танҳо барои лоиҳаҳои дӯстдоштаи демократҳо афзоиш меёбанд. Обама мехоҳад 25 миллиард доллар барои барномаи тандурустии "Medicaid", 100 миллиард доллар барои "барномаи ҷойҳои корӣ", маблағҳои калонро барои барномаҳои дастгирии оилаҳои камбизоат, ҳамчунин барои пажӯҳиш дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ сарф намояд. Дар маҷмӯъ масрафҳои умумимиллӣ дар муқоиса бо соли 2008 қариб 30 фоиз зиёд мешаванд.

Обама нақши давлат, камбуди буҷа ва масрафҳоро баланд карда, Амрикоро ба варшикастагӣ тела медиҳад. Тӯли солҳои 2009-2011 Обама ба қарзи давлатӣ боз 4 триллион доллари дигар зам намуд. Дар давоми ин се сол қарзи гирифтаи давлат дар муқоиса бо 225 соли аввали мавҷудияти ИМА бештар буд. Ин роҳи мустақим аст ба худкушии молиявӣ.

Обама барномаҳои аз ҳад зиёд саргармкунандаро тарҳрезӣ мекунад ва имконият медиҳад, танҳо ба хотири расидан ба мақсади асосӣ камбуди буҷа ба авҷи аълояш расад. Обама талаб мекунад, ки дар давоми даҳ сол андозҳо ду триллион доллар зиёд карда шаванд. Стратегияи  ӯ, ки ба ҷаббидани маблағ аз сарватмандон ва ба муборизаи синфӣ равона гардидааст, рушди иқтисодиро хафа мекунад, ташаккули сармояро барҳам мезанад ва бозори кориро маъюб месозад. Сатҳи бекорӣ аллакай 10 фоизро ташкил медиҳад ва солҳои наздик боз ҳам бештар шуданаш аз эҳтимол дур нест.

Ба андешаи Обама, вай лоиҳаи либералиеро, ки ҳанӯз раисҷумҳур Франклин Рузвелт оғоз карда буд, ба интиҳои мантиқиаш мерасонад, вале дар асл аз байни ҳамаи лидерҳое, ки дар садаи 20 ҳукмронӣ кардаанд, Рузвелт ба ИМА бештар аз ҳама зарар овардааст; "хати маши нав"-и ӯ иқтисодиёти мамлакатро барқарор накард, баръакс, "депрессияи бузург"-ро умри бештар бахшид. Зиёда аз ин, Рузвелт дар сиёсати хориҷӣ ҷонибдори интернатсионализми либералӣ буд.

Муносибати бисёрҷониба дар дипломатия ба манофеи миллии Амрико зиён овард. Қисми бештари солҳои сиюм вай масрафҳои ҳарбиро ихтисор кард ва аз аввалин хоҳишмандони ором кардани Олмони фашистӣ буд. Вақте ки яҳудиҳо гирифтори холокост шуданд, қасдан бефаъолиятӣ нишон медод, аз ҷумла роҳҳои оҳанеро, ки аз тариқи онҳо яҳудиҳоро ба лагерҳои марг мебурданд, бомбаборон накард. Дар Ялта вай Аврупои Шарқиро фурӯхт, ки дар натиҷа он зери нуфузи ишғолгарони шӯравӣ монд.

Сиёсати Рузвелт яке аз сабабҳои аланга гирифтани ҷанги ҷаҳонии дуюм гардид, ки дар натиҷаи он 50 миллион одам ҳалок гардид ва халқҳои насронии Аврупои Шарқӣ зери асорати коммунистӣ монданд. Рузвелт ҳомии бузурги озодӣ набуд. Тамоман баръакс: вай глобалист ва прогрессивист буд, сармоядориро дар кишвари худ нобуд кард ва ба душманҳои худкомаи хориҷии Амрико ҷасорат бахшид.

Обама ҳоло бисёр иштибоҳҳои фалокатбори содирнамудаи Рузвелтро такрор мекунад. Ба андозаи дандоншикан боло бурдани андозҳо ва масрафҳои калони дар буҷа пешбинишуда ба беҳбудии дарозмуддати Амрико таҳдид мекунад. Вай бахши ҷамъиятиро мисли пуфак дам дода ва барои барномаҳои иҷтимоӣ маблағҳои калон сарф карда, бахши хусусиро заиф мегардонад ва дар ҳолати мутеият ба давлати бюрокративу корпоративӣ қарор медиҳад.

Обама иродаи онро надорад, ки терроризми исломиро торумор кунад. Масалан, вай ба террорист Умар Фаруқ Абдулмуталиб имконият дод, ки ба гуноҳҳояш иқрор нашавад ва  ҳамчунин Холид Шайхмуҳаммадро, ки аз иштирокдорони амалҳои террористии 11-уми сентябр мебошад, ба додгоҳи мулкӣ накашид. Обама муллоҳои эрониро ором карда, ба онҳо имконият медиҳад, ки соҳиби бомбаи ҳастаӣ шаванд, ки ин метавонад боиси ҷанги фарогир дар Ховари Наздик шавад. Обама аз бунёди пойгоҳҳои зиддимушакӣ даст кашида, ба Аврупои Шарқӣ хиёнат кард ва ин минтақаро ба доираи нуфузи Русия дод.

Обама иқтидори ҳарбии Амрикоро заиф мекунад. Вай арсенали ҳастаии моро коҳиш дод. Кӯшиши ӯ барои бунёди давлати миллӣ ба ҷои афғонҳо ин Ветнами нав аст. Фармони "ба пеш" ба низомиҳо бидуни стратегияи саҳеҳи ғалаба ИМА-ро гирифтори ҷанги беохир бо партизанҳо мекунад, ки боиси талафи беҳудаи захираи гаронбаҳо - хуни шаҳрвандону маблағ мешавад. Обама мехоҳад, ки гомосексуалистҳои ҳукумат ва нерӯҳои мусаллаҳи мо тамоюли шаҳвонии худро пинҳон надоранд, ки ин рӯҳияи ҷангиро нобуд мекунад ва интизомро суст менамояд. Ин бадтарин коре буд, ки вай фикр карда баровардааст, ҳамзамон бо идома додани ду ҷанг.

Табаиат холигиро тоқат надорад. Ғуруби Ғарбро рушди динамикии кишварҳои сармоядори Шарқ соя меафканад. Сарват ба Осиё ҷорӣ мешавад ва аз паси он қувва ҳам ба ҳамон тараф ҷорӣ хоҳад шуд. Рақиби асосии ИМА - Чин артиши худро бо суръати бесобиқа мустаҳкам менамояд. Пекин нерӯи худро намоиш медиҳад ва баробари ин қисми калони қарзи миллии моро харидорӣ мекунад. Сад сол пеш Амрико дар муқоиса бо империяи Бритониё ҳамон тавре буд, ки имрӯз Чин дар муқоиса бо мо мебошад: лидери азими минтақавӣ, ки қотеона барои ҳукмронии ҷаҳон ҳаракат мекунад.

Сиёсати Обама боиси он гардид, ки ИМА салтанату нуфузи эътиборро аз даст дод. Вай моро аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбӣ заиф кард. Обамаро раисҷумҳур интихоб намуда, Амрико кӯшише кард барои худкушӣ.

Ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi