20:43:47 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САФАРИ ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ПОКИСТОН БА КОБУЛ

Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири хориҷаи Покистон, дар сафаре кӯтоҳ ба Афғонистон Кобулро муҳимтарин пойтахти дунё барои Покистон тавсиф кард ва гуфт, Исломобод хоҳони равобити амиқ ва дарозмуддат бо Кобул аст.

Hina RabbaniВазири хориҷаи Покистон ҳамчунин ҳимояти кишварашро аз фароянди сулҳ ба раҳбарӣ ва мудирияти афғонҳо эълом кард ва гуфт, ҳар замоне ки Афғонистон бихоҳад, фаъъолияти кумисиюни муштараки сулҳ миёни ду кишвар азсар гирифта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи нозирони масоили минтақа, сиёсати Покистон дар қиболи Афғонистон дар тайи 10 соли гузашта ҳамвора мавриди интиқоди маҷомеъи дохилӣ ва байналмилалӣ буда ва аз бозии дугонаи Исломобод дар қиболи Кобул интиқод шудааст. Дар ҳамин робита ва ҳамзаомн бо сафари хонуми Раббонӣ ба Кобул гузорише мунташир шуд, ки ҳокӣ аз ҳимояти нерӯҳои амниятии Покистон аз Толибон аст.

Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ - НОТУ - дар гузорише табақабандишуда, ки Би-би-сӣ ба муҳтавои он даст ёфта, гуфтааст, ки шӯришиёни Толибон дар Афғонистон аз кумаки мустақими созмонҳои амниятӣ ва иттилоъотии Покистон бархӯр мешаванд ва ҳимоят аз шӯришиён дар Афғонистон низ рӯ ба афзоиш будааст.

Ин гузориш бар асоси натиҷаи бозҷӯйӣ аз чанд ҳазор шӯришии боздоштӣ таҳия шуда ва муддаъӣ аст, ки Толибон ҳамчунон бо эътимод ба нафси комил ба муқобила бо нерӯҳои НОТУ ва давлати Афғонистон идома медиҳад ва "ҳимояти густурда" дар миёни мардуми ин кишвар бархӯрдор аст. Ташкилоти умдаи иттилоъотӣ ва амниятии Покистон ба ҳимояти мустақим аз Толибон муттаҳам шудаанд

Таҳиякунандагони гузориши маҳрамонаи НОТУ гуфтаанд, ки манобеъи давлатии Покистон аз маҳалли истиқрори раҳбарони аршади Толибон ба хубӣ огоҳанд. Ба гуфтаи таҳлилгарони Би-би-сӣ, барои нерӯҳои байналмиалии дигар дар муқобила бо шӯришиёни Толибон ва давлати Афғонистон мутолеъаи чунин гузорише нохушоянд ва нигаронкунанда аст. Аммо вазири хориҷаи Покистон дар дидораш аз Афғонистон гуфтааст, ки ёфтаҳои ин гузориш чизе хоссе нест ва онро радд кард.

Ӯ гуфт: "(Ин гузориш) шароби куҳна, ҳатто дар бутрии (зарфи шишаии гулӯдор, ки дар он нӯшиданӣ бошад) куҳнатар аст. Фикр намекуам, ин иддаъо солҳо пеш матраҳ шуда буд ва ҳамаи мо далоили онро медонем. Аммо муҳимтар ин аст, ки бештар рӯйи музокироте, ки бо Толибон дар пойтахти кишварҳои муҳимме сурат мегирад, тамаркуз кард."

Ҳомид Карзай, раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, низ дар ин дидор таъкид кард, ки Покистон метавонад дар фароянди сулҳи Афғонистон нақши муассире дошта бошад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi