15:05:43 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

"ИСРОИЛ ТАСМИМИ ҲАМЛА БА ЭРОНРО НАГИРИФТААСТ"

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, фикр намекунад, ки Исроил дар бораи ҳамла ба Эрон тасмим гирифта бошад. Барак Обама зимни суханони худ аз телевизиони NBC-и Амрико изҳор дошт, ки кишвараш бо муттаҳиди худ Исроил ҳамкории наздик дорад, то ин бӯҳронро ҳал намояд.

Обама и АхмаденежадРаисиҷумҳури Амрико таъкид кард, ки ҳамчунон роҳҳои дипломатии рафъи бӯҳрони ҳастаии Эрон дар мадди аввал қарор дорад. Иёлоти Муттаҳида ҳарчанд таъкиди худро барои ҳалли масъалаи атомии Эрон аз роҳи дипломатӣ эълон кардааст, аммо иқдоми низомиро аз гузинаҳои мавҷуд мешуморад.

Рӯзи 5-уми феврал Эрон гуфт, ҳар кишваре, ки ба Эрон ҳамла мебарад, ба он бо ҳамла ҷавоб хоҳад дод. Хабаргузории нимарасмии "Форс" аз қавли генерал Ҳусейн Саломӣ, муовини фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоб, навиштааст, ҳар нуқтае, ки аз он ҷо ҳамла ба Эрон оғоз мешавад, мавриди ҳамлаи ҷавобӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Туркия ҳамлаи низомӣ ба Эронро барои минтақа фоҷиабор хондааст. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури ​​хориҷии Туркия зимни ҳушдор аз иқдоми низомӣ алайҳи Эрон таъкид кардааст, ки агар иродаи дипломатӣ вуҷуд дошта бошад, ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон аз роҳи гуфтугӯ вуҷуд дорад.

Вазири хориҷии Туркия,  дар нишасти Мюнхен ширкат кард, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт: "Агар иродаи қавӣ ва эътимоди дутарафа вуҷуд дошта бошад, масъалаи ҳастаии Эронро мешавад дар чанд рӯз ҳал кард."

Аҳмад Довудоғлу дар Мюнхен гуфт: “Ҳар гуна иқдоми низомӣ алайҳи Эрон фоҷиабор хоҳад буд. Мо умедворем, ки тарафҳо ба зудӣ бо якдигар дидор кунанд ва дар поён як натиҷаи комил ба даст ояд."

Туркия аз тарафҳои фаъол дар гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон аст ва даври қаблии гуфтугӯҳои атомӣ ҳам бо мизбонии ин кишвар баргузор шуд. Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон ҳам алоқамандии кишварашро, ки Туркия бори дигар мизбони гуфтугӯҳои атомӣ бошад, иброз дошта буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi