19:14:44 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИНТИХОБОТИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН БАРГУЗОРШУДА ЭЪЛОМ ШУД

Кумисюни марказии интихоботи Туркманистон эълом кардааст, ки то соъати дуи баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе ба вақти маҳаллӣ беш аз 68 дарсади раъйдиҳандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ширкат кардаанд ва бадин тартиб интихоботро метавон баргузоршуда донист.

turkmenistanТибқи қавонини Туркманистон дар сурати ширкати 50 дарсади афроди шароити раъй дар интихобот он машруъ хонда мешавад. Бисёре аз нозирон муътақид ҳастанд, ки ин интихобот идомаи ҳукумати Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури бар сари қудратро таъйид мениҳад. Дар ин интихобот ҳашт номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Туркманистон ширкат кардаанд, ки ҳама масъулини ниҳодҳои давлатӣ будаанд.

Аз миёни номзадҳо фақат оқои Бердимуҳаммадов, раёсати танҳо ҳизби фаъол дар ин кишварро илова бар мақоми раёсати ҷумҳурӣ, нахуствазирӣ ва фармондеҳи нерӯҳи мусаллаҳи ин кишвар дар ихтиёр дорад.

Бисёре аз коршиносон таъкид кардаанд, ки ҳузури чанд номзад дар ин интихобот нишонаи рақобати воқеъӣ ва вуҷуди озодиҳои сиёсӣ нест, балки навъе талош барои ироаи зоҳири демукротик аст, то кишварҳои ғарбӣ қаноъатманд сохта шаванд. Ин кишварҳо ба захоири гози Турмкнистон алоқа доранд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд ҳамаи номзадҳои интихоботӣ дар суханрониҳои худ аз оқои Бердимуҳаммадов ситоиш кардаанд. Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо нозирони худро ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркманистон нафиристодааст ва гуфтааст дар ин кишвар ислоҳоти кофӣ барои демукротиза анҷом нашудааст. Туркманистон аз ҷумлаи кишварҳои хеле баста шинохта шудааст.

Президент Бердимуҳаммадов тайи панҷ соли ахир қудратро дар Туркманистон, ки гуфта мешавад чаҳорумин кишвар аз лиҳози захоири гоз дар ҷаҳон аст, дар қабза гирифтааст. Райҳон Деметри, хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд тасовири оқои Бердимуҳаммадов дар ҳама ҷо аз ҳавопаймоҳо гирифта то долони ҳутелҳо ва растуронҳо дида мешавад.

Аммо телевизиюни давлатии Туркманистон гуфтааст интихоботи рӯзи якшанбеи 12 январ "нишонаи возеҳи баргаштнопазирии раванди демукротик аст." Туркманистон бо Чин қарордодҳоеро бо сармояи чандин миллиёрд дулор имзо кардааст ва алоқаманди судури гози худ ба Урупо низ ҳаст.

Иттиҳодияи Урупо низ мехоҳад барои танаввуъи масирҳои интиқоли гоз ба Урупо мехоҳад аз Туркманистон гоз бихарад. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз Иттиҳодияи Урупо интиқод кардаанд, ки мехоҳад бо яке аз саркӯбгартарин режимҳои ҷаҳон ҳамкорӣ кунад.

Созмони Афви Байналмилал ду рӯз пеш аз баргузории интихоботи Туркманистон гуфт аз вуҷуди шиканҷа ва бадрафторӣ дар зиндонҳои Туркманистон, ҳамчунин аз маҳдудиятҳои шадид барои озодии баён, фаъолиятҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ дар ин кишвар нигарон аст.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз дар гузориши худ дар бораи вазъи озодии баён дар 179 кишвари ҷаҳон гуфтааст танҳо Куреи Шимолӣ ва Эритре дар феҳристи шохиси озодии баён поёнтар аз Туркманистон қарор гирифтаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi