16:52:33 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИФТОР БО БАРАК ОБАМА ДАР КОХИ САФЕД

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, шоми дувуми сентябр ба шарафи моҳи рамазон дар Кохи Сафед зиёфати ифтор созмон дод. Вай ба ин зиёфат ду узви мусулмони Конгресси Амрико, Кейтс Эллисон ва Андре Карсон, сафирони кишварҳои мусулмон, имомони бархе аз масҷидҳо ва баргузидагони ҷомеаҳои мусулмони Амрико, исломшиносон ва чанде аз аъзои ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаро даъват кард.

Обама ҳангоми хушомадеди меҳмононаш дар Кохи Сафед рамазонро ба онҳо табрик гуфт ва изофа кард, ки рамазон барои зиёда аз як миллиард мусулмони ҷаҳон моҳи ибодат ва мағфират аст. Дар ҳоле ки якҷо бо меҳмонон дар лаҳзаи ифтор вай рӯзакушоён кард, гуфт, саҳми мусулмонон дар Иёлоти Муттаҳида як феҳрасти дарозе хоҳад шуд, зеро онҳо бофтаи қавие дар матоъи ҷомеаи ин кишвар мебошад.

Вай афзуд: "Имшаб, мо аз як дини бузург ва садоқати он ба адлу пешрафт таҷлил мекунем. Мо саҳми мусулмонони Амрико ва беҳтарин намунаҳои зиндагии бисёре аз онҳоро гиромӣ медорем. Ва аз нав худро вақфи бунёди ҷаҳони беҳтар ва умедбахштар мекунем."

Обама аз ҳаёти донишҷӯ Билқис Абдулқодир ҳикоят кард, ки низ аз меҳмонони ифтор буд ва ҳанӯз дар давраи мактабхонияш дар аёлати Массачусетс баландтарин ҷоизаҳои таҳсил ва варзишро ба даст овардааст. "Ҳамчун беҳтарин донишомӯз ва варзишгари чирадаст, Билқис на танҳо илҳомбахши духтарони мусулмон, балки илҳомбахши ҳамаи мост," - гуфт Обама ва инчунин аз саҳми муштзан, Муҳаммад Алӣ ёд кард, ки ҳарчанд дар ин зиёфат ҳузур надошт, президенти Амрико, ба нақл аз ӯ чӣ будани исломро шарҳ дод.

"Чанд сол пеш, -- гуфт Обама, -- Муҳаммад Алӣ назари худро баён кард ва ҳамин андарзаш нишон медиҳад, ки чӣ қадар ӯ инсони бузург аст. Варзишгари ҷаҳоншумул гуфтааст, "Дарё, рӯд, наҳр, кӯл -- ҳамаи ин номҳои гуногун доранд, вале ҳамаашон аз об иборатанд. Динҳо ҳам ҳамин гуна ба номҳои мухталифанд, аммо ҳамаашон як чиз доранд, ки ин ҳақиқат аст."

Президент Обама гуфт, ислом бахше аз Амрикост ва ҳаргиз Амрико бо ислом дар ҳоли ҷанг набудаву нахоҳад буд. Вай афзуд, бояд дар амал нишон дод, ки мо хостори навсозии муносибатҳои Иёлоти Муттаҳида бо ҷаҳони исломем.

Обама гуфт: "Мо масъулияти умумӣ дорем, ки дар заминаи манфиат ва эҳтироми муштарак ҳамкориро густариш диҳем. Ва ин як таваққӯи бунёдии ман ҳамчун президент дар дохил ва хориҷи кишвар аст. Ин меҳвари оғози навест, ки ман мехоҳам дар байни Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳони ислом зуҳур кунад. Ва ин интизориест, ки мо метавонем дар ин моҳи муборак онро тақвият диҳем."

Барак Обама дар муборакбодии видеоии оғози рамазон низ ба ҳамин талошҳои худ ва ба паёми таърихияш, ки 4-уми июн аз Қоҳира пахш шуда буд, ишора кард. Ин бор ҳам вай пуштибонии бечунучарои худро аз сулҳи Ховари Миёна бо таъсиси давлати Фаластин дар паҳлуи Исроил ва хотимаи масъулиятшиносонаи ҷанги Ироқ изҳор дошт.

Дар ифтор намояндаи Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид Майкл Орен, раиси намояндагии Созмони озодибахши Фаластин, Мӯъин Ареқот, сафирони Ироқу Афғонистон ширкат доштанд. Аз кишварҳои мусулмоннишини шӯравии собиқ танҳо сафири Қазоқистон, Елран Идрисов ба зиёфат даъват шуда буд.

Салими Аюбзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi