19:31:36 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИСРОИЛ: ЭРОН ДАР ИНФИҶОРҲОИ БАНКОК ДАСТ ДОШТ

Соъоте баъд аз вуқуъи се инфиҷор дар Банкок, пойтахти Тойланд, вазири дифоъи Исроил давлати Эронро муттаҳам ба даст доштан дар ин инфиҷорҳо кард. Рӯзи сешанбеи 14 феврал пулиси Тойланд эълом кард фарде, ки ба занни онҳо эронӣ аст, дар пайи инфиҷори норинҷаке, ки қасд дошт ба суи пулис партоб кунад, ба шиддат маҷруҳ шуд ва ду пойи худро аз даст дод.

thailand_bangkokБа гуфтаи як сухангӯи пулиси Тойланд ин мард яке аз панҷ нафаре аст, ки дар ҷараёни се инфиҷор дар як минтақаи пуррафту омади тиҷорӣ дар Банкок захмӣ шудаанд. Эҳуд Борок, вазири дифоъи Исроил гуфт, ки ин инфиҷорҳо "бори дигар собит кард, ки Эрон ва гурӯҳҳои вобаста ба он ҳамчунон даст ба иқдомоти терурристӣ мезананд."

Инфиҷорҳои Банкок як рӯз баъд аз ҳамла ба диплумотҳои исроилӣ дар Ҳинд ва Гурҷистон сурат гирифт. Нахуствазири Исроил Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба даст доштан дар ин ҳамалот муттаҳам карда буд.

"Корти шиносоии эронӣ"

Бано бар гузоришҳо аз Банкок инфиҷори аввал дар хонае, ки се эронӣ онро иҷора карда буданд, рух додааст. Ба гуфтаи пулис баъд аз ин инфиҷор ду мард аз ин хона фарор карда ва бумби дигареро ба суи як токсӣ, ки ҳозир ба таваққуф барои онҳо нашуда, партоб кардаанд. Бумби савум замоне мунфаҷир шуд, ки марди савум талош карда онро ба суи пулис партоб кунад, аммо муваффақ ба анҷоми ин кор нашуда ва инфиҷори бумб худи ӯро ба шиддат захмӣ кардааст.

Муъовини фармондеҳи пулиси Банкок ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки як корти шиносоии эронӣ ҳамроҳи фарди бумбгузор будааст. Ин хабаргузорӣ ҳамчунин гузориш додааст, ки пулиси Банкок як василаи инфиҷории дигарро, ки дар хонаи таҳти иҷораи се эронӣ ёфта хунсо кардааст.

"Хатар барои суботи минтақа ва ҷаҳон"

Оқои Барак, ки ба ҳангоми сафар ба Сингопур нисбат ба ҳаводиси Банкок вокуниш нишон дод, рӯзи якшанбе бано бар эъломи вазорати дифоъи Исроил дар Банкок будааст. Вазири дифоъи Исроил гуфта Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон боъиси "ба хатар уфтодани суботи минтақа ва ҷаҳон" шудаанд.

Чанде пеш сафорати Амрико дар Банкок нисбат ба эҳтимоли вуқуъи ҳамлаи терруристӣ дар ин шаҳр ҳушдор дода буд. Баъд аз ин ҳушдор пулиси Тойланд як марди лубнониро дар пайи ёфтани маводи шимиёии мавриди истифода дар сохти бумб дастгир кард.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi