03:06:44 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҲРИМИ ВАЗОРАТИ АМНИЯТИ ЭРОН АЗ СӮИ АМРИКО

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи вазорати иттилоот ва амнияти Эрон таҳримҳо ҷорӣ намуд. Вашингтон ин ниҳоди ҳукумати Эронро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳ, нақзи ҳуқуқи башар ва ҷонибдорӣ аз саркӯбсозии эътирозҳои мардуми Сурия айбдор мекунад.

barak obamaБар пояи таҳримҳо, аз ин ба баъд ҳама гуна робитаи шаҳрвандони Амрико бо вазорати иттилоот ва амнияти Эрон мамнӯъ ва суратҳисобҳояш баста мешаванд. Кормандони вазорат дигар иҷозаи вуруд ба қаламрави Иёлоти Муттаҳидаро нахоҳанд дошт.

Дэвид Коэн, муовини вазири молия дар умури мубориза бо терроризм изҳор намуд, ки вазорати иттилоот ва амнияти Эрон аз шабакаи Ал-Қоида, гурӯҳи Ал-Қоида дар Ироқ, Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос пуштибонӣ мекунад ва маблағгузории терроризм ба сиёсати давлатии Эрон табдил шудааст. Дар изҳороти ӯ ба он нукта ҳам ишора шуд, ки ин вазорат мусаллаҳони Ал-Қоидаро бо асноди зарурӣ, аз ҷумла, шиноснома ва худи ин шабакаро бо пулу силоҳ таъмин мекунад.

Коэн афзуд, ки вазорат тарзи бархӯрди ғайрибашарии худро болои ҳампаймонаш Сурия ҳам таҳмил мекунад ва пуштибони саркӯбсозии ваҳшиёнаи мухолифин аз сӯи ҳукумати Димишқ аст, ки бар асари он то ҳол беш аз 6 ҳазор суриягиҳо ҷон бохтаанд.

Вазорати молияи ИМА дар мавриди таҳримҳои нави алайҳи Теҳрон дар ҳоле тасмим гирифт, ки Кохи Сафед ва Конгресс бори дигар ба таҳдиди барномаи ҳастаии Эрон ва талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аз сӯи ин кишвар таъкид карданд. Гурӯҳи сенаторҳои аз ҳарду ҳизб – ҷумҳурихоҳон ва демократӣ аз Барак Обама хостанд, ки ба Эрон барои соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудан имкон надиҳад.

Аз ин пеш раиси Идораи миллии кашфи Амрико Ҷеймс Клеппер ба кумитаи Сенат оид ба нерӯҳои мусаллаҳ гуфт, ки Эрон метавонад тайи як-ду соли наздик соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол раҳбари раёсати кашфи вазорати дифои Амрико генерал-лейтенант Роналд Берҷесс мутмаин аст, ки Эрон талоши бо Амрикову ҳампаймонҳояш вориди ҷанг шуданро надорад. Ба гуфтаи ӯ, “агар Эрон мавриди ҳамла қарор бигирад, метавонад гулӯгоҳи Ҳурмуздро ҳадди аққал муваққатан бандад ва сӯи нерӯҳои ИМА ва ҳампаймонҳояш дар минтақа мушак андозад.”

Генерали амрикоӣ афзуд, ки “Эрон метавонад барои ҳамлаҳои террористӣ дар ҳама олам низ иқдом кунад, вале имкони ба ин иқдом даст заданаш ночиз аст. Аз нигоҳи мо, гумон аст, ки Эрон барқасдона низоъро доман бизанад.”

Аз ин пеш хабаргузориҳо навишта буданд, ки Исроил мехоҳад муассисаҳои ҳастаии Эронро мавриди ҳамла қарор диҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi