23:32:10 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БЕРДИМУҲАММАДОВ ДУБОРА БА УНВОНИ РАИСҶУМҲУР САВГАНД ЁД КАРД

Раиси ҷумҳурии Туркманистон дар маросими таҳлиф ё адои савганди худ ваъдаи таъмини риъояти ҳуқуқи башар ва озодиҳо дар ин кишварро додааст.

berdimuhammedovМаросими таҳлифи Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки якшанбеи гузашта барои бори дувум дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Туркманистон пирӯз шуд, рӯзи ҷумъаи 17 феврал аз телевизиюни давлатии "Олтин аср" (Қарни тилоӣ) ба таври мустақим пахш шуд.

Дар ин маросим дар шаҳри Ишқобод, пойтахти кишвари нафтхези Туркманистон, беш аз се ҳазор нафар, ки бештарашон ришсафедон ва афроди одӣ буданд, ширкат доштанд. Оқои Бердимуҳаммадов зимни ёд кардани савганд гуфт: "Ман ба ҳайси раиси ҷумҳурии Туркманистони бетараф фаъъолияти худро дар чорчӯби Қонуни асосӣ ва қавонини Туркманистон пеш мебарам. Ҳуқуқи башар ва озодиҳоро эҳтиром ва ҳимоят мекунам."

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 12 феврал оқои Бердимуҳаммадов ҳафт рақиб дошт, аммо ҳамаи руқабои ӯ эълом доштанд, ки аз "сиёсати Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пуштибонӣ" мекунанд. Дар ин интихобот оқои Бердимуҳаммадов 97,14 дарсади орои умумиро ба даст овард.

Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо аз раванди кунди ислоҳоти демукротик дар Туркманистон интиқод карда ва аз фиристодани нозирони худ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар худдорӣ кардааст.

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадови 54-сола пас аз фавти нобаҳангоми Сафармурод Ниёзов дар моҳи декабри соли 2006 ба қудрат расид ва аз рӯзҳои аввал барои маҳви кеши шахсияти Ниёзов гомҳое бардошта буд.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, дар солҳои ахир дар Туркманистон кеши шахсияти худи Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, дандонпизишки собиқ ва раиси ҷумҳури кунунӣ, густариш ёфтааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi