19:09:34 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАРАК ОБАМА АЗ ҲОМИД КАРЗАЙ ВА МАРДУМИ АФҒОНИСТОН УЗРХОҲӢ КАРД

Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, бо ирсоли як номаи расмӣ, аз Ҳомид Карзай ва мардуми Афғонистон ба далели сӯзонда шудани Қуръон ва мутуни муқаддас дар пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои Амрикоӣ дар Багром узрхоҳӣ карда ва таъкид кардааст, ки ин иттифоқ амдӣ набудааст.

obamaБар асоси эъломияе, ки аз сӯйи дафтари Ҳомид Карзай мунташир шудааст, номаи оқои Обамаро Роён Крокер, сафири Амрико дар Кобул, шахсан ба Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, додааст. Мақомҳои афғон мегӯянд, Барак Обама дар ин номааш навиштааст, ки ин ҳодиса ғайриъамдӣ буда ва ба оқои Карзай итминон додааст, ки дар ин замина таҳқиқ хозад шуд.

Дар эъломияе, ки аз сӯйи дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон ба расонаҳо фиристода шудааст, ин ҷумла аз номаи оқои Обама мустақиман нақл шудааст: "Ман маротиби таассуфи амиқи худро ба хотири вуқӯъи ин ҳодиса иброз мекунам ва аз шумо ва мардуми Афғонистон амиқан пӯзиш мехоҳам."

Се рӯз пеш касоне, ки авроқи ғайризаруриро аз пойгоҳи Багром ба берун аз ин пойгоҳ мунтақид карданд, мутаваҷҷеҳи нусхаҳое аз мутуни муқаддас ва Қуръони сӯхта дар миёни ин авроқ шуданд. Интишори ин хабар сабаб шуд, то садҳо нафар дар атрофи пойгоҳи Багром тазоҳурот кунанд.

Муътаризони хашмгин як посгоҳи марбут ба нерӯҳои амниятии афғонро, ки дар наздикии пойгоҳи Багром буд, ба оташ кашиданд. Рӯзи баъд доманаи тазоҳурот ба вилоёти (устонҳои) дигари Афғонистон расид ва дар мавориде ба хушунат кашида шуд.

Пеш аз оқои Обама вазири дифоъи Амрико низ узрхоҳӣ карда буд ва қавл дода буд, ки дар ин маврид таҳқиқ кунад. Рӯзи севвуми тазоҳурот дар вилояти шарқии Нангарҳор ва шуморе дигар аз манотиқ идома ёфт. Мақомҳои афғон мегӯянд, дар вилояти Нангаҳор муътаризон ба як пойгоҳи низомӣ ҳамала карданд ва нерӯҳои амниятӣ маҷбур ба тирандозӣ шуданд.

Ҳашт нафар, аз ҷумла ду тан аз нерӯҳои хориҷии таҳти фармони НАТО дар севвумин рӯзи тазоҳуроти хушунатомез кушта шуданд. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, беҳурматӣ ба Қуръонро маҳкум карда ва аз мардум хост, оромиши худро ҳифз кунанд. Аммо ин изҳороти оқои Карзай ва ҳамчунин узрхоҳии мақомҳои аршади НАТО ҳанӯз натавонистааст хашми муътаризонро фурӯ нишонад. Пеш аз оқои Обама вазири дифоъи Амрико низ узрхоҳӣ карда буд ва қавл дода буд, ки дар ин маврид таҳқиқ кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi