03:01:01 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАБЛИҒИ ПУТИН БО ИСТИФОДА АЗ "РОЛИКҲОИ ШАҲВОНӢ"

Дар остонаи интихоботи 4 марти раёсати ҷумҳурии Русия гурӯҳҳои ҷонибдори Кремл аз шеваҳои гуногуни таблиғ ба ҷонибдорӣ аз Владимир Путин истифода мекунанд. Дар яке аз наворҳои таблиғотӣ, ки гурӯҳи ҷавонони “Наши” омода кардааст, чунин саҳнаро ба навор гирифтаанд: Духтаре дар қабулгоҳи табиб ба курсии нарм такя задааст ва рӯ ба табиб меораду аз эҳсосоти дарунии худ бо карашма лаб ба сухан мекушояд: “Медонед ҷаноби доктор, ман бисёр метарсам”.

za-putinaТабиб аз болои айнакҳое, ки рӯи биниаш овезон аст, ба қафаси синаи нимаурёни духтар нигоҳ мекунад ва гӯё бо ҳамон гармии муҳаббатомез ба духтар ҷавоб медиҳад: “Ман шуморо хеле хуб мефаҳмам. Бори аввал ҳама худро ҳамин тавр ҳис мекунанд."

Духтари гӯё шармзада худро ноҳинҷор ҳис мекунад ва ба худ печида мегӯяд: “Намедонам, вале ин дафъа бисёр метарсам, бо вуҷуди ин ки ман вайро худам интихоб кардаам”.

Табиб ба насиҳат мегузарад ва таъкид мекунад: Ҷое барои тарс вуҷуд надорад”.

Духтар мепурсад: “Шумо бовар доред?”

Табиб ҷавоб медиҳад: “Албатта, муҳим ин аст, ки шумо ба интихобкардаи худ бовар дошта бошед, барои он ки ишқ боварист”.

Сипас табиб бо ҳамон тарзи нигоҳ рӯи миз ба маҷаллаи “"Time", ки акси Путин рӯи муқоваи он оварда шудааст, ишора мекунад ва идома медиҳад: ”Ба интихобкардаи шумо мешавад бовар кард”.

Духтар аз ҷой бармехезад ва роҳ ба сӯи ҳавзаи интихоботиро пеш мегирад.

Ин яке аз наворҳо ё видеороликҳои таблиғотии Путин аст, ки бо ин шева ба бозӣ даровардаанд. Дастандаркорон мехоҳанд аз ин роҳ ҷавононеро, ки аз фазои сиёсӣ дар Русия дилсард шудаанд, ба интихобот кашонанд.

Соли гузашта гурӯҳе аз занони ҷонибдори Путин пираҳанҳои худро пора карданд ва бо дилгармӣ таҷҳизоти ширкати Apple-ро аз қуттиҳо берун меоварданд. Ҳамин гуна бори дигар ва дар навори дигар духтарон як ҷо ҷамъ омаданд ва барои Путин торти шоколадӣ дуруст карданд. Чунин саҳнаҳои сохтаи таблиғотиро бинандагон бори аввал мушоҳида накардаанд.

Дар навори дигар, ки духтари нимаурён таронаеро бо номи “Духтарони Путин” иҷро мекунад, аз қаҳр бо зарби чӯбдаст кадуеро пора мекунад ва бо ишора ба Путин овоз мехонад: “Всё равно ты будешь мой...,  ты управляешь страной”.

Духтар дар ин тарона шаробро сар мекашад ва мехоҳад Конӣ-саги Путин шавад ва ҳамеша бо Путин рӯи мизи вай нишинад ё дар балкони вай бошад. Барои ҳамин вай чеҳраи худро рангмолӣ мекунад, то худро ба сурати саг дарорад. Истакони холишудаи шаробро ба сӯи акси Путин ҳаво медиҳад ва таъкид мекунад: “Всё равно ты будешь мой”, яъне “дар ҳар ҳолат ту аз ман мешавӣ”.

Бо ба намоиш даровардани чунин видеороликҳо дастандаркорони маъракаи интихоботии Путин умед доранд, ки интихобкунандагонро ба Путин моил месозанд. Аз чунин наворҳо бармеояд, ки онҳо ҷавононро ҳадаф қарор додаанд, ҷавонони кордони шаҳрнишинро.

Замоне дар айни авҷи даромадҳои ҳангуфти нафт дар Русия, гурӯҳе аз ҷавонон маҳаки ҷонибдорони Путинро ташкил карда буданд ва мехостанд истеъдодҳои ҷавонро ба гурӯҳи худ оранд. Вале ин ҷавонон ҳамроҳ бо табақаи миёнаҳоли Русия мехоҳанд ҳуқуқи бештари сиёсӣ дошта бошанд, барои ҳамин ҳоло ҳамин гуна ҷавонон пояи аслии мухолифони сиёсии Путинро ташкил медиҳанд. Мардум дар Русия  ва дар саросари ҷаҳон диданд, ки ҳамин ҷавонон дар моҳҳои гузашта чанд бор ба нишонаи эътироз аз вазъи мавҷудаи сиёсӣ дар кишварашон ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд.

Ҳоло насли ҷавони Русия ба табақаи бетафовути ҷомеа табдил ёфтааст. Дар интихоботи парлумонии Русия дар соли 2012 маълум шуд, ки аз 5 як ҳиссаи ҷавонони аз 18 то 24 сола дар интихобот рай додаанд. Дар маҷмӯъ дар ин интихобот 64 дарсади аҳолӣ ширкат карда буд.

Бо назардошти чунин вазъ, аз наворҳои таблиғотии нимаурёну дорои “ғаразҳои ниҳони фаҳшомез” комилан рӯшан аст, ки ҳадаф танҳо рай додан ба ҷонибдорӣ аз ҳизби “Русияи Воҳид” нест, балки ин ҳам ҳаст, ки бо ин наворҳо мардумро ба раъйдиҳӣ моил созанд ва шумораи зарурии аҳолии қобили раъй дар интихобот ширкат кунад.

Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi