16:25:11 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПУТИН ГУФТ, ҒАРБ ДАР ПАЙИ ТАҒЙИРИ РЕЖИМ ДАР ЭРОН АСТ

Путин эълом дошт, ки кишварҳои ғарбӣ бо баҳони барномаи ҳастаӣ тағйири режим дар Эронро дунбол мекунанд. Владимир Путин, нахуствазир ва яке аз номздаҳои аслӣ ба мақоми раисиҷумҳури Русия гуфт, Ғарб зери пӯшиши талош барои ҷилавгирӣ аз густариши барномаи ҳастаӣ тағйири режим дар Эронро дунбол мекунад.

putin

Путин ҳамчунин гуфтааст, мавқеи Русия комилан мутафовит бо он чизе аст, ки дигарон талош мекунанд ба Маскав ба унвони роҳи ҳали аслии мушкили мавҷуд бо Эрон нишон диҳанд.  Ин дар ҳолест, ки Кохи Сафед гуфт, гузориши тозаи Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ нишон медиҳад, ки Эрон бар хилофи қатъномаҳои Шӯрои амният ғанисозии ураниюмро тавсеа медиҳад. Иттиҳодияи Аврупо низ гуфтааст, ин гузориш нигарониҳо дар бораи моҳияти барномаи ҳастаии Эронро бештар кардааст.

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ дар баёнияе гуфтааст, агар сангандозиҳои Эрон бар сари роҳи бозрасони Оҷонси байнулмилалии энержии атомиро дар канори ин мавзӯъ қарор диҳем, дар хоҳем ёфт: чаро иқдомоти Эрон натавонистааст ҷомеаи ҷаҳониро мутақоид кунад, ки барномаи ҳастаиаш сулҳомез мебошад.

Кохи Сафед бар ин назар аст, ки гузориши ахири Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ тасдиқ мекунад, Эрон бо нақзи қатъномаҳои Шӯрои амният ва барои аҳдофи ғайрисулҳомез барномаи ҳастаии худро тавсеа медиҳад.

​​Мудири кулли Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ рӯзи ҷумъа (24-уми феврал) дар гузориши тозаи худ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон таъкид карадаст, ки бо вуҷуди анҷоми музокирот бо мақомҳои эронӣ, шубҳаҳо дар мавриди низомӣ будани барномаи ҳастаии Эрон ҳамчунон боқист.

Кетрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ рӯзи ҷумъа эълом кард, ки гузориши нави Оҷонси байнулмилалии атомӣ нигарониҳо дар хусуси моҳияти барномаи ҳастаии Эронро бештар кардааст. Кетрин Аштон, ки дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон намояндагии кишварҳои Амрико, Русия, Бритониё, Чин ва Фаронса ба ҳамроҳии Олмон, яъне гурӯҳи 5+1-ро бар ӯҳда дорад, аз ҷумҳурии исломӣ хостааст, то бо Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ ҳамкорӣ кунад.

Сухангӯи Кетрин Аштон дар баёнияе гуфтааст, "ёфтаҳои гузориши тозаи Оҷонс сабаби нигаронии бештар дар хусуси сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон шудааст." Дар идомаи ин баёния мехонем: "Эрон мебоист ба ҳама нигарониҳои матраҳ посух бидиҳад, то битавонад дар хусуси моҳияти барномаи ҳастаии худ бовари дигаронро ба даст биоварад.”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi